- Иҷтимоъ

 Хабар ба падару модар

Кутепов Андрей Викторович, намояндаи мақомоти ҳокимияти давлатии Санкт-Петербург.

Раиси Кумитаи сиёсати иқтисодии Шӯрои Федератсия Россия Андрей Кутепов лоиҳаи қонуни ҳуқуқи гирифтани иттилооти вазъи саломатии кӯдаконро аз тарафи падару модари наврасони 15 сола ва ба синни балоғат расидаро ба Ҳукумати ФР баррасӣ кард.

Сухани сенатор он аст, айни замон ноболиғони 15-16-сола аз кормандони тиб танҳо худашон дар бораи бемории нашъамандӣ маълумот гирифта метавонанд. “Падару модар масъули онанд, ки саломатии фарзанд хуб бошад. Онҳо аз уҳдаи ин кор баромада наметавонанд, дар ҳолате, ки дорои ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот дар бораи вазъи саломатии фарзандони ноболиғро надоранд. Одатан, дар чунин сину соли гузариш, ноболиғ ба падару модар майли хабар додани мушкилии худро надорад. Ба хусус, дар бораи  ҳомиладорӣ, касалии венериологӣ, аз маъюб шудан дар лату кӯб бо ҳамсолон, ҳавову ҳавас ба истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ва маводи мухаддир«.

Минбаъд, баъди қабули қонун, ҳолати саломатии ноболиғ аз тарафи табибон ба падару модар расонида хоҳад шуд.  Минбаъд, баъди қабули қонун, ҳолати саломатии ноболиғ аз тарафи табибон ба падару модар расонида хоҳад шуд. 

Шамсиддини Муқим,

мухбири махсуи “Пайк” дар Россия

Сарчашма: Шӯрои Федератсия Россия