- Сиёсат

ВАФО НИЯТБЕКЗОДА ДАР ВАРШАВА МАНФИАТИ КИРО ҲИМОЯ КАРД?

  Ҳамин дирӯз дар расонаҳои байналмилалӣ хабаре дар мавриди баҳси байни нерӯҳои опозитсион ва намояндагони ҳукумати Тоҷикистон бо раёсати САҲА дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) пахш шуд ва сарусадоҳои зиёд ба бор овард. Радиои Озодӣ низ дар ин мавзӯъ бо пайгирии хабарнигор Тоҳири Сафар таҳти унвони «Нишасти САҲА: «Рӯзноманигорӣ то рафт кори хатарноктар мешавад»» маводе рӯйи мавҷ овардааст. Мо ба баҳси байни ин ду ниҳод коре надорем, чунки вазифаи опозитсия аст мудом ҳукумати амалкунандаро сиёҳ кардану вазифаи намояндагони ҳукумат худро дифоъ кардан аз ин интиқод. Ин чизи ҷолиб нест, дар тамоми дунё рисолати  ду мухолиф ҳамин аст. Ҷолиб дар баҳси Варшава тамоман чизи дигар буд-ноуҳдабароии намояндаи ҳукумати Тоҷикистон Вафо Ниятбекзода, сардори раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷӣ дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Чуноне, ки мебинем вазифаи ишғолкардаи ин мард, сахт марбут ба матбуоти кишвар аст. Вобаста ба ин, мавсуф бояд бар зидди опозитсия бо омодагии пухта мерафт ва ба қавли баъзеҳо «даб-далаи» мухолифинро мебаровард. Ба андешаи мо Ниятбекзода камтарин коре, ки мекард, бояд бо сармуҳаррирони ҳама ҳафтаворҳои мустақили ҷумҳурӣ во хурда, назари онҳоро дар шакли видео мегирифт, ки чӣ гуна фаолияти озодона доранд, касе ба онҳо таҳдиду фишорро раво намебинад. Дар қиболи суханони опозитсия дар хусуси таҳдиду фишор бошад, хомӯшӣ ихтиёр мекард ва тариқи наворҳои видеоӣ ҳамаро русиёҳ карда мепартофт.

Ниятбекзода бошад на танҳо назари объектҳои асосии баҳс- соҳибони нашрияҳои озодро нагирифт, балки дар бораи расонаҳои хабарии мустақил ҳатто тасаввурот надоштааст. Исбот? Марҳамат! Дар гузориши Тоҳири Сафар дар Радиои Озодӣ  омадааст: «Намояндаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар бораи аз байн рафтани нашрияҳои мустақил, ки ба гуфтаи вай ангуштшуморанд, сӯҳбат кард ва нашрияҳои “Озодагон” ва “Пайк”-ро мисол овард. Вафо Ниятбекзода гуфт, «ин нашрияҳо баръакси иддаои соҳибонашон на ба сабаби фишору таъқиб, балки ба сабабҳои иқтисодӣ ва аз ҷумла қарздор шудан аз чопхонаҳо аз нашр мондаанд».

Шигифто, Вафо-ако ҳатто намедонад, ки «Пайк»-ро касе набастааст, ният ҳам накардаанд. Дуруст аст, ки таҳдид мекунанд, аммо ин дар тамоми дунё амри маъмулист. Дар Русияву Амрико ва дар худи Варшава ҳам, журналистонро таҳдид мекунанд ва ҳатто гоҳо ба қатл мерасонанд. Мисол овардан зарурат дорад, хонандаи гиромӣ? Албатта не, чунки мову ту садҳо мисол дорем.  Дар Варшава бошад, дар ҳоле, ки намояндагони опозитсион аз баста шудани ҳафтавори мустақили ҷамъиятию-сиёсии умумиҷумҳуриявии «Пайк» ҳарф мезананд ва ҳукуматро ба диктаторӣ айбдор карданӣ мешаванд, намояндаи ҳукумати Тоҷикистон аз ноӯҳдабароӣ ва коҳилӣ чун дар қартабозӣ козери худро ба дасти мухолифон медиҳад. Ӯ бо онҳо розист, ки «Пайк»-ро бастаанд ва аз ин мавқеъ баҳс мекунад. Ба андешаи мо бояд мегуфт, ки шумо ҷанобон мухолифон дурӯғ мегӯед, «Пайк»-ро касе набастааст, мисли пештара бо ҳама каму костагиҳои рӯзгор дар набард аст, танқид мекунад, то камбудиҳо ислоҳ шаванд ва аз муваффақиятҳо ҳам мавод ба чоп медиҳад то ватани азизамон боз ҳам рушду пешрав бошад.

 Ҳафтавор мустақил аст, аммо ҳадафаш васфи кадом мансабталош нест, тамаллуқзанию чоплӯсӣ нест. Ҳар ҳафта сари вақт ҳафтавори «Пайк» ба нашр ва ҳамон рӯз ба дасти хонанда мерасад. Қандата зану як шумораашро дертар ба хонанда расон, ба редаксия омада қиёматро қоим мекунад. Шукри Худо ҳафтавори «Пайк» на танҳо мушкилоти молиявӣ надорад, балки ғолибан маблағи чопро пешпардохт мекунад. Маблағи суратҳисоби «Пайк» баъзан барои гузаронидани чорабиниҳои гуногуни ҷамъиятӣ низ басандааст. Мухлисону ҳаводорони мо дар ин чорабиниҳо борҳо иштирок ва суханронӣ кардаанд. Коллективи меҳнатии ҳафтавор тасмим дорад рӯзи 5 октябр дар рӯзи Забон чорабинии навбатӣ гузаронад. Аз фурсат истифода бурда мо ҳамаи ҳаводорони варзиши ғайриоддиро ба чорабинии худ, ки иборат аз пойгаи дучарха ва сечархаронӣ байни кӯдакони то 6 сола ва духтарони то 10 сола баргузор мегардад, даъват менамоем. Ғолибонро мукофотҳои пулӣ ва молӣ интизор аст.

