- Без рубрики

Сарвазир ба Хатлон омад

  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо сафари корӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ташриф оварда бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти мухталиф шинос шуд.  

    Аз 15 ум то 17 уми октябри соли равон зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳову хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷараёни корҳои сохтмонии як зумра иншооти таиноташон гуногун, ки дар партави сиёсати созандагиву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи таҷлили арзандаи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ҷараён доранд, дар шаҳру навоҳии Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон, Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён ва Шаҳритуз, шинос шуда, дар ифтитоҳи чанд иншооти дигар ширкат намуданд.

Дар ин баробар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷамбасти нуҳмоҳаи дастовардҳои вилояти Хатлон ва натиҷаҳои фаъолият дар ин давраи соли равон ширкат намуданд.

     Иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони 7127 адад бинову иншооти мухталиф ба нақша гирифта шуда, то ин давра дар 2941 адади он корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд, ки ин аз шумораи умумии иншооти дар нақшабуда беш аз 41 фосадро ташкил медиҳад. Гуфта шуд, ки соли равон дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят 1778 иншооти ҷашнӣ сохта мавриди истифода қарор дода шудаанд.

     Дар интиҳои чорабинӣ роҷеъ ба тезонидани ҷараёни корҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

                                                  Аҳмади Раҳим