- Маориф

Хонандагони Муъминободу Ҳамадонӣ пас аз 10 сол соҳиби дастоварди бузург шуданд

  Хонандагони ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Муъминободи минтақаи Кӯлоб пас аз 10-15 сол ба хонандагони фаъол Фурқат Давлатмуродзода аз ноҳияи Ҳамадонӣ ва ду муҳассили дигар Аниса Сатторова ва Рамзия Саъдуллоева аз Гимназияи давлатии «Боғи Ҳабиб»-и ноҳияи Муъминобод барои муаррифии соҳаи маорифи вилояти Хатлон аттестати аъло ва медалҳои тиллоро сазовор шуданд.

   Алишер Исоев, мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳамадонӣ дар сӯҳбат зикр дошт, ки «пас аз 10 сол хонандаи Литсейи №1-и ноҳия Фурқат Давлатмуродзода дар сатҳи вилоятӣ ба гирифтани аттестати аълои равиявӣ ва медали  тилло мушарраф гардид. Боиси хушнудист, ки ин дастпарвари Литсейи №1-и ноҳия ба чунин муваффақият ноил гардид ва ин дастовард барои мо маорифчиён хело дастоварди назаррас аст.»

   Манбаъ ҳамчунин дар идома афзуд, ки ин хонандаи мо ва ду хонанда аз ноҳияи Муъминобод дар як ҷамъомади бошукӯҳ дар вилояти Хатлон аз ҷониби масъулон ба муҳассилин 10 ҳазор сомонӣ ва ба директорони мактабҳояшон 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим намуданд. Дар навбати дигар дар ноҳия Фурқат Давлатмуродзода аз ҷониби раиси ноҳия бо туҳфаҳои пулию молӣ сарфароз гардонда шуданд.

Худойдоди И