- Без рубрики

ҚАРЗИ БАРҚ МИЁНИ БОХТАРРО МЕШИКАНАД?

     Қарздории муассисаву ташкилот, аҳолӣ ва дигар ниҳодҳои дар шаҳри Бохтар мустақар гардида дар назди Шабакаҳои барқи шаҳр ба 71- миллион сомонӣ расидаасӣт. Ба иддаои масъулини соҳа ин қарзҳо аз солҳои пеш то ин ҷониб омада истодаанд, ки ҳамчун қарзҳои дибиторӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон роҳбарияти соҳа барои бартараф кардани ин қарзҳо чораҳои зарурӣ меандешанд.  

 Соҳаи энергетика яке аз самтҳои муҳими пешбурди мамлакат, дар самти ғанӣ гардонидани буҷа мебошад. Бадин минвол Асосгузори сулҳу ваҳдати милли –Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин самтро ҳамчун соҳаи стратегӣ муайян намуда, баҳри рӯшди он чораҳои муассир меандешанд. Ҳукумати кишвар пайваста баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ талош варзида истодааст.

          Муассисаҳои буҷетӣ аз барқ 3,5 миллион сомонӣ қарздоранд.

    Қайд кардан зарур аст, ки қарздорӣ аз ҳисоби пардохт нагардидани ҳаққи истифодаи нерӯи барқ масъулини шабакаҳои барқро нигарон кардааст.  Бояд гуфт, ки ин омил дар шаҳри Бохтар низ назаррас мебошад. Ба иддаои масъулини соҳа ин қарзҳо аз солҳои пешин омада истодаанд, ки ҳамчун қарзҳои дибиторӣ ҳисобида мешаванд.

 Аҳлиддин Шарифзода, сардори хадамоти фурӯши барқи шабакаҳои барқи шаҳри мазкур гуфт, ки «Қарздорӣ дар назди шабакаҳои барқи шаҳр то нуҳ- моҳаи соли равон  ба 71 миллион сомонӣ расидааст, ки аз ин рақам 31 миллиони он ба аҳолӣ ва 3 миллиону 550 ҳазор сомонии он ба ташкилоту корхонаҳои буҷетии шаҳр ва вилоятӣ рост меояд».

    Инчунин ӯ илова намуд, ки аз ҳама бештар аз корхонаҳои буҷетӣ дар назди шабакаҳои барқ муассисаи камуналии чароғонкунии ороишии шаҳри Бохтар мебошад, ки беш аз 1 миллион сомониро ташкил медиҳад.

        Қарзи чароғонкуниро, кӣ бояд пардозад?

    Миралишоҳи Сайфиддин, сардори муассисаи камуналии чароғонкунии ороишии шаҳри Бохтар ин хабарро тасдиқ намуда афзуд, ки «Дар ҳақиқат ин мушкилот ҷой дорад.  Қарздории идораи мо дар назди шабакаҳои барқи шаҳр ба зиёда аз 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ расидааст, ки ин қарзҳо аз солҳои пеш то ин ҷониб омада истодааст. Лекин махсусан барои масрафи барқ аз буҷет маблағ ҷудо намешавад, зеро дар харҷномаи мо чунин маблағ пешбинӣ нашудааст».

    Сабаби асосии қарздориро надоштани ҳисобкунакҳои барқӣ ва дар сметаи хароҷот надоштани маблағ унвон кард. Ҳамзамон ӯ илова намуд, ки кучаву гулгашти шаҳр, ки бо чароғакҳо равшаннамоӣ карда шудааст, 50 дар сад бо ҳисобкунаки барқӣ таъмин мебошад ва барои таъминоти боқимонда корҳо ҷараён дорад.

  Миралишоҳ қайд кард, ки аз ин омил роҳбарияти шаҳр сар аз муовини соҳавӣ ҳама огоҳанд, ҳадаф аст, ки соли пешору барои хароҷоти барқ аз ҳисоби буҷет маблағ ҷудо карда шавад, зикр кард манбаъ.

