- Иҷтимоъ

ҲАМАДОНӢ: КОРХОНАИ КОММУНАЛӢ БА КӮМАКИ ТЕХНИКӢ НИЁЗ ДОРАД

Аз дасти партов ҷони сокинон бар лаб омадааст

   Ҳамагӣ чанд қадам ва як мушоҳида боис шуд, ки мо ба як проблемаи ҷиддии соҳаи коммуналӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ бархӯрем. Зимни аз кӯчаи Кирови ноҳия, ки ҳудуди хонаҳои дуошиёнаро фаро мегирад, тудаи пошхурдаи партовҳо ба чашм расид, ки як манзараи ифлосу бетартибро нишон медод. Партовҳои титу парешон анқариб ба роҳи одамгузари байни хонаҳо баромада буд. Дар ҳарорати 35-40 дараҷа гармӣ бӯи ғализи партов бемалол ба пешайвонҳои хонаҳо рафта мерасид. Албатта, ин мушкилӣ сокинонро беташвиш гузошта наметавонад.

 Зулайхо Гулмадова, сокини кӯчаи Сафаралӣ Қурбонов (собиқ Киров) ба «Пайк» гуфт, ки «мардуми дигар маҳаллаҳо партовҳоро омада инҷо мепартоянд. Аз дуошёнаҳои он тарафи маҳалла ва ҳам бозор омада партовҳои худро мепартоянд, ки боиси ғарам шудани онҳо мегардад. Ҳар саҳар вазифаи шаҳрвандии худро иҷро карда, мерубаму гирду канори партовгоҳро тамиз мекунам. Аммо дар 3-4 рӯз боз ба роҳ паҳн мешаванд. Партовҳоро тоза мекунанду аммо дар ин кор таъхир зиёд аст. Бӯи бади партов ҳам тарафи дигари масъала аст. Ҳамин қадар барои мо хуб аст, ки пешайвонҳоямон маҳкам карда шудааст, вагарна бӯи ғализ хонаҳоро забт мекунад.»

Проблемаи партовҳо моро дар ба корхонаи коммуналии ноҳия бурд. Мутаассифона, сардори муассисаро бинобар дар рухсатии меҳнатӣ будан дарёфт накардем. Сармуҳандиси корхона Мадвалӣ Валиев розӣ шуд, ки ба саволҳои мо қисман ҷавоб диҳад. Мавсуф ба «Пайк» иттилоъ дод, ки «дар муассиса 6 корманди рӯбанда ва 23 нафар борбардор кор мекунанд ва ҳамарӯза барои тоза кардани гирду атрофи маркази ноҳия сафарбар мешаванд. Дар ҳудуди маркази ноҳия 23 партовгоҳи муваққатӣ мавҷуд аст. Мо аз рӯи имкон ин нуқтаҳоро покиза месозем. Маҳдудии кори мо дар он аст, ки аз 8 техника танҳо 2-тоаш кор мекунаду халос, ки барои сари вақт кашондани партовҳо басанда нест.»

Тирамоҳ имсол барвақт омад?

Ҳоло, ки оғози фасли тирамоҳ аст, кӯчаю гузаргоҳҳои маркази ноҳияи Ҳамадониро метавон пур аз баргҳои хазоншудаи дарахтон дид. Дар ҳар як қадам пои одам ба баргҳо ғутта мехурад. Сари маҳал покиза накардани хазонҳо ҳам аз як ҷиҳат норасоии техникаи зарурӣ аст, то барвақт ба он маконҳо расидаву баргҳоро покиза намоянд. Ба ақидаи иддае аз масъулин имсол бо иллати аз меъёр баланд шудани ҳарорати ҳаво баргҳои дарахтон пештар хушк шуда ба замин рехтаанд. Ҳар рӯз ҷойҳои лозимаро аз хазонҳо тоза мекунем, аммо пас аз чанд соат ё як шабонарӯз баргҳо мерезанд ва атрофро ифлос мекунанд. Гумон дорем, ки тирамоҳ имсол барвақттар омад» иддао доранд онҳо.

