- Без рубрики

ОДИНАЗОДА БОЗОРАЛӢ: ПЕШРАВИҲО ДАР НОҲИЯ ЗИЁДАНД

Омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар кадом сатҳ аст?

   Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври умумӣ бунёду таъмири зиёда аз 190 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар арафаи ҷашнҳои Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ 32-тои онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар арафи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, 35 иншооти дигари таъиноташон гуногун  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар маҷмӯъ  дар 5 муассисаи таълимӣ 2 муассисаи фарҳангӣ корҳои таъмиру тармим ва таъмин бо таҷҳизотҳо ба анҷом расонида шуда, як иншоот дар соҳаи тандурустӣ сохта ба истифодабарӣ дода шуд. Дар соҳаи саноат 5 корхонаи истеҳсолӣ, дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ 25 иншоот, дар соҳаи варзиш 7 толору майдончаҳои варзишӣ бунёд гардиданд. Дар 10 маҳаллаи аҳолинишин азнавсозию сангфаршкунии роҳҳо ва сохтмони пул  ба анҷом расонида шуда, бо мақсади таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ дар 7 нуқта зеристгоҳҳо ва симчӯбҳои бетонӣ васл ва хатҳои барқ кашида шуданд. Дар 5 маҳаллаи дигар хати оби нӯшокӣ пайваст гардид.

   Дар асоси нақшаи чорабиниҳо аз шумораи умумии иншоотҳо то охири соли ҷорӣ бунёду таъмири боз 44 иншоот ба анҷом расонида мешавад. Рафти корҳои сохтмонӣ ва бунёдкорӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ таҳти назорати қатъии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад.

            Бурду бохти соҳаи пахтакорӣ дар ноҳия дар кадом сатҳ аст?

Кишоварзони ноҳия соли ҷорӣ дар майдони 5606 га пахта кишт карданд, ки  нисбати соли гузашта 6 гектар зиёд буда, иҷрои дурнаморо 100, 1 %  ташкил мекунад.

 Новобаста ба мушкилиҳои сол аз  меъёр зиёд омадани гармии ҳаво дар  моҳҳои июл – август, паҳншавии ҳашаротҳои зиёди зараррасон деҳқонон тавонистан, тавассути меҳнатҳои  зиёд ҳосили хуби пахта парвариш намоянд.  То имрӯз пахтакорони ноҳия ба миқдори 9468 тонна ҷамъоварӣ намуданд, ки  баробари 74, 8 фоизи дурнамо мебошад. Аз ин миқдор 7100 тоннааш ба корхонаҳои пахтақабулкунӣ  супорида шудааст, ки баробари 55,5 фоизи дурнамо мебошад. Дар  байни 19 ноҳияи пахтакори вилоят ноҳия дар ҷои 12-ум қарор дошта пахтакорони ноҳия ният доранд, ки  дар даҳаи аввали моҳи  ноябр аз иҷрои дурнамо бароянд.

Дар ин кор саҳми Ҷамоатҳои  деҳоти Панҷоб (раисаш Рафиев Т.) иҷрои  дурнаморо 100%, деҳоти Меҳнатобод ва “Қаҳрамон” (раисаш Гадоев И)-ро, ки иҷрои  дурнаморо 80 фоиз иҷро  кардаанд, қайд бояд намуд.

Фаъолияти ба кортаъминкунии аҳолӣ дар ноҳия

   Тибқи маълумоти Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 733 нафар шаҳрвандон дар ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ бо кор таъмин карда шудаанд. Дар нуҳ моҳи соли 2019 аз тарафи шуъба 10 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 108 нафар тавассути ярмарка бо  кор таъмин шуданд. Дар ин давра аз тарафи шуъба 250 нафар сокинони  ноҳия ба омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддати бофандагӣ, гӯлдӯзӣ , дӯзандагӣ, боғпарварӣ, адрасбофӣ, асосҳои омӯзиши компютерӣ, консервакунонӣ ва  чакандӯзӣ ҷалб карда шуданд. Инчунин 100 нафар шахсони бекор ба  корҳои ҷамъиятии музднок барои анҷом додани корҳои кишоварзӣ  сафарбар гардонида шуданд. Барои рушди соҳибкорӣ ба 30 нафар  шахсони бекор қарзҳои имтиёзнок дода шудааст. Музди миёнаи меҳнати моҳонаи кормандони ноҳия   ба ҳолати 31.08.2019 сол 808,97 сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта 98,92 сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 113% -ро ташкил менаояд.

