- Без рубрики

ҚАТЛИ ПАДАР АЗ ҶОНИБИ ПИСАР БО КАЛАНД

   Дирӯз ҷасади Давлатшоҳи Бобошоҳ, сокини 71 солаи деҳаи Пушиёни миёнаи ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъро ба хок супурданд, ки аз ҷониби ҷигаргӯшаи худ, яъне писараш кушта шуд. Дар ин синну сол, мебоист, ки марҳум зери сояи фарзанд давлати пирӣ меронд, вале бадбахтона аз дасти писари худ кушта гардид.  

   Ба қавли раиси маҳалла Сангимад Назаров, ҳодиса аз он ҷо сар мезанад, ки «Ҷамшед Холов, соли таваллудаш 1973, соҳиби 5 фарзанд, писари марҳум Давлатшоҳи Бобошоҳ соли таваллудаш 1948 ҳафтае қабл бо сабаби зиёд нушидани маводи спиртӣ ба хона маст меояд. Бо иллати сархуш буданаш падараш ӯро сарзаниш мекунад. Мавсуф бо падараш гапҳояшон мегурезад. Баъдан писар хоб рафта соати 3­-и шаб бо қасди куштани падар аз хоб мехезад ва мехоҳад падарро дар бистараш кӯшад. Падарашро дар ҷойи хоб наёфта, фикр мекунад, ки дар ҳоҷатхона аст. Бо ин мақсад аз пушташ рафта бо чароѓак чашмони падарашро дошта, бо чубдаст ба сару рӯи падар мезанад. Пас, аз куҷое олоти деҳқонии каландро ёфта, боз падарашро мекубад. Давлатшоҳи Бобошоҳ, падари писари қотил бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол меёбад ва пас аз як ҳафта, яъне 16- сентябр ба ҳалокат мерасад. Ҷамшед Холов бошад ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад.»

Худойдоди Ислом