- Без рубрики

МИЛЛАТ ТАРСУ ШУДААСТ

Ё куҷост он Спитамену Темурмалик?

«Мо имрӯз корнамоиҳои Спитамани диловар ва ҳамсафони ӯро қадршиносӣ намуда, барои зинда доштани номи нек ва хотираи бегазанди фарзандони фидоии ватан ордени «Спитамен»-ро таъсис додем, ки он барои шуҷоату корнамоиҳои ватандӯстона ва идомаи анъанаи некӣ, ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ ба ворисони воқеии ин марди қаҳрамон дода мешавад. Таърих корномаҳои фарзандони худро ҳаргиз фаромӯш намекунад».

Эмомалӣ РАҲМОН,

“Тоҷикон дар оинаи таърих”

Спитамени асри XXI кист?

Кӣ таърихро нахондааст, пас як бор бихонад, бодиққат бихонад, он замонеро ки Искандари Мақдунӣ ба сарзамини Суғдиён ҳуҷум карда буд. Ин императори ваҳшӣ, ки ҳатто лашкаркашонаш аз ҷангҳои бардавоми ӯ ба дод омада буданд, ними ҷаҳонро забт карда гирифта буд. Мақдунӣ гумон кард, ки Суғдзаминро бо як лашкаркашии муқаррарӣ, ки дар дигар қаламравҳо иҷро мекард, ба зери итоати худ медарорад ва боқӣ роҳ идомаи забткориҳояш мешавад. Аммо ӯ, хест, ки дид, хоб аст. Ҳеҷ гумоне надошт, ки дар рӯ ба рӯйи гладиаторони куҳмонандаш касе истодагарӣ кунад. Аммо на фақат истодагарӣ, балки сари бисёрашон аз тан ҷудо шуд. ӯ Спитамен буд, қаҳрамони халқи тоҷик.

Аммо холо як исти андешавӣ кунед. Хеле фикр кунед, ки ҳоло кист он Спитамени асри мо. Ҳеҷ кас мегӯед? Пас ҳақ ба ҷониби шумост, зеро ҳама тарсуем, боқӣ аз ин чизе беш на. Зид ҳастед, ба ин андеша, пас гуш кунед, ки чаро тарсу шудаем.

Тарсу, магар қаҳрамон мешавад?

Якум. Чаро ба аскарӣ намеравем, ё муҳим нест, хизмат кардан дар ин давру замони пешрафти илму техника ва нанотехнология? Дар ин ҷо омили хизматгурезӣ на технология, балки тарсуии мост. Писарамонро аз хурдӣ тарсу тарбия мекунем, инро накун, онро накун ва инашро низ накун ва оқибат ба хизмати ҳарбӣ нарав, ки ду сол умрат барбод меравад. Хок ба рӯйи мо, ки суханҳо аз даҳони мо мебарояд, пас дигар нагӯед, ки мо қаҳрамон дорем: Спитамен, Катан, Вастан, Деваштич, Шерак, Темурмалик… Ҳеҷ кадоме аз инҳо қаҳрамони шумо нестанд ва нахоҳанд буд, зеро онҳо дар вақти худ ва замони ҷанг болои мардумашон ба ҳимоят хестанд ва қаҳрамони қавмашон шуданд. Пас бигӯед, мо чӣ кардем барои миллати худ, қаҳрамоние кардем? Ҷанг нест, пас  чӣ қаҳрамоние кунем, мегӯед? Писаронатонро ба хизмат фиристед, ин аст қаҳрамонӣ дар ҳаққи миллат ва Ватан! Ва аммо қасам ба Худо, ки ба хизмат намефиристед, дар вақти ҷанг аз ин писар умеди қаҳрамонӣ  доред ё тарсуву ақибнишин?

Ҷумла ҳама андешаатон оид ба хизмат дар қувваҳои мусаллаҳ бемантиқ ва иштибоҳ аст. Чӣ бояд барои писаронатон дар хизмат ҳаёти шоҳона ороста шуда бошад, ки онҷо раванд канизакон дар хизмат бошанду писари шумо дар тахти заррин нишинаду аз чор тарафаш духтарони нимурён бо рақсҳои шарқона базми наю сури писаратонро оро диҳанд. На, азоб интизор аст, ки меваи ин машаққатҳои хизматро дар вақти ҷанг, ҳимояи ватан, посдории ҳуввият ба даст меорӣ ва он вақт ту ҳақ дорӣ, ки гӯйи писарам қаҳрамон аст. ӯ дар хизмат бояд азоб кашад ва қадри озодӣ, истиқлолият ва Ватан бидонад. ӯ бояд гурусна монад, хунук хӯрад, шаллоқ хӯрад, ғам хӯрад ва баъд аз ин гӯяд, ки ман мактаби мардонагиро гузаштам. Ё шумо андешаи дигар доред дар ин бора, пас ҷилави сухан дар дасти шумост.

Нуралӣ Карим