Андозу андозбандӣ чӣ мушкилот дорад, ба андешаи Шумо роҳи ҳал кадом аст?

   Дар давоми 9-моҳи соли 2019 иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои  ҳатмӣ, ки ҷамъоварии онҳо ба зиммаи Нозироти андоз гузошта шудаанд ба андозаи 92,1 % таъмин гардида, ба ҷойи 25199,1 ҳазор сомонии пешбинишуда ба буҷет маблағи 23209, 7 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбати нақшаи пешбинишуда -1989, 4 ҳазор сомонӣ кам буда ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли 2018 воқеан ҷамъоварӣ гардида ба андозаи 806,1 ҳазор сомонӣ, ё худ 3,5% бештар мебошад.

   Иҷрои нақшаи воридоти андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилотҳои буҷетӣ дар 9 –моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 97,1 % таъмин гашта, ба ҷойи 7552,8 ҳазор сомонии нақшаи пешбинишуда ба буҷети агентии суғуртаи иҷтимоӣ дар ин давра 7334, 8 ҳазор сомонӣ ворид  гардидааст.

   Дар давраи сипаришуда аз 12 намуди сарчашмаҳои нақшаи андозҳои баҳисобгирифташуда, воридотӣ 3-намуди нақшаи андозҳо (андоз аз даромади шахсони воқеӣ 83,9% (-1027,9 ҳазор), андози иҷтимоӣ 93,7% (848,2 –ҳазор) ва низоми махсуси андозбандӣ барои суъбектҳои  хурд 94,2% (-342,5 ҳазор) таъмин карда нашуд, ки аз ин ҳисоб ба буҷет маблағи -2218,6 ҳазор сомонӣ ворид нагардид,

   Мутобиқ ба маълумотҳои дар Нозироти андоз ҷойдошта, ҳаҷми иҷроиши корҳо, хизматрасониҳо ва тавҳили молҳо дар ҳудуди ноҳия дар маҷмуъ маблағи 1536,1 ҳазор сомонӣ агар зиёд шуда бошад ҳам, аммо ин нишондиҳандаҳо дар фаъолияти дигар соҳаҳҳо ҷойдошта дар алоҳидагӣ нисбат ба 9- моҳи соли 2018 мутаносибан дар фаъолияти 54 –адад андозсупоранда ба маблағи -9442,5 ҳазор сомонӣ кам гаштааст, ки аз ин  ҳисоб ҳисобкунии андозҳо ба маблағи 569, 2 ҳазор сомонӣ ва маблағҳои пардохташудаи андозҳо ба маблағи 928,9 ҳазор сомонӣ кам гаштааст.

   Бояд қайд намуд, ки яке аз омилҳои дигари коҳишёбии нишондиҳандаҳои мазкур ин иваз намудани шакли фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла кооперативҳо тиҷоратӣ мебошад, ки аз 01.01.2019 сол то ин ҷониб 15 адад кооперативҳои тиҷоратӣ шакли ташкили ҳуқуқиашонро иваз намуда, дар заминаи онҳо хоҷагиҳои инфиродӣ ҳамчун соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатномаи фаъолияткунанда (хоҷагиҳои деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ) таъсис дода шудаанд, ки аз ин ҳисоб ба ҳисоби миёна тибқи ҳисобҳои шартӣ дар як моҳ 36000 ҳазор  сомонӣ фонди музди меҳнат (15* 6 коргар * 400 сомонӣ) ва 13,7 ҳазор сомонӣ ҳисоби маблағи андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва андози иҷтимоӣ коҳиш ёфтааст (36000х 13% -36000 * 25 %)

   Маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пардохтҳо ба ҳолати 01.10.2019 маблағи 7278,5 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол ба андозаи 1768,2 ҳазор сомонӣ ( 9046,8 – 7278,5) кам гардидааст.

