- Маориф

Нархҳои баланду сифати паст, чаро?

    Ҳамасола, оғози соли нави хониш ташвишу тараддуди волидонро дучанд мегардонад. Чун дар ин давра нархи молу маҳсулот аз ҷумла сару либос ва ҷиҳози мактабӣ низ дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят якбора боло меравад. 

Дар бозорҳои шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон  метавон гуфт, ки агар чанд рӯз қабл як ҷузвдон аз 35 то 40 сомонӣ буд, ҳоло бо қиммати 75 то 120 сомонӣ фурухта мешавад. Чунин ба чашм мехурад, ки ин қабил савдогарон ё тоҷирон мақоли «Гур сӯзаду дег ҷушад»-ро пешаи худ қарор додаанд.  

Мардум чорворо фурӯхта либос мехарад

         А. Соҳиб, сокини ноҳияи Ховалинг аст, ки 4 фарзанди мактабхон дорад. Аз ин рӯ, бо каму костагии зиндагӣ натавонист ба 4 фарзандаш либос харад, зеро нарху навои сару либос дар бозор афзудааст, ӯ гуфт: «То дарс сар шудан рӯзҳои башумор монд. Кӯдакон гуфтанд либос нахаред ба мактаб намеравем. Пули дар дастам буда танҳо ба як фарзандам расиду халос.  Аз бозор баргашта хона омадам 3 гусфанди худро фурӯхта ба фарзандони худ либоси мактабӣ харидам» .

 Либосро аз корхонаҳои ватанӣ харед  

       Тавре медонем аз соли 2007 инҷониб дар мактабҳои Тоҷикистон либоси ягонаи мактабӣ ҷорӣ шудааст. Дар аввал волидон либосро барои фарзандон аз бозорҳо дастрас менамуданд. Аммо солҳои охир аз волидон талаб шудааст,  ки либосҳоро аз ширкатҳои ватанӣ харидорӣ намоянд.   

       Самариддин, номи рамзии як сокини ноҳияи Вахш, ки барои фарзандаш аз мактаби таҳсилнамудаи фарзандонаш либоси мактабиро харидорӣ намудааст, мегӯяд: «Гуфтанд  аз фалон корхона ё аз мактаб рафта, барои фарзандонатон либосҳои мактабӣ харидорӣ намоед. Рафта дидем, сифати молҳо чандон хуб нест, аммо чӣ илоҷ маҷбур харидем».

    Инчунин, Шаҳноза Маҳмадсаидзода, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Вахш афзуд, ки «Бо супориши Вазорати маориф ва илми кишвар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Вахш тибқи нақша бояд 21 ҳазору 525 сару либоси мактабӣ таъмин шаванд. Ин сару либос бояд аз коргоҳҳои дӯзандагии ватанӣ харидорӣ шаванд».

     Манбаъ нигаронӣ аз он кард, ки сифати либосҳои мактабӣ дар сатҳи паст қарор дорад. Чанд нафар волидон борҳо ба утоқи кории ман барои сифати пасти либосҳои мактабии истеҳсоли дохилӣ шикоят намуданд. Бархе коргоҳҳое, ки либос истеҳсол мекунанд, гоҳо андозаи онро мувофиқ намегиранд, ки остин ва қадашон ба стандарт ҷавобгу нестанд, илова намуд Шаҳноза.

  Маориф бо 60 коргоҳи дузандагӣ шартнома дорад

       Диловар Исозода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон зимни нишасти хабарии ахириаш бо рӯзноманигорон гуфта буд, ки сифати либосҳои мактабӣ дар сатҳи аъло қарор надорад. сардори Раёсати маорифи вилоят зикр намуд, ки ҳамасола 50 фоизи хонандагон тибқи нақшаи Вазорати маориф ва илми кишвар бо либос таъмин карда мешаванд. Дар соли хониши 2019-2020-ум  низ аз шумораи беш аз 729 ҳазор хонандаи ҳудуди вилоят, ҳамагӣ бо 364 ҳазору 537 нафар нақша мебошад. Барои таъминоти либоси мактабӣ  дар миқёси вилояти Хатлон ба зиёда аз 60 корхонаву коргоҳи дузандагӣ шартнома баста шудааст.

 Барои  исботи гуфтаҳо  рӯзи 27-уми августи соли равон оид ба нарху навои бозори “Фаровон” дидан карда ба чунин тарз пешниҳод менамоем:

    Бояд гуфт, ки харидорӣ намудани либоси мактабӣ аз корхонаву когоҳҳои дузандагии дохилӣ барои пешрафти истеҳсолот ва рушди он мусоидаткунанда аст. Вале сифати пасти он низ ба буҷаи иқтисодии оилавии волидони хонандагон зарба мезанад, зеро аз сабаби паст будани сифат онҳо маҷбур мешаванд, ки ҳар сол барои фарзанд либос бихаранд.  Агар сифат беҳтар карда шавад метавонад хонанда як ҷуфт либосро 2 сол ё зиёда аз ин ҳам истифода барад.

                                                                          Аҳмади РАҲИМ