- Без рубрики

ХОБГОҲИ ДОНИШҶӮЁНИ ПОЙТАХТ

Ҳоло гаронии нархи иҷора, донишҷӯёни пойтахтро маҷбур кардааст, ки ба хобгоҳҳои муассисаи таҳсилмекардаашон муроҷиат кунанд, чун иқомат дар хобгоҳ арзон аст. Аммо мушкили дигар ин аст, ки оё ҳамаи муассисаҳои пойтахт донишҷӯёнро бо ҷойи зист дар хобгоҳ таъмин карда метавонанд ё на?

Макотиби олии Душанбе

Ҳоло дар шаҳри Душанбе 20 муассисаи таълимии олии касбӣ ва 9 муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият доранд, ки ҳудуди донишҷӯёнашон ҳазорҳо нафарро ташкил медиҳад. Аксарияти донишгоҳҳои пойтахт аз таъмини донишҷӯён бо ҷойи зист дар хобгоҳ танқисӣ мекашанд. Худи донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ҳудуди 24 ҳазор нафар донишҷӯён дар инҷо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, бо доштани 7 хобгоҳ талаботи ба ҷойи зист таъминкунии муҳассилинро қонеъ карда наметавонад. Қаблан ректори ДМТ дар нишасти охир, ки санаи 11 августи соли ҷорӣ баргузор гардида буд, таъкид дошт, ки ба истифода додани 2 бинои нави замонавии хобгоҳ, ки дар наздики Шаҳраки донишҷӯёни ДМТ ҷойгир аст, шояд мушкилоти ба ҷойи зист таъминкунии донишҷӯён ҳалли худро ёбад. Аммо баъзе аз муассисаҳои олии пойтахт ҳатто хобгоҳҳои худро ба пуррагӣ истифода намебаранд.

Хобгоҳ арзон, иҷора гарон

Гаронии нархи иҷора ва надодани он аз ҷониби соҳибхонаҳо ба донишҷӯён дар Душанбе ба ҷамъи мушкили донишҷӯёни тоҷик сарбории дигареро зам кардааст. Ҳоло нархи хобгоҳҳо барои як соли таҳсил 700 сомониро ташкил медиҳад. Агарчанде, ки ин маблаѓ барои аксарият ночиз бошад, аммо барои мардуми аксарияташ камбаѓал вазнин меафтад. Аммо мушоҳидаҳо нишон доданд, ки аксарияти донишҷӯёни Душанбе бо нархи гарон дар иҷора нишастанро аз дар хобгоҳи донишгоҳ зистан боло ва афзалтар медонанд.

Ба гуфти ҳамсуҳбатони мо барои аксарияти донишҷӯён зистан дар хобгоҳ мувофиқ ва қулай нест. Аз як тараф лимити вақти вуруду хориҷ, аз ҷониби дигар муҳити нисбатан танг ва ноором барои омӯзиш. Бинобар ин ба муҳассилин беҳтар он аст, ки дар иҷора бо нархи нисбатан гарон нишаста ҳам таҳсил ва кор кунанд. Зеро агар қисмати зиёд дар хобгоҳ зистан хоҳанд, бояд аз кор кардан ва пешбурди рӯзгори донишҷӯйӣ даст бикашанд, ки ин қобили қабули на ҳамаи толибилмони муассисаҳо аст. Аз ҷониби дигар набудани шароити хуби зиндагӣ дар хобгоҳҳо донишҷӯёнро водор ба он мекунад, ки иҷоранишинӣ кунанд. Аксарияти хобгоҳҳои макотиби олии пойтахт ба шароити муосир ва хуби зиндагӣ ҷавобгӯ нест. Камбуди ошхона, хоҷатхона, ҳаммом ва маѓоза яке аз мушкилоти ислоҳталаби хобгоҳҳои пойтахт мебошад. Аммо вазнинии камчин будани ҷойи зист дар хобгоҳҳо асосан донишҷӯёни аз манотиқи кишвар омадаро ба ташвиш мегузорад. Вале яке аз масъулини хобгоҳҳои макотиби олии пойтахт, ки нахост номаш ифшо ифшо шавад, дар суҳбат бо “Пайк” иброз дошт, ки “дар донишкадаи мо, ки дорои як хобгоҳ аст, барои донишҷӯёне, ки ба хобгоҳ ниёз доранд, бо ҷойи зист пурра таъмин карда мешаванд. Дар баробари ин имсол раёсати муассиса барои шароити хуб фароҳам овардан барои зисту зиндагонии донишҷӯён хобгоҳро пурра таъмиру таҷдид дорад”.

Донишҷӯи аз минтақа омада, ки дар Душанбе манзили зист надорад, маҷбур мешаванд дар хобгоҳ иқомат кунанд, чун шароити харҷи иҷорапулиро надорад. Аз ҷониби дигар, имсол сафи донишҷӯёни хориҷӣ, ки дар муассисаҳои кишвар ба таҳсил кардан омадаанд ба 4 ҳазор нафар расид. Бинобар ин албатта, ки масъулини донишгоҳҳо кушиш мекунанд, сараввал донишҷӯёни хориҷиро бо ҷойи зист таъмин кунанд ва пасон ба толибилмони дохилӣ таваҷҷуҳ кунанд. Имсол дар худи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳудуди 2 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ, асосан аз ҷумҳурии ӯзбекистон барои таҳсил ҳуҷҷат супоридаанд. Акнун маълум аст, ки камчинии ҷойи зист барои иқомат дар хобгоҳҳои донишгоҳҳои пойтахт пас аз зиёдшавии теъдоди донишҷӯёни хориҷ ҳалли худро намеёбад.

Инчунин ҳоло дар пойтахт теъдоде аз ба истилоҳ хостелҳо фаъолият мекунанд, ки асосан барои донишҷӯён пешбинӣ шудааст, аммо ба ҳамаи шароитҳои муосири зист ҷавобгӯ аст. Вале гаронии иқомат дар ин хостелҳо донишҷӯёнро барои зист дар иҷора ё хобгоҳҳои оддии муассиса раҳсипор мекунад.

Имрӯз дар маҷмӯъ дар пойтахт ҳудуди 60 хобгоҳ дар назди донишгоҳҳо фаъолият мебаранд, ки беш аз 10 ҳазор донишҷӯйро дар худ фаро гирифтаанд.

Нуралӣ КАРИМ, Душанбе