   Дар 9-моҳи соли 2019 аз тарафи Нозироти андоз тибқи тартиби ғайрисудӣ оид ба маҷбуран ситонидани маблағи қарзи андозҳо нисбати 64 –андозсупорандагон маводҳо ба маблағи умумии 3319,4 ҳазор сомонӣ омода шуда ба Раёсати андоз  дар вилояти Хатлон пешниҳод гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуд, ки аз ин ҳисоб ба буҷети маҳаллӣ дар маҷмӯъ 1906,8 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд.

   Дар давоми 9-моҳи соли ҷорӣ дар натиҷаи гузаронидани як қатор корҳои таъсирбахш 347 адад субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла, (182 хоҷагии деҳқонӣ, 23 соҳибкори тибқи  шаҳодатнома, 133 соҳибкори тибқи Патент ва 9 адад шахсони ҳуқуқӣ ) дар нозироти андоз ба қайд гирифта шуда, таҳти андозбандӣ қарор дода шудаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти андоз дар самтҳои маъмурикунонии андоз ва сатҳи хизматрасони ба андозсупорандагон, беҳтар намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, кам намудани бақияи қарзи андозҳо ва иҷроиши нишондиҳандаҳои қисми даромадии нақшаи андоз тамоми имкониятҳоро истифода бурда, барои беҳбуд бахшидан шароитҳои муфид фароҳам месозад.

Дар самти саноатикунонии ноҳия чӣ корҳо ба анҷом расонида шудаанд?

   Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ нишон дод, ки бо мақсади афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва дар ин замина ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ дар ноҳия тадбирҳои зиёде андешида шуданд. Дар натиҷаи чораҳои дидашуда дар ҳамаи соҳаҳо ва бахшҳои хоҷагидории ноҳия пешравиҳо таъмин гардиданд.

   Дар 9-моҳаи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли   маҳсулоти   кишоварзӣ 104,9 фоиз     афзоиш  ёфта, ба 409,3 миллион сомонӣ расид. Корхонаҳои саноатии ноҳия бошанд, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 64,5 миллион сомонӣ расониданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 10,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

   Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 64 миллиону 459,3  ҳазор  сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018 дар ҳаҷми  10 млн. 427,1 ҳазор  сомонӣ ё худ  119,3 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми коркарди намаки ошӣ 106,9 фоиз, нахи пахта 186,8 фоиз ва равғани растанӣ 143,7 фоиз зиёд гардид. Истеҳсоли рег (қум)  ба 24094,4 метри мураббаъ расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбати  ҳамин давраи соли гузашта як маротиба  зиёд аст.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра 5 корхонаи истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. 

Бо вуҷуди ин камбудиҳо дар соҳаи саноат то ҳанӯз бартараф нагардидаанд.  Аз 63 корхонаи саноатӣ 51 корхона фаъолият дошт. Аз шумораи умумии корхонаҳо 13 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам намуда, 12 корхона бинобар сабаби мавсимӣ буданашон фаъолияти истеҳсолиро ба роҳ монда натавонистанд.

   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои фаъолияти муттасили корхонаҳои саноати, ки маҳаки асоси дар вусъати саноатикунонии ноҳия маҳсуб мешаванд, корро ҷоннок хоҳад кард.

Вазъи соҳаи маориф ва тандурустӣ чи гуна аст? М А О Р И Ф

Дар ноҳия дар ин давом  50  муассисаи таҳсилоти  умумӣ, аз ҷумла  3 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 4 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ,  41 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 гимназия, 1 литсей, 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Бахши технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия ва 4 кӯдакистон фаъолият доштанд.  

