- Маориф

Алберт Разин барои забон худсӯзӣ кард

 Алберт Разини 79 сола, рӯзи 7 сентябр назди бинои порлумони Ҷуҳурии Удмуртистони Россия худро оташ зад.  Фаъолияти кории ин олим нишон медиҳад, ки тамоми ҳаёти ӯ мубориза барои нигоҳ доштани забони миллӣ будааст.

Духтурон баъди ҳодисаи нохӯш хабар доданд, ки зиёда аз 90% бадани олим сӯхтааст, ки ӯро наҷот дода натавонистанд.

Ин олим, собиқ директори Донишгоҳи давлатии омӯзиши инсони Удмуртистон буда, барои нигоҳу равнақ додани забони мардуми хеле камшумори удмурт солҳои дароз мубориза мебурд. 

Соли гузашта, якҷоя бо чанд ҳамфикрону ҳамкасбон мактуби кушод ба вакилони Шӯройи Давлатии кишвар ба умеди қабули лоиҳаи “Қонун дар бораи омӯзиши забони миллӣ”-ро навишта буд.

Разин хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Удмуртистон, ихтисосаш муаллими химия ва биология мебошад. Аъзои Шӯрои олимон, ходими шинохтаи илм ва роҳбари ташкилоти “Шӯрои куҳансолони Удмурт” аст.

Чанд рӯз пеш аз ин фоҷиа, Алберт Разин  назди майдони бинои Шӯройи Давлатӣ бо шиори сатре аз шеъри шоир Расул Ғамзатов:

“…Агар донам, ки фардо забони ман мемирад,

Ман омодаам, ки имрўз бимирам”  баромад карда буд. Эҳтимол дорад, ки аз таъсири зиёди чунин сухани шоир, худсӯзӣ карда бошад.

Сарчашма: ВАО-и ФР

Шамсиддини Муқим,

мухбири махсуси “Пайк” дар Россия