- Иҷтимоъ

ШАММАЕ АЗ БЕТАРТИБИИ БОЗОРИ «КОРВОН»

Бозори «Корвон» калонтарин бозори фуруши маҳсулоти чакана ва яклухт дар кишвар ба ҳисоб меравад. Дар чанд соли охир бинобар риоя накардани қоидаҳои бехатарии сӯхтор ин бозори бузург чанд маротиба ба коми оташ фурӯ рафт. Аммо имрӯз мо аз дигар мушкилоти дар бозор ҷойдошта хоҳем гуфт.

                         Мушкили №1 -нақлиёт

Новобаста аз ҷониби шаҳрдори пойтахт дар ду соли охир пиёда сохтани чанд тадбир, аммо то ҳол мушкилоти нақлиёт дар самти ба бозор расидан мушкили рақами якум боқӣ мемонад. Аз чор самти шаҳри Душанбе дастрас шудани сокинон тариқи машрутҳои ҳаракаткунандаи самти бозори «Корвон» хеле мушкил аст. Хусусан дар рӯзҳои истироҳатӣ, ки аксари мардум ба хариду фуруш ба бозор меоянд, дучанд мушкил аст. Аз як ҷониб машрутҳои сайёр, ки гоҳ ин ҷониби шаҳр ва гоҳ ҷониби дигар бо самтҳои маълум ҳаракат мекунанд, ягона ҳоҷатборори мардум дар ин рӯзҳо ба ҳисоб мераванд. Дар ин мисол, маршрути №28, ки ҳоло танҳо дар ин самт чанд автобуси куҳна ва 2-3 адад нав фаъолият доранд, ки аз хизматрасониашон чандон қонеъ нестанд. Аммо 28-ҳои ғайрирасмӣ, ки асосан автомобилҳои старекс мебошанд, хеле фаъоланд, агарчанде ҳаққи роҳкиро ба 2 сомонӣ баробар бошад ҳам, лекин мардум васеъ истифода мебаранд. То нимарӯз проблемаи дастрасӣ ба нақлиёти ҷамъиятӣ пас аз харид дар гирду атрофи бозор каме осон аст. Вале пас аз нимарӯз аҳён-аҳён машрутҳо ҳаракат мекунанд, ки онҳо низ танҳо одамҳои ба истилоҳ «хароб», «бебор» ва «сабук»-ро бор мекунанд, мардуми боқимонда танҳо аз таксӣ истифода мебаранд. Дар инҷо бозори таксиронҳо хеле гарм аст, нархи ба дилашон маъқулро мегӯянд. Автобусҳои хатгардҳои самти бозор бошанд, аз охири истгоҳ аллакай пур шуда меоянд ва боқӣ мардуми байн беҷой мемонанд. Ин мушкилест, ки бояд ҳалли худро ёбанд.

Тиллохар, кӯчафурӯш ва роҳбандкунҳо

Аз оғози бозор аллакай ғалоғулаи гӯшхарош сар мешавад: «апашка тилло нестай», «тилло бошад, мехарем», «э, хушручаҳо, тиллот бошад, мегирем», «марҳамат, 4-таш 10 сум, биё, ки тамом шуд», «оши 1*1 -ба биё, бача», «ҷувории гармакак», «бижутерияи арзонба биё» ва амсоли инҳо. Шурӯъ аз дарвозаи «1» то «7» роҳи асосиро пурра тиллохарҳову кӯчафурӯшҳо банд кардаанд ва ҳатто озодона қадам задан мушкил аст. Новобаста аз оне, ки нозирони минтақавӣ ва нигаҳбонҳои бозор беҳисобанд. Яъне дар инҷо манфиате дида мешавад, ё ба нозир луқмае насиб мегардад ва ё хешу табораш аст. Бо ин чи гуна метавон тартибот ва оромиро дар ҳудуди бозор барқарор сохт. Ин ва чандин мушкилот дар ин самт ҷой доранд, ки онро бояд роҳбарияти бозор ҳал кунад.

Нуралӣ Карим