- Маориф

ЛИБОСИ ДОНИШҶӮ НЕ, ДОНИШАШ БОЯД МУҲИМ БОШАД

Имрӯз новобаста аз мушкилоти ҷойдоштаи системаи таҳсилот дар донишгоҳҳои кишвар ҳар камбудие, ки дида мешавад барои ислоҳ ба сари донишҷӯ бор мекунанд. Аммо касе овоз баланд карда наметавонад, ки айб танҳо дар “мош” не, балки дар “ош” ҳам ҳаст.

Ош-донишгоҳ, мош-донишҷӯ

Кунун, ки замони таҳсил дар донишгоҳҳои кишвар тариқи кредитӣ  сурат мегирад, донишҷӯ бояд озод ва мустақил бошад. Аммо мушоҳида мекунем, ки системаи кредитии раванди таҳсилот аз анъанавӣ ҳеҷ фарқе надорад. Чун дар системаи анъанавӣ таҳсилот нисбат ба низоми кредитӣ куллан фарқ мекард ва доираи таҳсил ва фаъолияти донишҷӯ қисман маҳдуд ва мушкилоташ зиёд буд. Аммо низоми кредитӣ, ки чун сиситемаи санҷидашуда дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷаҳон аст, ба донишҷӯ озодии таҳсил, фаъолият ва иштирок дар дарсҳоро медиҳад, ки ин принсипҳо қариб, ки дар ягон донишгоҳҳои ҷумҳурӣ дида намешавад. Аз ин маълум мешавад, ки айб на дар донишҷӯ, балки дар муассиса будааст.

Таҳсилоти фосилавӣ, мушкил ё пешрафт…

Дар баробари ин шуруъ аз соли таҳсили нав 2019-2020 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ системаи таҳсилоти фосилавӣ ба ҷойи ғоибона ҷорӣ карда шуд. Системаи таҳсилоти фосилавӣ низомест, ки дар он танҳо донишҷӯ дар фосила аз муассиса истода таҳсил карда, танҳо имтиҳонро омада дар донишгоҳ месупорад. Дигар ҳамаи раванди таҳсил тариқи сомонаи махсуси донишгоҳ дар бахши фосилавӣ сурат мегирад. Донишҷӯ ба сомона тариқи рамзи махсуси худ ворид шуда, лексия ва саволномаҳоро дастрас намуда омода мешавад ва ба донишгоҳ омада имтиҳон месупорад. Дар ин низоми таҳсил то кадом дараҷа азхудкунии дониш ва малакаи касбӣ инкишоф меёбад, номаълум. Ва аммо баъд толибилме, ки аз ноҳияи куҳистони кишвар тариқи ин система ба донишгоҳ дохил мешавад, чӣ гуна бе надонистани истифодаи интернет ва дастрасӣ ба он таҳсилро идома медиҳад, ин низ номаълум?  

Ба дониш на, балки ба сару либос баҳо медиҳанд

Чун аз азал дар системаи таҳсилоти кишварамон талабот нисбат ба маънавиёт ба моддиёт, яъне на ба дониш, балки ба сару либос ва мисоли зоҳирии толибилмон зиёд аст, муҳим нест, ки ӯ доно аст ё нодон, асос шиму костюм ва риши гирифтаву галстук дошта бошад кифоя аст. Аммо бароҳмонии ин талабот маҳз хатогии мост, зеро дар давлатҳои мутараққии ҷаҳон на ба либос ва на ба симои зоҳирӣ эътибор медиҳанд, балки ба онҳо муҳим дониш ва фаъолияти илмии донишҷӯ аст. Аз ин сабаб системаи омодакунии кадрҳои онҳо нисбат ба мо чандин солҳо пешрафтаанд.

Ҳар пагоҳӣ дар ҳар як даромадгоҳи донишгоҳу донишкадаву колеҷу литсейи ҷумҳурӣ назоратчиён меистанд ва донишҷӯёну толибилмони зоҳирашон ба талабот ҷавобгӯ набударо аз пеши дари муассиса меронанд ва ё танбеҳ ва ҷазо медиҳанд. Вале агар панҷ – даҳ дақиқа бинобар камбудии нақлиёти шаҳрӣ  ё дурии роҳ донишҷӯ дер кунад, соҳиби тамғаи ғоиби чанд соати дарси ҳамонрӯза мегардад, ки ин ба ягон талаботи низоми кредитӣ  рост намеояд. Зеро донишҷӯ соати аввал дер кард, на соатҳои 2-юму 3-юму 4-ум.

Ҳеҷ гоҳ мо шоҳиди ҳодисае нашудаем, ки дар он устод донишҷӯи ба дарс омода набударо аз синфхона ронад. Аммо ҳолати бе либоси намунавӣ ва бе галстук омадани донишҷӯ ва аз дарс берун кардани ӯро борҳо мушоҳида кардаем. Лек мушкилот дар чист, ки имрӯз маҳз ба моддиёт эътибори ҷиддӣ медиҳанду ҷиҳати маънавиёт аз назарҳо дур мондааст. Ин ва дигар ҳодисаҳо сабаб мешавад, ки донишҷӯ ҳам аз хондан ва ҳам аз таҳсили ояндааш дилгир шавад. Албатта назорат бояд бошад, аммо ба ҳадди имрӯз на.

Ҳама бало ба сари донишҷӯ

Имрӯз ҳар як чорабиние, ки баргузор мегардад, албатта дар он донишҷӯён ҷалб карда мешаванд. Шуруъ аз Иди Наврӯзу Ваҳдат то Парчаму Истиқлолият. Маршировкаҳо имрӯз қариб ба дили ҳар як донишҷӯйи тоҷик задааст. Зеро эшон, ки дар Душанбе иқомат мекунанд, ҳам ба ҳар як раҳпаймоиҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ҷалб карда мешаванд. Қариб аз як то ду моҳ баъзе вақт омодагӣ барои бургузории чорабинии фарҳангӣ бахшида ба ягон ид тӯл мекашад, аммо барои бечора донишҷӯён ягон ҳавасмандие на аз тарафи масъулин ва на аз тарафи донишгоҳ дода намешавад.

Пас бо ин қадар мушкилот чӣ тавр умед баста метавонем, ки ҳазорҳо донишҷӯёни кишвар, оянда аз рӯйи виҷдон содиқона ба ватан хизмат ва кор мекунанд.

Нуралӣ Карим