- Без рубрики

ҶСК «НУРИҲОИ ОСИЁ»-и ТОҶИК БАРҲАМ МЕХУРАД

Тақдири 240-нафар коргар норӯшан мемонад?

Баъзе аз талошҳои Президенти кишвар маҳбуби мардуми оддӣ Эмомалӣ Раҳмон баҳри зиёд намудани ҷойҳои корӣ дар даруни кишвар аз бесалоҳиятии баъзе аз давлатмардон, тақрибан амалӣ намегарданд.

   Гап сари он меравад, ки бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2019 тарҳти № 434 «дар бораи қатъ кардани амали Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Хэнан Чжун-Я гурӯҳи Холдингӣ»-и ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба таҷдид ва  ба истифода додани корхонаи истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон» фаолияти ҶСК «Нуриҳои Осиё» қатъ гардид. Ба иттилои расида, Қарори мазбур бо иллати напардохтани маблағ аз ҷониби Сармоягузор, ҶДММ «Хэнан Чжун-Я гурӯҳи Холдингӣ»-и чиноӣ ва ҳам иҷро накардани шартҳои шартномаи тарафайн ба тасвиб расидааст. Яъне, тарафи Хитой натавонистаанд аз ӯҳдаи вазифаҳои бар дӯш дошта ба пуррагӣ барояд. Ин раванд, ё ба истилоҳ бемасъулиятии тарафи муқобил ба он оварда расонид, ки корхонаи аммиакбарорӣ истеҳсоли маҳсулотро ба роҳ монда натавонист ва бегумон, зарари зиёди иқтисодӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон расонид. Дар ҳоли ҳозир зарари расонидашуда ва роҳҳои ҳали он норӯшан аст, вале ба гумони ғолиб, масъулини соҳавии тоҷикистонӣ бояд сари ин масъалаи воқеан ҳам зараровардашуда, ҷиддан андеша намуда, бо пешниҳоди факту далелҳо ин зарарро аз ҷониби муттаҳам ҷуброн намоянд (ҳарчанд ба бовар ҳам нест, ки кадом масъули дилсӯзи тоҷикистоние дар ин гуна маврид садо бароварда тавонад).

SOS:  ҳақи коргаронро мехӯранд

 Ба иттилои Файзиддин Раҳмонзода, муовини раиси ҶСК «Нуриҳои Осиё», бо барҳам хӯрдани корхонаи мазкур 240-нафар аз коргарони тоҷикистонӣ, ки дар ин ҷо кору фаолият доштаанд, ҳамагӣ бе ҷойи кор мемонанд ва тақдири эшон номаълум боқӣ мемонад. Аммо, тарси роҳбарони тоҷикистонии ҶСК бештар аз он буд, ки кормандони корхона боз ҳам маоши кориашонро гирифта наметавонанд. Дар сӯҳбат муовини раис Раҳмонзода, роҳбари иттифоқи касаба Идимад Абдуллоев ва сармуҳандиси ҶСК Тоҷиддин Гадоев гуфтанд, баъд аз барҳам хӯрдани ҶСП корхонаи муштараки «Тоҷик-Азот»  корхона аз маоши коргарон 2,5-милён сомонӣ ва аз қарзи нафақаи имтиёзнок 238-ҳазор сомонӣ қарздор буд. Бо гузашти беш аз 4-сол ҳанӯз ҳам қарзи коргарон баргардонида нашудааст. Ба гуфтаи эшон, ҳангоми омода намудани Созишномаи ҳамкорӣ бо намояндагони ширкати Холдингии «Хэнан Чжун-Я»-и Хитоӣ, Қодири Қосим, роҳбари вақти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон эълом дошта буд, ки қарзи корхона ба пуррагӣ ба зиммаи Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мегардад ва дар ин маврид дар Созишнома имзову мӯҳр ҳам гузоштаанд. Вале, тайи муддати тулонӣ, ҳарчанд ки коргарону иттифоқи касабаи ҶСК даҳҳо маротиба ба унвонии Ҳукумати Тоҷикистон, прокуратураи шаҳри Левакант (Сарбанд), прокуратураи вилояти Хатлон, прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи ҷумҳурӣ, Сарвазири ҷумҳурӣ,  ҳатто Президенти Тоҷикистон номаву дархост фиристодаанд, аммо то имрӯз касе ба додашон нарасид.

«Моҳи январи соли 2016 карзи маоши коргарон ҳамагӣ 400-ҳазор сомонӣ буд, ба ҳама идораҳои давлатӣ муроҷиат кардем, ҷавобе нагирифтем. Ба 1-уми сентябри соли 2016 қарзҳо боло рафта, ба 624754-сомонӣ расид. Боз муроҷиати зиёд кардем, вале боз ҳам касе парвои мо накард. Ҳамакнун, қарзи коргарон беш ба аз 2,5-милён сомонӣ баробар шудаасту ягон вазорату идора ва ҳатто Сарвазиру Президент ҳам ба додамон намерасад. Тарс аз он дорем, ки бо қатъ гаштани Созишномаи ҳамкорӣ бо ширкати хитойӣ, қарзҳо зиёд гаштаву ҳич нафаре ё идорае онро пардохт нахоҳад кард. Дар тааҷубем, ки чаро музди меҳнати ҳалоли моро ҳич нафаре пардохт кардан намехоҳад, мо ҳам одамем охир, зану фарзанд дорему онҳоро пӯшондану хӯрондану ба мактаб равон кардан зарур аст. Аз поён то боло мурҷиат кардаем, вале гӯши фарёдшунаве пайдо нашуд», мегӯянд роҳбарони корхона.

