- Иҷтимоъ

80 дарсади роҳҳои ноҳияи Ҷомӣ ҳоли хароб доранд

Аз роҳҳои аҳамияти маҳаллидоштаи  ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 80 дарсади он дар ҳолати таъмирталаб қарор дошта, барои рафтуомади воситаҳои нақлиёт монеа эҷод мекунанд.  Инчунин норасоии аломати роҳ дар роҳҳои маҳаллӣ низ аз мушкилоти калидӣ ба шумор меравад. Аммо масъулин ҳамаи инро ба ҷудо нагардидани маблағ аз буҷаи маҳал рабт медиҳанд.

  Дар тавозуни  муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 227,6 км роҳ қарор дошта,  182 км роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мебошанд, ки 80 фисади ин роҳҳо ба таъмиру азнавсозӣ ниёз доранд. Аз сабаби солҳои зиёд руи таъмири асосиро надидани роҳҳои маҳаллӣ сол то сол ҳолашон ҳузнангез мешавад.

   Олим Тағоев, сармуҳандиси муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи мазкур қайд кард: “Дар зарфи моҳҳои сипаригардида дар наздики 40 киламетр роҳҳои ҷумҳуриявӣ таъмири чуқуричаҳо ва яклухт гузаронида шуд.  Аммо бо вуҷуди он, ки дар ин давра 8 км роҳи маҳаллӣ бо дастгирии соҳибкорон таъмири чуқуричаҳо карда шуд, қисми зиёдаш ҳоли хароб доранд”

       Инчунин манбаъ илова намуд, ки таъмир дар 8 километр роҳи дигар бо дастгирии мақомоти маҳаллии вилояти Хатлон ва муассисаи нигаҳдории роҳҳои  автомобилгарди минтақаи Бохтар ҷараён дорад. 

    Мақомоти маҳаллӣ маблағ ҷудо мекунад?

 Ба гуфти ӯ барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ бояд ҳукумати ноҳия маблағ ҷудо кунад. Аммо маблағҳое, ки барои таъмири роҳ аз тарафи буҷети ноҳия ҷудо мешаванд, нокифоя мебошанд. 

Олим Тағоев, сармуҳандиси ниҳоди мазкур зикр кард, ки “Ҷудо нагардидани маблағ барои таъмиру нигаҳдории роҳҳои маҳаллӣ кори моро мушкил мегардонад, зеро роҳҳои ноҳия дар даврони Шуравӣ сохта шудаанд ва имрӯз ҳоли таъмирталаб доранд”.

 Манбаъ гуфт, ки барои таъмири роҳҳои маҳал бояд ҳукумати ноҳия маблағгузориро бештар кунад. Зеро рӯз то рӯз вазъи роҳҳои маҳаллӣ бадтар шуда истодаанд. Омили вайрон гардидани роҳҳои маҳаллиро масъул ба ҳаракати мошинҳои гаронвазн рабт дод.

Дар ҳамин замина рӯзи  8 уми ноябр аз Раёсати Молияи ноҳияи мазкур хабар доданд, ки бо қарори раиси ноҳия барои таъмиру нигаҳдории роҳҳои маҳал 5 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст ва рӯзҳои наздик дастраси масъулини соҳа хоҳад шуд.

Роҳбарияти соҳа ҷудо нашудани маблағ барои роҳҳоро дар барзиёд иҷро нашудани қисми даромади буҷет унвон мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки мувофиқи қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти №639 аз соли 2009 таъмиру нигаҳдории роҳҳои маҳаллӣ ба зимаи мақомоти маҳал вогузор гардидааст.         

       Тибқи иттилои таҳлилгарони соҳа, барои таъмири асосии  1 км роҳи ҷавобгу ба стандарт беш аз як миллион сомонӣ лозим аст. Аммо ба гуфтаи масъулини соҳаи роҳдорӣ соли сипаригардида аз буҷаи ноҳияи мазкур барои таъмири роҳҳо 22 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд, ки сари ҳар як километр роҳ моҳона 9 сомонӣ  рост меояд. Хонандаи азиз, акнун худ қазоват кунед, ки бо ин маблағи ночиз чигуна метавон роҳҳои дар тавозун бударо таъмиру азнавсозӣ кард? 

Комрон, як сокини ноҳияи мазкур аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки аллакай фасли зимистон фаро расида истодааст. Боришоти борону барф зиёд мешавад, ҳаракат дар роҳҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои нақлиёт мушкил мегардад. Ҳатто кӯдакони мактабхон дар ин роҳҳо бо мушкилӣ роҳ мераванд ва ҳангоми гузаштани воситаҳои нақлиёт ва зер кардани кулмакчаҳои об либосҳои онҳо пур аз обу лой мешаванд.

    Соҳибкорон 8 км роҳ ва 2 пулро таъмир карданд

Ба иттилоъи манбаъ аз ҷониби шахсони саховатманд ва соҳибкорони маҳаллӣ роҳҳои байни деҳаҳо таъмир карда шудааст, ки боз чунин иқдом дар назар аст.

   Олим Тағоев гуфт, ки дар ин давра 8 км роҳ ва 2 пул аз ҷониби чунин ашхос таъмир карда шуда мавриди баҳрабардории сокинон қарор дода шуд.    

   Ҳамзамон қайд гардид, ки бо соҳибкорони ватандусту хайрхоҳ  ҳамкорӣ ҷараён дорад ва итминон дорем, ки роҳҳои маҳаллӣ низ аз ҷониби ин афрод сангфарш ва таъмир карда шаванд.                  

Зимистонгузаронӣ 100% аст.

     Барои бе мушкили сипарӣ намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 аз ҷониби масъулини ниҳоди мазкур ба миқдори 250 метри мукааб омехтаи қуму намак, 1500 литр сузишворӣ, 1 тонна ангишт ва ҳезум захира карда шудааст.

   Тағоев иттилоъ дод, ки аз 5 техникаи дар тавозун буда 4 ададаш дар ҳолати коршоямӣ қарор дорад ва ба ҷои як техникаи аз кормонда тариқи шартнома техника фаъолият дорад.

     Инчунин ҳамаи кормандон бо ҷойи хоб, либоси гарми зимистона ва дар фасли сармо бо 3 вақт хуроки гарм таъмин карда мешаванд, шарҳ дод ӯ. 

            350 аломати роҳ дар роҳҳои маҳаллӣ намерасад

Ба гуфти Олим Тағоев: “Дар роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта 350 аломати роҳ намерасад. Барои насби он низ маблағ зарур аст, ки ин ҳолат бартараф карда шавад. Зеро барои харидории як аломати роҳ аз 300 то 500 сомонӣ лозим аст”.

Қайд гардид, ки дар ин давра 12 аломати роҳ дар роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта насб карда шудааст ва корҳо дар ин самт идома доранд.

Масъулон мегуянд, ки баъзе аз  роҳҳои маҳаллии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тули беш аз 25 сол тамоман рӯи таъмири беҳтареро надидаанд ва ниёз ба таъмири асосӣ доранд. Ҳарчанд, ки аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар барои таъмиру нигаҳдории роҳҳо маблағ ҷудо карда мешавад, аммо ин басандагӣ намекунад. Ҳолдонон бар он назаранд, ки ҷудо гардидани маблағи кам ва ё умуман ҷудо нагардидани маблағ аз буҷети мақомоти маҳаллӣ барои таъмиру нигаҳодории роҳҳои маҳаллӣ боиси вайронтар шудани роҳҳо мегардад.  

                                                        Аҳмади Раҳим