- Варзиш

Бахши ҷавонон дар минтақаи Кӯлоб бо % қарз мегирад

   Дар давоми соли ҷорӣ кормандони Палатаи ҳисоб зимни санҷишҳои аудитӣ дар як қатор идораҳои минтақаӣ Кўлоб маблағҳои ғайримақсаднокро ошкор намуданд. Дар ҳамин қатор бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кўлоб низ буд, ки тибқи хулосаи санҷишгарон зиёда аз 63 ҳазор сомонӣ бо иллатҳои номаълум аз як самт ба самти дигар, ё ба истилоҳ ғайримақсаднок равона гардидааст. Ин нуқтаро роҳбари бахши мазкур Зайниддин Давлатов тасдиқ намуда, гуфт: “дар ҳақиқат чунин ҳолат ҷой дошт ва баъди ошкор шудан, ин маблағҳо бозпас баргардонида шуданд.  Ба иқрори ин ҷаноб, дар зиёд маврид маблағҳо аз Кумитаи марказӣ дер ҷудо мешаванд ва мо маҷбурем рафта аз “валютчик”-ҳо бо фоиз (протсент) қарз гирифта, варзишгаронро ба мусобиқаҳо сафарбар намоем. Дар як  нишасти матбуотӣ, дар ҳузури журналистон қайд карда буд, ки “маблағҳои моро молия сари вақт пардохт намекунад ва ё маблағҳои мо дар “минфин” манъ мешавад”.

Дар асри 21 идорае, ки муҳтоҷи чанд сарроф аст, чӣ мешавад оқибати ин идора бо кормандону роҳбараш?

Абдуллозода аз пеши худ қонун мебарорад?

  13 ва 14-уми сентябри соли ҷорӣ ба идораи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кўлоб ду маротиба рафтем, дар идора касе набуд, ҳарчанд ки рўзи корӣ ба анҷом нарасида буд. Дар  сўҳбати телефонӣ роҳбари бахши ҷавонони минтақа   гуфт. “Баъди сафари кории ҷаноби Олӣ, раиси Кумита кор бо ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурӣ Абдуллозода Аҳтам маро 15 рӯз ҷавоб дод. Бояд ёдовар шуд, ки дар давоми сафари кории Пешвои миллат аз раиси кумитаи ин идора сар карда то кормандони раёсати ҷавонони вилояти Хатлон ва ҳам бахши ҷавонони  шаҳри Кўлоб буданд ва супоришҳои гирифтаашонро ба анҷом расондаанд, илло Бахши ҷавонони минтақаи Кўлоб. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки сафари кории Пешвои муаззами миллат ба Кўлоб 11-уми сентябр анҷом ёфта буд. Аммо, бо кадом сабаб ва чиро асос намуда, раиси Кумитаи кор бо ҷавонони ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода раиси бахши кумитаи кор бо ҷавонони минтақаи Кўлобро ( ба шаҳодати худи Давлатов) барои “истироҳат”аз кор ҷавоб медодааст ва он ҳам ба мўҳлати 15-рўз? Ба чӣ хотир ва дар кадом асос  як мақоми баландпоя зидди Кодекси меҳнат амал мекунад?

Як миллиону сад ҳазор сомонӣ барои хароҷот

   Маблағҳои хароҷотии ин идора 1 млн 100 ҳазор сомониро барои як сол ташкил медиҳад. Хароҷотҳои моддию молӣ 230 000 сомонӣ, 245 000 хароҷотҳои ҷорӣ ғайр аз таъмир, 130 000 сомонӣ пардохти хизматрасонии мутахассион, 495 000 дигар молу хизматрасониҳо бо категория. Раиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Зайниддин Давлатов гуфт,  “асосан ин маблағҳо барои сафарбарии варзишггарон ва гузаронидани чорабиниҳо ва маоши кормандони шартномавӣ пешбинӣ шудаанд. 230 ҳазор сомонӣ барои харидории дигар маводҳои зарурӣ. “Дар ҳамин маврид танҳо гуфт, ки барои омадани ҷаноби Олӣ дар ноҳияи Ховалин бо маблағи 13 000 сомонӣ либос харидам, дар ноҳияи Муъминобод 9 000 ҳазору 600 сомонӣ ва дар ноҳияи Балҷувон бошад бо 13 000 сомонӣ байрақ харидам. Бақияи маблағҳо барои харидории моддию молиро Зайниддин Давлатов фаромўш кардааст.

   Давлатов дар идома илова намуд, ки 130 ҳазор сомонӣ барои маоши кормандони шартномавии идора масраф гаштааст, ҳоло бошад дар идораи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақа шумораи кормандони шартномави 6 нафар будааст, ки ба иқрори роҳбари бахш  маоши эшон то  600 сомонӣ тасдиқ ёфтааст.

Мантиқан, маблағи сарфшуда, ё худ маоши коргарони муваққатӣ тайи 1 соли дароз ҳамагӣ 12х6х600=43200 сомонӣ будаасту бас. Дар ҳоле, ки бахши ҷавонони минтақа дар 6-моҳ аллакай 130-ҳазор сомонӣ барои онҳо сарф карда будааст. Бақияи ин маблағ ба  куҷо ва барои чӣ ё кӣ сарф шудааст, номаълум боқӣ мемонад. Ба ҳар ҳол ҷаноби Давлатов нахост дар ин бора маълумот диҳад. Шояд дар Кумитаи ҷавонони ҷумҳурӣ ва ё мақомоти дахлдор ин сирро ошкор карда тавонанд?

Давлатов зидди сиёсати давлат аст?

  Мо хостем оид ба харидории таҷҳизотҳо барои мактабҳои варзишӣ аз Давлатов  пурсон шавем, аммо ин ҷаноб бо исрор як ҷумларо мегуфт, “шумо ревизёр ҳастед”. Ҳарчанд ба ин ҷаноб мефаҳмонидем, ки мувофиқи моддаи 26-27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО” шумо вазифадоред, ки ба рўзноманигорон иттилоъ диҳед, вале ў  мегуфт, ки ҳаққи гуфтани таҷҳизотҳои харидаамро надорам. Пас худ андеша намо хонанда, ки танҳо мо як самти ин идораро пурсон шудем, ин ҷаноб бо ғазаб ба мо чунин суханонро гуфт. Яъне зери коса нимкоса ҳаст. Ва аммо қонуне, ки ПАРЛУМОН тасдиқ намуда, Пешвои миллат онро имзо гузоштааст, барои ин ҷаноб аҳамияте надоштааст.

   Пешвои муаззами миллат доимо дар баромадҳояш қайд менамояд, ки варзишгаронро дастгирӣ намоед, зеро онҳо парчамбардори миллатанд. Дар ҳамин ҳол як чизи дигарро гуфтан ба маврид аст, ки чанд моҳ қабл Сорбон Латипов аз ҳисоби маблағҳои худ дар мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, ҷойи 2-юмро гирифт, лекин ҳангоми баргаштан ба зодгоҳаш шаҳри Кўлоб, Зайниддин Давлатов ҳамчун як масъули калидии соҳаи варзиши минтақа ҳатто ба истиқбол ин ҷавони парчамбардор нарафт. Оё ин бепарвоӣ ва беқадри нисбати варзишгарон, зидди сиёсати Президент унвон намешавад?

Ҳолдонҳо мегўянд, ки Давлатов беш аз 20-сол мешавад роҳбарии ҳамин Бахшро ба ўҳда дорад, вале ҳамагӣ дар ҳайратанд, ки чаро ротатсия ўро тайи ин муддат фаромўш карда меояд.

Муҳаммади Мӯсавӣ