Ниятбекзода бояд дар қиболи мухолифин ба ҷойи хабари иғвобарангези бастани «Пайк» аз боби он сӯҳбат мекард, ва намунаҳои ҳафтаворро бурда ба маърази тамошо мегузошт, ки ягон маводи тамаллуқӣ, чоплӯсӣ ва таърифӣ надорад, балки ҳама саҳифаҳо пур аз танқиди масъулини бемасъулият аст, аммо касе онро намебандад.

Чуноне, ки гуфтем, гоҳо мансабдорони алоҳида аз мансаб суистифода карда, аҳли эҷод ва узви оилаҳои онҳоро мавриди таҳдиду фишор қарор медиҳанд. Ахиран раиси ҳукумати шаҳри Кӯлоб даст ба ин амали нанговар зада буд, ки мо дар он бора дар маводи «Пайк аз таҳдид наметарсад» батафсил гуфта гузашта будем, бинобар ин такрори онро салоҳ намебинем. Ниятбекзода қабл аз ба Варшава рафтан бояд бо раиси таҳдидгар сӯҳбат мекард ва дар онҷо дар ҳузури опозитсион аз натиҷаи сӯҳбаташ хабар медод, ки таҳдидгарро танбеҳ додааст. Мавқеи як масъул ба ҳеҷ ваҷҳ мавқеи ҳукумати кишвар маҳсуб намешавад. Дар кишвари мо онқадар демократия аст, ки як ҳафтавор қудрат дорад бо дилхоҳ мансабдори сатҳи баланд баҳсу мунозира карда, ҳатто ғолиб барояд. Ҳар гулу гумроҳ ҳам медонад, ки агар ҳукумати кишвар хоҳад ҳар як расонаи хабариро дар як они воҳид мебандад, касе ҳам сабабашро исбот карда наметавонад.

Боз мисол мехоҳед? Марҳамат! Дар шумораи инҳафтаинаи ҳафтавори «Пайк» маводе ба нашр расид таҳти унвони «Бахши Ҷавонони минтақаи Кӯлоб бо протсент қарз мегирад.» Дар ин мавод аз он хусус гуфта мешавад, ки бахши Ҷавонони минтақа аз саррофони кӯча маблағ, он ҳам бо фоизи баланд қарз мегирад. Ин дар ҳоле, ки Кумитаи Ҷавонон аз ин хилваткории бахши Ҷавонони минтақа гӯё бехабар буд. Пинҳонкориро бошад санҷишгарони Палатаи Ҳисоби ҷумҳурӣ,масъулият ҳис карда, ошкор сохтаанд, ки аҳсан ба онҳо.

Баръакси дигар ниҳодҳо Кумитаи Ҷавонони ҷумҳурӣ роҷеъ ба ин алайҳи ҳафтавори «Пайк» вокуниши оҷилӣ нишон дод. Дар рӯзи дуюми ба савдо баромадани ҳафтавор раиси Кумита ба зердастони худ дар шаҳри Кӯлоб фармон додааст ҳафтавори танқидгарро аз утоқи корӣ маҳрум созанд. Гап сари он, ки ҳафтавори «Пайк» ва қабл аз он ҳафтавори дигари барҳамхурдаи «Пажвок», ки хабарнигоронаш ҳама ҷавонони то 22 сола буд таи 11 соли ахир дар ин ду утоқи хурдакаки Маркази Ҷавонони Кӯлоб дафтари корӣ доштанд. Ҳам дар ин ду утоқи хурд 20 нафар ҷавонони дигар таълими журналистӣ мегирифтанд.

Акнун вазифаи ҷонии Ниятбеков довар будан дар ин қазия аст, то ҳақ ба ҳақдор расад ва забонаш дар чунин нишастҳо дар қиболи опозитсия гӯё шавад, яъне бо амали пуштибонӣ аз матбуоти мустақил мушт ба даҳони бадхоҳон зада тавонад.

Ҳақ ба ҷониби устоди бузургвор ҳаким Фирдавсии Тусист, ки дар «Шоҳнома»-и безаволи худ дар мавриди намояндагони давлатҳо гуфта:

                        Фиристода бояд, ки доно бувад,

                        Далеру хирадманду гӯё бувад.

Айни ҳол намояндаи давлати мо дар Варшава, ба андешаи мо, манфиатҳои кишвари моро ҳимоя карда натавонистааст, ки афсус… .

Дар охир таманнои онро доштем, ки минбаъд дар чунин вохуриҳо бояд намояндагони матбуоти мустақил сафарбар шаванд, на ҳар масъули аз вазъият тамоман ноогоҳ. Масалан, сармуҳаррирони ҳафтавори мустақили «Пайк», «СССР», «Фараж» ва «Тоҷикистон» қудрате доштанд, ки бо дилхоҳ мухолифин баҳсу мунозира карда бо ҳастии худ исбот созанд, ки дар ҷумҳурии Тоҷикистон озодии баён побарҷост ва минбари он- матбуоти озод дар ҳоли рушд асту пешравӣ.

                                                                  Аҳмади Иброҳим