- Иҷтимоъ

Дар маҷлиси вакилони вилояти Хатлон масъалаҳои муҳим баррасӣ шуд

     Рӯзи 1 октябр, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷум, баргузор гардид. Рушди соҳаи тухмипарварӣ ва Барномаи рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон аз масъалаҳои калидии ин ҷаласа маҳсуб мешаванд.

      Иҷлосияро раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ифтитоҳ бахшида, вакилон ва иштирокдоронро бо масъалаҳои рӯзномаи он шинос намуд. Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 15 декабри соли 2016, №253, дар бораи «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баррасӣ гардид.

             42 хоҷагии тухмипарварӣ фаъолият дорад

Ба иттилоъи манбаъ дар вилоят 42 хоҷагии тухмипарварӣ, аз ҷумла дар соҳаи пахтакорӣ 26 хоҷагӣ: ғаллакорӣ 11 адад, картошкапарварӣ 2 адад, юнучқапарварӣ ва ғайра фаъолият намуда истодаанд. Фаъолияти ин хоҷагиҳо ба истеҳсоли тухмиҳои хушсифати мутобиқ ба иқлими шаҳру навоҳии вилоят равона гардидааст. Таҳлили фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ нишон медиҳад, ки вазъи имрӯзаи онҳо ба талаботи истеҳсол ҷавобгӯй набуда, талаботи хоҷагиҳои вилоятро ба тухмии хушсифат ҳамагӣ то 35% таъмин карда метавонанд.

    Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода таъкид намуд, ки ин ҳолат моро қаноатманд карда наметавонад, зеро тухмипарварӣ яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ ба шумор меравад, омадааст дар гузориши Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

                     Бунёди 39 иншоот дар доираи як барнома

    Вобаста ба масъалаи дувуми иҷлосия – “Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 20 декабри соли 2016, №261 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” дар шаҳру ноҳияҳо баррасӣ гардид. Ба иттилои Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, дар Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 дар зарфи 5 сол дар маҷмӯъ дар миқёси вилоят бунёди 566 муассисаи таълимӣ ва дигар иншоотҳои муҳими соҳаро барои 110150 ҷойи нишаст ба маблағи 1 миллиарду 135 ҳазору 661 сомонӣ пешбинӣ намудааст.

  Қайд гардид, ки ба ҳолати имрӯза дар доираи Барномаи мазкур дар сатҳи вилоят 39 адад иншооти нақшавӣ бунёд гардидааст, ки ба шаҳру ноҳияҳои Данғара — 10, Кӯлоб — 4, Восеъ — 4, Муъминобод — 5, Балҷувон — 5, Ховалинг — 2, Кӯшониён — 2, Вахш — 2, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шамсиддин Шоҳин, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ёвон, Панҷ, Темурмалик – 1-ададӣ иншоот рост меоянд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода таъкид намуд, ки новобаста ба он, ки давоми солҳои 2017-2019 дар доираи амалигардонии Барномаи мазкур ва берун аз он дар вилоят 84 иншооти соҳа бо шумораи 463 синфхона барои 10521 ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор дода шуд,ки ҳанӯз ҳам талабот ба муассисаҳои нави таълимӣ вуҷуд дорад. Гуфта шуд, ки татбиқи Барномаи мазкур нишон медиҳад, ки дар сатҳи вилоят дар муқоиса ба соли 2017 шумораи муассисаҳои таълимӣ ҳамагӣ 9 адад ва хонандагон 48100 нафар зиёд шудааст.  

                                                                              Аҳмади Раҳим