Норасоии техникаи корӣ проблемаи калидӣ

   Пур шудану пош хурдани партовҳо дар нуқтаҳои аҳолинишин дар ноҳия бесабаб набуда, норасоии техникаи соҳавӣ боиси ба дарозо дар кӯчаҳо мондани партовҳо мегардад. Дар ҳар як кунҷи корхонаи коммуналӣ техникаҳои корношояму аз чархҳо фароварда гувоҳӣ аз солҳо бекор хобиданро медоданд. Дар тавозуни корхонаи комуналии ноҳия 8 техникаи корӣ мавҷуд аст, ки ду ададаш корӣ ва 6 адади боқимонда корношояманд. Ҳамагӣ бо ду техника кор кардан барои кормандон бисёр маҳдуд аст. Ин ҳам дар ҳоле, ки ин техникаҳо аз истифодаи зиёд фарсуда шуда, ҳам 1 адад техникаи тамғаи «ЗИЛ» моли корхона нест, ки поёнтар дар ин бора хоҳем гуфт. Ин мушкилӣ дар ҳолест, ки корхона ҳатто мошини хизматӣ надораду он (тамғаи Nexia ранги сафед) дар қатори техникаҳои корӣ вайрон хоб аст. Дигар куҷо расад ба техникаҳои корие, ки таъмирашон маблағи муайянеро талаб дорад.

 Сироҷиддин Одинаев, механизатори корхона дар сӯҳбат аз мушкилии техникӣ қайд дошт, ки «ин техникаҳо аз солҳои шуравӣ боқӣ мондаанд ва корношояманд. Бо ин техникаҳо ҳамин қадар кор карда мешавад. Се маротиба маошҳоро зиёд карданд, вале маоши мо зиёд нашуд. Маоши ночиз бароямон кифоят намекунад»

Коммуналӣ маблағҳои махфӣ ва соҳаи бесоҳиб?

Соҳаи комуналӣ ё худи корхонаи фавқ чунон бесоҳиб мондааст, ки ҳатто масъулони калидӣ худ намедонанд, ки маблағҳое, ки ба ин соҳа ҷудо мегардад куҷо мешаванд. Ё худ медонанду худро ба нодонӣ мезананд? Гуфтаҳои масъул дар зер тақвиятбахши ин суханони мост.

Сафарзода Нусратулло, муовини соҳавии раиси ноҳия дар як тамоси телефонӣ ба «Пайк» гуфт, ки «Сабаби вайрон будани техникаҳо аз маблағ вобаст аст. Ман ба техникаҳо кор надорам. Мо намедонем, ки маблағгузории онҳо чигуна аст. Зеро маблағгузории онҳо махфӣ сурат мегирад. Бо шуъбаи молия чӣ доду гирифте кунанд ба мо ахборот намедиҳанд. Мо бинем вазъ чигуна аст, то чораандешӣ намоем. Мо тозагӣ ва шартномабандиро назорат мебарем. Вақте онҳо пулро мегиранд, бояд техникаҳояшонро таъмир намоянд.»

Ин ҳам дар ҳоле, ки корхонаи коммуналии ноҳия корхонаи давлатӣ асту маблағгузории он наметавонад ба ҳеҷ ваҷҳ махфӣ бошад.

  Завқи кор асту имконият нест!

Мадвалӣ Валиев, сармуҳандиси корхонаи номзикр бе ҳеҷ як дудилагӣ моро ҳар куҷо, ки нуқтаҳои партови асосӣ ҷойгир буд, бурда нишон дод ва дирӯзу имрӯз тоза кардани ин нуқтаҳоро исбот кард. Аз ҷумла дар маркази ноҳия низ зердастон бо дастури мавсуф ба кор банд буданд. Муддати як соате, ки ҳамроҳи ин нафар будем, се маротиба ба назди зердастон рафтаву чӣ гуна сурат гирифтани корро назорат мекард. Мавсуф дар идома қайд дошт, ки баҳри пешбурди кори корхона аз ҳисоби маблағҳои худ як мошини «Зил» харида ба кормандон додаам то партовҳоро сари вақт кашонда тавонанд. Мақсади мо ҳам тозагӣ ва ободии ноҳия аст.

То ҷое мо мушоҳида кардем, Валиев дар кори худ хело ҷиддӣ ва пурмасъул аст. Ба боварӣ метавон гуфт, ки умури тозагию ободии ноҳияро метавон ба чунин мутахассисон бовар кард. Ҳоло, ки танҳо бо ду техника ин ҳад корро сахт гирифтааст, агар дар даст техникаҳои ҷадиди корӣ медошт, дар ноҳия як хас ҳам рӯи роҳ зиёдатӣ намемонд. Агар ноҳияро тозаву бидуни партов олуфта дидан мехоҳед, корхонаи коммуналиро бо техникаи лозима таъмин кунед ва назорати корро ба уҳдаи кормандони масъулиятпазир гузоред. Аз раиси ноҳия ва муовинони соҳавӣ талаб карда мешавад, ки ба камбудии корхона расидагӣ намоянд.

Худойдоди ИСЛОМ