- Сиёсат

ДОЛОНИ КАРТАРПУР КУШОДА ШУД

Ё чи гуна “яхҳо”-и дӯстии Покистону Ҳиндустон об мешаванд

Кушодашавии долони Картарпур оғози обшавии яхҳои ҳамсоядӯстони кишварҳои Покистону Ҳиндустон унвон мешавад. Шаҳри Картарпур дар соҳили рости дарёи Рави ҳудуди Шакаргархи навоҳии Наровали Панҷоби Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷойгир аст. Ин шаҳр замони аз тобеияти Бритониёи Кабир соли 1947 озод шудан ба ҳудуди Покистон ворид шуда буд. Ин зодгоҳи асосгузори мазҳаби сикхҳо Гуру Нанак мебошад. Бинобар ин Картарпур барои пайравони ин равия муқаддастарин макон аст.

Бинобар сабаби он ки теъдоди зиёди сикхҳо, ки ҳудудашон аз 25 млн мегузарад, дар қаламрави Ҳиндустон зиндагӣ мекарданд, барои онҳо сафар ба Картарпур хеле душвор меафтод. Ҳол он ки байни онҳо масофаи зиёде нест, аммо аз сабаби хуб набудани муносибатҳои сарҳадӣ миёни Покистону Ҳиндустон сикхҳо наметавонистанд ба Картарпур сафар кунанд.

Долони Картарпур бо ризоияти ҳарду ҷониб дар муддати 10 моҳ сохта шуд ва он санаи 9 ноябри соли равон бо иштироки сарвазирони Покистон Имрон Хон ва Ҳиндустон Нарендра Моди кушода шуд.

Кушодашавии долони таърихии Картарпур яке аз муқаддасоти пайравони сикхизм ба зиёраткунандагони Ҳиндустон дастрасии нодирро фароҳам меорад.

Кошиносони ҷаҳонӣ бар он назаранд, ки ин долон имкон медиҳад, ки минбаъд муносибатҳои яхшудаи дӯстӣ миёни ҳар ду кишвар об мешаванд.

Ба иттилои мақомоти расмӣ долон дар як рӯз метавонад то 5000 нафар зиёратгаронро пазироӣ кунад ва то 10 000 нафар ҳар рӯз ба зиёрати зиёратгоҳҳо раванд. Аз меҳмонони Ҳиндустон ба зиёратгоҳ танҳо шиноснома талаб мекунанд, аммо ба ҷойи виза онҳо иҷозатномаи сафарро хоҳанд дошт. Вале ба зиёраткунадагон иҷозат дода намешавад, ки аз бинои зиёратгоҳро дар Покистон тарк кунанд ва ё шабона бимонанд.

Маъбади мавҷуда, ки дар он Гуру Нанак дар Картартпур воқеъ аст, соли 1925 пас аз нобуд шудани иншооти пеш аз обхезӣ сохта шудааст. Он аз ҷониби ҳукумати Покистон дар соли 2004 барқарор карда шудааст. Сохмони зиёратгоҳ дар дарозии 42 гектар (17 га) паҳн шуда, тавсеъа ҳавлии нав, осорхона, китобхона, хобгоҳҳо, ҳуҷраҳои либоспӯшӣ, маркази муҳоҷират ва садҳои соҳилӣ барои ҳифзи зиёратгоҳ аз обхезӣ дар бар мегирад.

Дар долон Картарпур инчунин пуле ҷойгир шудааст, ки ба меҳмонон имкон медиҳад аз болои дарёи Равӣ гузаранд. То ин замон барои ба Картарпур омадан сикхҳои Ҳиндустон, ки дар 7 км дуртар аз инҷо мезистанд, бояд равобити Покистонро мегирифтанд. Дар баробари ин онҳоро ба Лоҳур мебурданд, ки 100 км дуртар аз Картарпур ҷойгир аст, ки барои онҳо мушкилии зиёдро ба вуҷуд меовард.

Пеш аз ифтитоҳи долон нофаҳмиҳо вуҷуд дошт, аммо рӯзи 1 ноябр сарвазири Покистон Имрон Хон гуфт, ки барои зиёраткунандагон танҳо шаҳодатнома кофӣ аст. Худи сарвазири Покистон Имрон Хон дар рӯзи ифтитоҳи долон сикхҳоро табрик карда гуфт, ки “Ман мехоҳам ҷамоати сикхҳоро, ки дар ҳарду сарҳад ва тамоми дунё зиндагӣ мекунанд, бо ин рӯзи таърихии ба кор даровардани долони Картартпур табрик намоям. Имрӯз мо на танҳо сарҳадро мекушоем, балки дилҳои худро барои ҷомеаи сикх бо мекунем. Ифтитоҳи имрӯза низ як шаҳодати тарафдории мо ба сулҳи минтақа аст. Мо итминон дорем, ки роҳ ба сӯйи ободии минтақа ва ояндаи дурахшони насли ояндаи мо сулҳ аст”.

Табрикоти сарвазир Имрон Хон ба он далолат мекунад, ки Покистон ва Ҳиндустон барои сари мизи сулҳ нишастан омода ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки то соли 1947 Покистону Ҳиндустон ба ҳудуди як давлат дохил шуда, мустамликаи Британияи Кабир ба ҳисоб мерафтанд. Баъди аз мустамликаи Британия озод шудани Покистон дар санаи 14-уми август ва Ҳиндустон дар санаи 15-уми августи соли 1947 мушкилоти баҳси марзии Кашмирро аз мустамликадорони собиқашон мерос гирифтанд. То ба имрӯз оиди қазияи Кашмир се даргирии калони ҳарбӣ ва чандин хурд миёни неруҳои ҳарбии Покистону Ҳиндустон ба миён омадааст, ки аз ҳарду ҷониб ҳазорҳо афсару аскар ба ҳалокат расидаанд.

Минтақаи таҳти назорати Покистон, ки пойтахти он шаҳри Музаффаробод мебошад, 5,619 киломери мураббаъ масоҳат дорад. Кашмири Озод ҷанубитарин қисмати Кашмири таҳти назорати Покистон ва давлати салтанатии собиқ Ҷаму ва Кашмир аст. Кашмири Озод аз назари расмӣ як иёлоти Покистон ё бахше аз ин кишвар нест, балки як ҳукумати махсус ба худ дорад ва давлати Покистон онро мамлакати мустақил медонад. Ҳарчанд ин минтақа таҳти ҳимояти Покистон мебошад ва аз назари иқтисодӣ ва идорӣ ба Покистон марбут аст

Вазъи имрӯзаи Покистону Ҳиндустон ҷомеаи ҷаҳониро бетараф гузошта наметавонад. Бинобар ин кушодашавии долони Картарпур оғози марҳилаи нармшавии муносибатҳои Покистону Ҳиндустон унвон мешавад.

Нуралӣ Карим