Омили афзоиш ёфтани қарзҳои дибиториро масъулини соҳоти  рабтдошта, дар саривақт пардохт нагардидани ҳаққи  барқи масрафшуда медонанд.  

               Беш аз 500 ҳазор сомонӣ барои харҷи солонаи барқ

       Агар як сабаби афзун гардидани  қарздорӣ аз ҳисоби саривақт пардохт нагардидани ҳаққи неруи барқи истифодашуда, камбуди молиявӣ бошад. Омили дигар инро ҳолдонон, дар маблағи кам ҷудо кардан аз ҳисоби буҷет барои масрафи барқ дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ медонанд.  Аммо Ҳабибулло Иззатуллозода сардори Раёсати молияи шаҳри Бохтар зимни суҳбат афзуд, ки «Дар соли равон барои истифодабарии барқ ба муассисаву ташкилотҳои буҷетии шаҳр 525 ҳазору 600 сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин маблағ саривақт дода мешавад. Аз ҷониби муассисаҳои буҷетӣ барои харҷи барқ солона дар сметаи хароҷотӣ пешниҳод шавад мо онро пардохт мекунем».

     Ин иддаое аст, ки роҳбарони қисме, аз муассисаву ташкилоти буҷетии шаҳр инро рад мекунанд.

    Вале маблағи болозикрро, ки солона барои муассисаҳои буҷетӣ (маблағи мазкур танҳо ба муассисаҳои буҷетии шаҳр тааллуқ дорад) ҷудо карда мешавад, таҳлилгарони соҳа нокифоя унвон мекунанд, зеро ҳатто се ё чаҳор муассисаҳои бузургтар метавонанд, дар як сол ин маблағро дар барқ масраф кунанд.

  Ин мушкилот кай бартараф мегардад?

       Мусаллам аст, ки сол то сол қарздорӣ аз ҳисоби барқ ва обу дигар хизматрасониҳои пулакӣ миёни ташкилоту идораҳои буҷетӣ рӯ ба афзоиш дорад. Гуфта мешавад, қарздорӣ аз истифода ва саривақт напардохтани маблағи барқи масрафшуда дар шаҳри Бохтар ба 71 миллион сомонӣ  расидааст, ки ба истилоҳ, қарзи барқ миёншикан аст. Ҳарчанд баҳри баргардонидани ин қарзҳо масъулини шабакаҳои барқи шаҳр кушиш намуда истода бошанд ҳам, аммо ин омил то ҳанӯз ҳал нагардидааст. Бояд гуфт, ки аксарияти ҳолдонон як сабаби таъмирталаб шудани симчубҳо ва саривақт таъмир нашудани таҷҳизоти барқиро аз пардохт нашудани барқи додашуда ва қарздорӣ медонанд. Бо вуҷуди он,ки дар соли равон чанде қарзҳо дар ҳамбастагӣ бо мақомоти марбута баргардонида шудааст ва барои коҳиш додани ин омил корҳо ҷараён доранд. Вале мебояд барои ҳалии ин мушкилӣ сохторҳои рабтдошта ҳарчи бештар талош намоянд, зеро дар сурати баргардонидани қарзҳои дибиторӣ буҷаи мамлакат ғанӣ гардида, ба рушди энергетика дар кишвар боз ҳам заминаи мусоид фароҳам оварда хоҳад шуд. Дар ҳолати якранг боқӣ мондани ин падида, албатта кори барқчиён ва саривақт таъмир намудани таҷҳизоти соҳа мушкил мешавад. Ин ҳама дар ҳолест, ки фасли сармо аллакай дар моҳи октябр дар мекубад. Яъне мебояд барои бартараф намудани ин мушкилӣ ҷиддан камари ҳиммат баст.

                                                                      Аҳмади Раҳим