- Фарҳанг

ХАТЛОН. ҚАДРДОНИИ БЕШ АЗ 40 НАФАР ДАР ҶАШНИ МЕҲРГОН

Дар шаҳри Бохтар Иди Меҳргон, фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, фестивали таомҳои миллӣ ва озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони “Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам” баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва ҳайати ҳамроҳонаш аз намоиши техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ дидан намуданд. Сипас, Қурбон Ҳакимзода аз намоишгоҳи маҳсулоти дастранҷи кишоварзон намунаҳои мухталифи таомҳои миллӣ, ки дар доираи фестивали “Таомҳои миллӣ” ороста шуда буд, инчунин намоиши маҳсулоти нонии бонувон, ки ба даври вилоятии озмуни “Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам” пешниҳод гардида буд,боздид ба амал овард. Дар ин намоишгоҳ кишоварзон ва бонувони ҳунарманди шаҳру навоҳии Бохтар, Хуросон, Левакант, Норак, Ҷайҳун, Шаҳритус, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Қубодиён, Кӯшониён, Ёвон, Носири Хусрав, Панҷ маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузошта буданд.Таъкид шуд, ки танҳо дар растаи “Таомҳои миллӣ” кадбонуҳо беш аз 60 намуди ғизоҳои лазизу хушнамуди миллӣ, хоса таомҳоеро, ки бештар дар Хатлонзамин таҳия карда мешаванд, муаррифӣ намуданд.

Инчунин дар чорабинии мазкур раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ширкаткунандагонро ба ин рӯз табрику таҳният гуфт. Зикр гардид, ки иди касбии кормандони соҳаи кишоварзӣ ва «Меҳргон», ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ умри дубора пайдо намудааст. Меҳргон ҳамчун иди миллии кишварамон шинохта шуда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши меҳр, рамзи аҳду паймон, дӯстиву муҳаббат ва ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст, омадааст дар гузориши шуъбаи иттилооти таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

 Қайд шуд, ки ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзии минтақаи Бохтар ба 6 миллиарду 590 миллион сомонӣ расид, ки афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 569,6  миллион сомониро ташкил медиҳад.   

 Дар замони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикор ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихи гузаштаву муосир, анъанот, одобу русум ва дигар арзишҳои миллӣ дар ҷомеа мақоми арзандаро соҳиб шуданд. 

    Дар доираи омодагиҳо баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Меҳргон ба зиёда аз 40 нафар кормандони соҳаи кишоварзӣ Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз ҷониби раиси вилоят супурда шуд. Барои ишғоли ҷойи якум Дипломи дараҷаи 1 ва мукофоти моддӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, Дипломи дараҷаи 2 ва мукофот ба ноҳияи Ҷайҳун, дипломи дараҷаи 3 бо мукофоташ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тақдим гардид.Инчунин, ба ғолибони даври вилоятии фестивали “Таомҳои миллӣ” ва озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» — шаҳри Бохтар Дипломи дараҷаи 1, ба ноҳияи Кӯшониён Дипломи дараҷаи 2, ба ноҳияи Қубодиён Дипломи дараҷаи 3 дода шуд. Намояндагони мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии Левакант, Вахш, Хуросон, Дӯстӣ, Шаҳритус, Носири Хусрав, Панҷ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Норак бо Сипосномаи раиси вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.

Дар охири чорабинӣ барномаи ҳунарии аҳли санъати вилоят бахшида ба ин санаи таърихӣ, хотири ширкаткунандагонро болида гардонд.

                                                                  Аҳмади Раҳим