- Иқтисод

Кӯмакпулӣ бо таъхир

Аз тарафи “Амонатбанк”-и №57-и шаҳри Кӯлоб кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои кабизоат — гирандагони кӯмаки унвонии иҷтимоӣ бо таъхир дода мешавад. Масалан, аҳли оилаи ман, ки гирандаи кумаки унвонии иҷтимоӣ мебошем, кӯмакпулии моҳи июни соли ҷориро, ки 100 сомон мебошад, ҳануз гирифта натавонистаем. Кормандони “Амонатбонк”-и № 57-и шаҳри Кӯлоб гуфтанд, ки моҳи дигар, моҳи июл, биёед. Моҳи июл рафтем, гуфтанд пул нагузаштааст, моҳи август биёед, моҳи август боз ҳамон гап, гуфтанд охири август биёед. Охири август рафтем, гуфтанд: моҳи сентябр хабар гиред. Гуфтан лозим аст, ки чунин ҳолат дар дафъаи пешинаи гирифтани кӯмакпулиамон низ рух дода буд. Моҳи март бояд мегирифтем, омада-омада дар охири моҳи май гирифтем. Ин қадар саргардон кардани одамон дар атрофи банк чӣ маънӣ дорад?

Аз тарафи Ҳукумати шаҳри Кӯлоб маблағ сари вақт гузаронида намешавад,-мегӯянд кормандони “Амонатбонк”-и №57-и шаҳри Кӯлоб.

Акбар Маҷид