Хитойӣ рафт, корхонаро валангор накунед

Дар ҳамин ҳол, бино ба гуфтаи роҳбарони корхона аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи ҷумҳурӣ супориш додаанд, ки ҳамаи коргарони ҶСК «Нуриҳои Осиё»-ро баякбор аз кор ҷавоб диҳанд. Тоҷиддин Гадоев, сармуҳандиси ҶСК мегӯяд, «намедонем масъулини ин Кумита дар сар чӣ андеша доранд, аммо намешавад ки ҳамаи коргаронро аз кор ронд. Майдони корхона зиёда аз 113-ҳектор аст. Гузашта аз ин, ин ҷо даҳҳо таҷҳизоти наву кӯҳна,  асбобу лавозимоти корӣ, трансформаторҳои баландшиддат, бинову утоқҳову сехҳои корӣ ва дигар, ки наметавон онҳоро бесоҳибу беназорат гузоштаву партофта рафтан. Ҳарчанд солҳои зиёд маошамонро пардохт накардаанду мо ҳам алам дорем, аммо  маънои онро надорад, ки нисбат ба корхона бепарво бошем. Ин корхона бароямон азиз аст ва диламон месӯзад агар мисоли дигар корхонаҳои азими кишвар вайрону валангор гардад. Шояд дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ба хулосае меоянду ин моликияти давлатро намегузоранд, ки ба яғмо равад».

        ВАТЗ-ро метавон барқарор кард

Воқеан ҳам, ҶСК «Нуриҳои Осиё», дар гузашта ҶСК «Азот», баъдан «Тоҷик-Азот» ва боз «Азот» (маъруф бо номи ВАТЗ), соли 1967 созмон дода шуда, дар солҳои аввал шумораи коргарон то ба 4-5-ҳазор нафар мерасид. Баъди истиқлолияти кишвар ягона корхонаи азими саноатӣ дар вилояти Хатлон буд, ки ба яғмо нарафт, вале то солҳои 2000-ум хеле камфаолият буд. Аз соли 2001 то соли 2005-ум дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони урус фаолияти густарда дошт. Дар ин солҳо дар корхона зиёда аз 1200-нафар кору фаолият доштаанд. Баъд аз қатъ гаштани Созишномаи ҳамкорӣ бо соҳибкорони урус  корхона ба пуррагӣ аз фаолият бозмонд ва то имрӯз истеҳсолотро ба роҳ монда натавонист. Ҳарчанд ба роҳ мондани корхона таҳти назорати бевоситаи Президенти ҷумҳурӣ қарор гирифтаву ҳанӯз 18-уми ноябри соли 2016 санги асос барои ба кор даровардани он бо усули ангиштсӯзӣ  аз ҷониби Президент гузошта шуда буд, аммо шарики нави ҳамкорӣ, гурӯҳи Холдингии «Хэнан Чжун-Я»-и ҷумҳурии халқии Хитой аз ӯҳдадории худ саркашӣ карда, натавонист онро фаол гардонад.  

Ҳолдонҳо ҳадс мезананд, ки бо воридоти газ аз ҷумҳурии Узбакистон, ВАТЗ ҳатман фаолияти хубро ба роҳ монда метавонад. Аммо Тоҷиддин Гадоев, сармуҳандиси корхона бар он аст, ки барои барқарор намудани фаолияти  корхона, агар гази табиӣ нақши муҳим дошта бошад ҳам, вале ҳамоно наметавон фаолияти хуберо ба роҳ монд. Барои омода намудани он на камтар аз 200-милён сомонӣ зарур аст. Муҳимтар аз инҳо ҳам, мутахассис бояд тайёр кард. Зеро, қисмати зиёди мутахассисони корхона аз кор рафтаанду баргардонидани онҳо номумкин аст. Барои ҳамаи ин роҳбарияти арзанда ёфтан даркор.

ВАТЗ бояд давлатӣ бошад

Гумони ғолиб бар он аст, ки ин корхонаи бузургу  воқеан ҳам   заруриро бояд худи Ҳукумати Тоҷикистон сарпараст бошад. Зеро,  истеҳсоли он танҳо нуриҳои минералӣ барои соҳаи кишоварзӣ асту таври маълум, кишвари Тоҷикистон сирф аграрӣ мебошад. Ин дар ҳолест, ки имрӯз деҳқони тоҷик ҳамин маҳсулотро аз хориҷа бо нархи баланду сифати паст харидорӣ мекунад. Гузашта аз ин, ҳамин корхона метавонад бо содироти моли истеҳсолӣ  буҷаи давлатро ғанӣ гардонад, агар давлатӣ шавад. Тибқи маълумоти пешакӣ, ВАТЗ қудрати дар 1-сол истеҳсоли 120-ҳазор тонна маҳсулотро дорад.

Ахиран, давлати Тоҷикистон барои рушду пешрафт ва бой намудани буҷаи давлат дар манотиқи кишвар Минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо ҷалби сармоядорони аҷнабӣ, бунёд кардан дорад. Саволи матраҳ ин аст, ки чаро аз сармояи худӣ ё давлатӣ аз ана ҳамин гуна корхонаҳои саноатӣ, ки милёнҳо сомонӣ фоида меорад,  истифода бурдан намехоҳем? Чӣ хеле, ки калонҳо мегӯянд, ҳам фоида ва ҳам ҷойҳои зиёди корӣ, он ҳам дар… (шояд) корхонаи давлатӣ.

                                               Аслиддин  Достиев