- Иқтисод

Ба сӯзан ҷамъ кардану ба панҷшоха бод додан амали оқилон нест

Ба андешаи ман ҳамчун рӯзноманигори собиқадор як анъанаи бисёр нохубе,ки роҳбарони ноҳияҳою вазоратҳоро сироят кардааст ва баробари ба курсии роҳбарӣ соҳиб гардидан аз таъмири идораҳои боҳашамати хеш сар мекунанд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Баҳром Иноятзода низ аз ин амали барои аҳли ҷомеа нофорам ба кор оғоз намуд. Бинои мақомоти иҷроияи ҳукумати шаҳр, ки якчанд маротиба аз ҷониби раисони собиқ таъмири асосӣ шуда буд ва барои маблағҳои калонро дигарбора дар кори тарошидану харошидану чаппа кардани пешгоҳи дару тирезаҳо, деворҳои зери бом беҳуда масраф кардан дили ҳама месӯзад.

Охир пули андози буҷаи давлат низ аз ҳисоби андозсупорон аст. Онро низ эҳтиёткорона дар масоили мубрами ҳаёти иҷтимоӣ масраф кардан андешаи оқилона мебуд. Зеро давлати мо сараввал давлати иҷтимоист. Кам нест оилаҳое, ки дар ҳолати вазнини нодорӣ умр ба сар мебаранд. Лиҳозо, хуб мешуд, ки ба чунин оилаҳо кӯмакпулиҳои иловагӣ, ройгон хонаҳои истиқоматӣ сохта туҳфа мекарданд.Ҳол он ки тибқи навиштаи рӯзномаи ғайридавлатии «Пайк»,ки ба ошкорбаёнию ҳақиқатнигориаш миёни хонандагон  мавқеи махсусро қоил  аст,маблағи барои ин кор ҷудошударо барои демонтаж 744 ҳазор нишон додааст.

Барои пурра обод карданаш боз аниқ маблағи ҳангуфте бояд масраф шавад. Дар шароите ки  бунёди аксарияти иншоотҳои ҷашнӣ нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳо дар Кӯлоб мувофиқи матлаб нест,ин ҳотамии муҳтарам Б.Иноятзода магар дар чорчӯбаи ахлоқи мансабдори давлатӣ ҷавобгӯст?

Чанде пештар Ҷаноби Олӣ дар шаҳри Ваҳдат  ,вақти иддае аз иншоотҳои ҷашниро  ба истифода доданашон ба 11 оилаи камбизоат ва ба манзил эҳтиёҷдошта хонаҳои тозабунёдро бо тамоми таҷҳизоти рӯзгор тӯҳфа намуданд.Албатта, дар ин ҷавонмардӣ саҳми шаҳрдор Амирзода Раҳмоналӣ  Амир бебаҳост.

Магар дар   шаҳри Кӯлоб ин гуна эҳтиёҷмандон нест? Чунин оилаҳо ин ҷо ба маротиба зиёданд.Апаи Майрамбӣ  чанд сол боз дар хонаи садамавӣ бо аҳли байташ,ки ҳама ҳучбеморанд,зиндагӣ дорад.Вақти саршавии боронгариҳо рӯзу шаб худо мегӯянд,ки боронгарӣ кам шавад,вагарна ҳамаашон   селобаи сангоб мегарданд.

Гап дар сари он ки вақти ба вилояти Суғд зада даромадани полковники ватанфурӯш Маҳмуд Худойбердиев ду нафар  фарзандони  шуҷои кампири Майрамбӣ то қатраи охирини хун ҷангида ,дар кори аз хоки муқаддаси меҳан зада баровардани душман ҷоннисориҳо нишон доданд.

Аз миёни раисони собиқи шаҳр Хайруллои Амонулло ягона сарваре буд,ки дарду доғи модарро чун инсони заминӣ эҳсос намуда,ба сохтмончиён супориш дод,ки дар ҷои манзили садамавӣ лоиҳаи бинои якунимошёнаро омода бисозанд ва онро чун   бинои ҷашнӣ сараввал бунёд мекунем.Мутаасифона, Хайруллои Амонулло дар ҳукумати вилояти Хатлон ба кор рафту  навсозии хонаи модари ҷигарсӯхтаро ба рангмолию бомашро бо шиферҳои куҳна пушидан мутасаддиён аз сар соқит карданианд.

-Президентамон Эмомалӣ Раҳмон маро хуб мешносанд.Баъди фавташон фарзандони шуҷои маро бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотониданд. Ҷаноби Олӣ он ҳамаро ба ман супорида ,барои тарбияи фарзандони паҳлавону нотарсам меҳрубониҳои зиёде намуданд. Акнун  маҷбурам мушкилотамонро ба он кас арз бикунам. Ин роҳи ягонае аст,ки моро аз балои зери деворҳои фарсуда мондану ҳалок шудан халос мекунад ,-дилпурона мегӯяд апаи Майрамбӣ. Мо низ ба ин боварӣ дорем. Ва барояш саодат хоҳонем.       

То ҷое, ки мо иттилоъ дорем, дар Амрико, Канада ва ҳатто Шриланкаю Аргентина ва садҳо давлатҳои хурду бузурги дигар раияташон аз ин гуна ғамхорӣ бархӯрдоранд. Ҳол он ки дар ин давлатҳо аз ҳама биноҳои назарногир ва хоксорона бунёдгардида идораҳои ҳукуматианд.

Агар мансабдорони Тоҷикистони азиз низ ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти мамлакат гуфтори хирадмандонаи Президент Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои Миллатро «Мо бояд дар хизмати халқ бошем, на халқ дар хизмати мо» сармашқи ҳаррӯзаи кори худ намоем, мушкилоти аҳли меҳнат ҳамвора бартараф мегардад.Зеро ба сӯзан ҷамъ кардану ба шохин бод додан амали оқилон нест.

Ғайбулло Ҳалимов, мухбири махсуси рӯзномаи «Минбари Халқ» дар вилояти Хатлон