- Маориф

ХОВАЛИНГ: Кӯдакон дар орзӯи кӯдакистонанд?!

Дар ноҳияи Ховалинг фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ҳамагӣ 1%-ро ташкил медиҳад, (ба истиснои марказҳои инкишофи кӯдак) ки дар ин марказҳо 546 нафар ҷалб шудааст, боқимонда кӯдакон аз кӯдакистон маҳруманд. Инчунин, дар як кат ду нафар хоб будани кӯдакон, нокифоя будани маблағгузорӣ  дар ин ноҳия аз мушкилоти меҳварии соҳа  ба шумор меравад.

Албатта ояндаи ҳар як ҳалқу миллат ба донишманду соҳибмаърифат тарбият ёфтани насли наврасу ҷавони он вобастагии калон дорад, аз ин хотир бояд бештар ба зинаи таҳсилоти томактабӣ таваҷҷуҳ кард.  Зеро дар бархе  ноҳияҳои вилояти Хатлон норасоии кӯдакистонҳо бештар ба чашм мехӯраду аксари кӯдакон аз боғчаи бачагона маҳруманд. Ноҳияи Ховалинг низ аз зумраи ноҳияҳои дурдаст ва кӯҳистони вилоят ба ҳисоб меравад, ки ин омил аз умдатарин масоил ба ҳисоб меравад. Дар ин ноҳия як муассисаи томактабӣ бо номи “Маҳваш”мавҷуд аст, ки дар он шумораи андаки кӯдакон тарбия мегиранд.

Чанд мушкилии кӯдакистони “Маҳваш”  

   Тибқи иттилои дастрасшуда ин кӯдакистон барои 120 нафар сохта шудааст, вале аз сабабҳои гуногун дар он имрӯз 75 нафар ҷалб гардидаасту халос. Омили асосии ин камбудиро масъулини муассиса дар он медонанд, ки дар ошёнаи якуми кӯдакистон кӯдакони имконияташон маҳдудбуда фаъолият менамоянд.

  Паригул Тураева, мудири боғчаи зикргардида афзуд, ки “Дар кӯдакистон 3 гурӯҳ фаъолият  дорад, ки барои хӯроки рӯзонаи онҳо 277 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки ин сари ҳар кӯдак 3 сомонию 70 дирам рост меояд, ин маблағ ба нарху навои бозор рост намеояд. Дар ин маврид чандин маротиба ба Шуъбаи маориф, Раёсати молия ва мақомоти  маҳаллӣ муроҷиат намудам, ваъдаҳо ҳаст, ки ин камбудӣ бартараф мешавад”.

      Ҳамсуҳбати мо иддао кард, ки рӯзона сари ҳар таълимгиранда барои хӯрока 3сомонию 70 дирам рост меояд, ки ин басанда нест. Манбаъ шиква аз он кард, ки муроҷиат зиёд аст, аммо мо имкон надорем, ки ҳамаи онҳоро ба кӯдакистон ҷалб намоем. Дар ин баробар 20 кати хоб намерасад, ки дар бархе рахтҳои хоб ду нафарӣ мехобанд, илова намуд Паригул.

    Бинои ин муассиса соли 1983 сохта шуда, соли 2009 ба кӯдакистон табдил дода шудааст, ки дар он аз вайрон будани ҳавзи тобистонаи оббозии кӯдакона низ мушкилӣ мекашанд. Инчунин майдончаҳои бозии муҳассилин ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Паригул Тураева, мудири кӯдакистон гуфт, ки дар зарфи моҳҳои сипаригардидаи соли равон 25 нафар барои супоридани кӯдаконашон ба кӯдакистон муроҷиат намуданд, ки мо онҳоро қабул накардем.

42 ҳазор сомонӣ барои хӯроки кӯдакон дар як сол

   Баҳри огоҳии бештар пайдо карданроҷеъ ба мавзуи матраҳ ба Раёсати молияи ноҳияи зикргардида муроҷиат намудем.  Дар ҳамин замина  Гулмаҳмад Зоирзода, сардори Раёсати молияи ноҳияи Ховалинг гуфт, ки “Аз ҳисоби мақомоти маҳалӣ барои кӯдакон таваҷҷуҳи даркорӣ зоҳир мегардад. Солона барои хӯрокаи кӯдакон 42 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад, ки ин рӯзона сари ҳар нафар 2 сомониро ташкил медиҳад, ки ин маблағҳо саривақт пардохт карда мешаванд. Аммо аз ҷониби кӯдакистон чӣ қадар маблағе пешниҳод мешавад мо ягон монеъагӣ намекунем”, шарҳ дод Зоирзода.

          Ин ҳама дар ҳолест, ки Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар ҷаласаи августии омӯзгорон аз вазъи кӯдакистонҳои вилоят ва нокифоя будани маблағгузорӣ дар ин самт изҳори нигаронӣ намуда буд.  

    Норасоии кӯдакистон мушкилоти калидӣ аст!        

        Дар ноҳияи Ховалинг тибқи маълумоти оморӣ шумораи умумии кӯдакони синни томактабӣ (аз 2 то 6 сола) зиёда аз 14- ҳазору 500- нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин беш аз   600- нафарашон ба марказҳои инкишофи кӯдак ва кӯдакистон ҷалб шудааст.  

    Нафиса Сафарова, мудири шуъбаи маорифи ноҳия зимни суҳбат зикр кард, ки “Дар ноҳия як кӯдакистон ва дар назди 42 муассисаи таълимӣ маркази инкишофи кӯдак фаъолият дорад, ки ҳамагӣ 621 нафар ҷалб гардидааст, ки ин қонеъкунанда нест.  Инчунин дар Ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳия як бино, ки  қаблан муассисаи таълимӣ буд рӯзҳои наздик ба  кӯдакистон табдил дода мешавад.  Дар ҳамин замина мо кӯшиш намуда истодаем, ки  марказҳои инкишофи кӯдакро афзоиш диҳем. Муроҷиати сокинон низ дар ин самт ба назар мерасад”.

  Манбаъ изҳор дошт, ки фарогирии кӯдакон ба кӯдакистон дар миқёси ноҳия ҳамаги 1 фисадро дарбар мегирад. Ҳамзамон илова намуд, ки то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар ноҳия 6- кӯдакистон бояд сохта шавад, лекин сохтмони ягонтои он то ҳанӯз оғоз нашудааст.

    Қайд кардан зарур аст, ки камбудии муассисаҳои томактабӣ ва ҷалби кӯдакон ба он, дар ноҳияи мазкур проблемаи асосӣ ба ҳисоб меравад, зеро дар ноҳия танҳо як кӯдакистон фаъолият дорад. Бо вуҷуди он, ки дар маркази ноҳия як боғчаи кӯдакона аст, аммо дар ҷамоатҳои дурдаст, ин омил тамоман дида намешавад.

     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ зикр карданд, ки «Мо, пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем». 

      Масъулини соҳаро мебояд сари ин мушкилӣ чораҳои мушаххас андешида, камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намоянд, зеро босаводу донишманд баркамол расидани насли ҷавону наврас маҳз аз кӯдакистон маншаъ мегирад.

                                                                           Аҳмади Раҳим