  Ба таълиму тарбияи 31702  нафар хонандагон,  аз ҷумла 15545 нафар духтарон 1845 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 860 нафар занон машғул ҳастанд, ки аз онҳо таҳсилоти олӣ 1570 нафар (582 зан), бо таҳсилоти миёнаи касбӣ 257 нафар (102 зан)  мебошад. Норасоии кадрӣ аз руйи фанҳои дар нақшаи таълимӣ нишондодашуда аллакай ҳалли худро ёфтааст.

   Дар ҷамъбасти олимпиадаҳои вилоятӣ хонандагони ноҳия ба гирифтани 50 медал сарфароз гардида, 11 нафар барои иштирок дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Дар озмуни аттестати универсалӣ бо медали тилло ва нуқра ва аттестати аълои равияҳои ҷамъиятӣ — гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ бо медали тилло ва нуқра Фурқат Давлатмуродзода – хатмкардаи литсейи давлатии №1 ба гирифтани аттестати аъло ва медали тилло ноил гардид.

   Дар соли 2019  ба ММТ-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумораи умумии 2169  нафар хатмкунандагон 1891 нафар  ҳуҷҷат супориданд, ки 87,2 %-ро ташкил медиҳад. Дар ҷамъбасти ИМД аз ин шумора 1295  нафар (60%) ба муассисаҳои  таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ дохил шуданд. Ин шумора бе назардошти дохилшавӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (21 нафар),  ба муассисаҳои таҳсилоти олии сохторҳои қудратии мамлакат ва бе ММТ (267 нафар), курсҳои кӯтоҳмуддат (150 нафар), литсейҳои касбӣ-техникӣ (165 нафар) мебошад. Инчунин 66 нафар хатмкунандагон ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар дохил гардиданд. Ҳамагӣ дохилшавии хатмкунандагон 1964 нафар ё ки 90,5%-ро ташкил медиҳад.

   Дар ноҳия иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз  26 ноябри соли 2016, №504 “Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” банақшагирии сохтмони мактабҳо ва  синфхонаҳои иловагӣ амалӣ гардида истодааст. 

Т А Н Д У Р У С Т Ӣ

Дар ноҳия муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз 1 маркази саломатии ноҳия 20 маркази маркази саломатии деҳотӣ аз 23 бунгоҳи саломатии деҳотӣ иборат мебошанд.

     Бахши бистари кунонии ноҳия иборат аз 465 кат, Беморхонаи марказӣ бо 320 кат, 4 беморхонаи маҳалавӣ деҳотӣ бо 125 кат ва беморхонаи сил бо 20 кат, хизмати тиббӣ мерасонад. Инчунин 6 маркази алоҳида, маркази ВНМО, ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, маркази имунопрфилактикӣ, МНДСЭН, маркази дизинфексионӣ, маркази бемориҳои путӯ, зӯҳравӣ ба аҳолии ноҳия хизмати тиббӣ мерасонад.

    Дар муассисаи тандурустии ноҳия алҳол 162 нафар табибони маълумоти олидор (6 нафарашон маълумоти олииғайритиббӣ), 741 нафар кормандони миёна ва 320 нафар кормандони хурди тиббӣ  машғули кор мебошанд.

Айни ҳол бахши госпитали ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки дорои 10 шуъба буда, бо 320 кат таъмин мебошад. Инчунин 4 беморхонаи минтақавӣ бо 125 кат, маркази зидди бемориҳои сил 20 кат  ҷамъ 465 кат.

   Дар  нуҳмоҳаи  аввали соли  равон  дар доираи  чорабиниҳои  ба истиқболи 30-солагии  Истиқлолияти  давлатӣ маркази  саломатӣ  дар  деҳоти Панҷоб  аз  ҷониби  соҳибкори  маҳаллӣ  таъмири  саросарӣ  гардида, бо  таҷҳизотҳои  замонавӣ  ва  мизу  курсӣ  таъмин гардонида  шуд.

Худойдоди Ислом