- Маориф

МАОРИФ РӮ БА БЕҲБУДӢ

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин самт иброз медорад, ки «…таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардондани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаи маориф мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми охир таъкид карданд, ки дар соҳаи маориф ду мушкилоти асосии ҳалталаб ба назар мерасад: норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таълимӣ. Инчунин, таъкид доштанд:

-вобаста ба масъалаи маҳорати касбии омӯзгорон фаъолияти курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон боз ҳам тақвият бахшида шавад;

-ҳамаи кормандони соҳаи маориф, аз ҷумла омӯзгорон дар тамоми қаламрави кишвар ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронида шаванд;

-ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабиро бамаротиб зиёд карда, барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам овардан зарур аст.

Маорифи Душанбе

Масъулини соҳаи маориф дар Душанбе, ки маркази маориф ва илми кишвар аст, дар ин самт корҳои зиёдеро анҷом додаанд. Дар соли 2019 шумораи умумии тарбиягирандагони муассисаҳои томактабӣ 27885 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 22734 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 1762 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ, 3389 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии назди корхонаву ташкилотҳо ва 131 нафар дар марказҳои инкишофи кӯдакон фаро гирифта шудаанд. Айни замон, дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе 1524 нафар мураббиён ва кормандони омӯзгорӣ фаъолият доранд, ки ин нишондод дар муқоиса бо соли гузашта 103 нафар зиёд мебошад.

Дар шаҳри Душанбе ба ҳолати 1 сентябри соли 2019 146 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла, 9 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 9 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 125 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 3 муассисаҳои таҳсилоти ғоибона фаъолият доранд. Аз ин теъдод 118 муассисаи таълимии давлатӣ, 28 муассисаи таълимии ғайридавлатӣ буда, бо фарогирии 197594 нафар хонанда фаъолият дорад. Айни замон, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе 8618 нафар омӯзгорон фаъолият доранд, ки ин нишондод дар муқоиса бо соли гузашта 110 нафар зиёд мебошад.

Пешгирии ҷиноятҳо

Баҳри пешгирии содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби хонандагон ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, инчунин, ба роҳ мондани робитаи зичи падару модарони хонандагон бо муассисаи таълимӣ дар нуҳмоҳаи соли 2019 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ва литсею гимназияҳо, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Сарраёсати маориф ва шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт бо падару модарон ва хонандагон бо иштироки намояндагони Сарраёсати маориф, Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ҷавонон ва ноболиғони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва кор бо оила баргузор гардиданд. Баъди андешидани тадбирҳои амалӣ ҳолати содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон дар сатҳи ноҳияҳои шаҳри Душанбе то 1 сентябри соли 2019 118 ҳолатро ташкил медиҳад, ки назар ба ҳамин давраи соли 2018 103 ҳолат ё 47 фоиз кам мебошад.

Сатҳу сифати таълим дар пойтахт

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим шурӯъ аз соли таҳсили 2018-2019 дар Муассиса тибқи нақша ташкилу баргузории ҳафтаҳои маҳфилҳо ба роҳ монда шудаанд. Дар рафти баргузории ҳафта роҳбарони маҳфилҳо, кабинети таълимӣ тӯли як ҳафта соатҳои тарбиявӣ, дарсҳои кушод, намоиши филмҳо вобаста ба маҳфил ва озмуну вохӯриҳо ташкилу баргузор менамоянд. Аттестатсияи омӯзгорони муассисаҳо Сарраёсати маориф бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2017, №281 “Дар бораи Тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи ҷадвали тасдиқшудамоҳи январи соли 2019 аттестатсияи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии шаҳри Душанберо доир намуд, ки дар маҷмӯъ 481 нафар омӯзгорону мураббиён барои дарёфти дараҷаи тахассуси олӣ ва якум аз ҷониби комиссияҳои аттестатсионии шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ба комиссияи аттестатсионии Сарраёсати маориф пешниҳод карда шуданд. Аз шумораи умумии аттестатсияшавандагон 159 (38%) нафар, дар аттестатсия муваффақ нашуданд, ки ин теъдод нисбати соли 2018 24 нафар кам мебошад. Баҳри ба роҳ мондани низоми ҷавобгӯ ба талаботи замон ва баланд бардоштани касбияти омӯзгорони муассисаҳо тадбирҳои зиёд ба роҳ монда шудааст. Шояд баъд аз ин эродҳои Президент вобаста ба мушкилоти самти маориф ва илм дар кишвар ҳалли худро ёбад.

Нуралӣ Карим