- Фарҳанг

АРАБҲОИ ШАҲРИТУС НАСАБ АЗ КУҶО ДОРАНД?

Дар ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён ва носири Хусрави вилояти Хатлон афроде ба сар мебарад, ки худро араб мегӯянд, вале сокинон ба араб будани онҳо бовар надоранд. Ин қабила дар забони мардуми бумӣ араб зикр мешавад, вале онҳо низ аҳли куҷоянд, кай ва аз куҷо вориди минтақаҳои ҷанубӣ Тоҷикистон шудаанд, намедонанд.

Сулаймон Ноибов, як сокини шаҳри Бохтар аст, ки мегӯяд чандин маротиба ба ноҳияи Шаҳритус сафар кардааст. Дар мавриди арабҳои онҷо низ суханҳои зиёд шунидааст, вале ҳамеша дар зеҳни ӯ саволе чарх мезанад, ки оё афроде, ки араб ном мебаранд пайрави кадом дину мазҳаб ҳастанд, намоз ва рӯза медоранд?

Мо аҳли гурӯҳи эҷодии ҳафтаномаи “Пайк” роҳ пеша кардем ба деҳаи Айвоҷи ноҳияи Шаритус, аниқтараш ба макони аслии арабҳо.

Фазилат Раҷабова, қаҳрамони навбатии мо аст, ки 59 сол дорад, дар Тоҷикистон таваллуд шудаст, шиносномаи тоҷикӣ дорад ва дар шиноснома миллаташ тоҷик зикр шудааст. Вале худро араб мегӯяд. Аз қавму гузаштаҳои худ чизе намедонад, забони алоҳидаи муошират надоранд, вале шеваи гуфторашон аз тоҷикон каме тавофут дорад.

Ӯ мегӯяд, ки ягон араби дар Тоҷикистон буда дар бораи гузаштагони худ маълумоте надорад, мусалмон ҳастанд. Дини мубини исломро парастиш мекунанд ва намозу рӯза медоранд.

“Мо дар ҳақиқат араб ҳастем, забони алоҳида, ки надорем бештари мардум ба араб будани мо бовар надоранд. Чандин асрҳо дар Тоқикистон ба сар мебарем, алакай ба ҳаёти мардуми бумӣ одат кардем, забони тоҷикиро пеша кардем. Муносибати сокинони ноҳия низ бо мо хуб аст, кор мекунем, заҳмат мекашем зиндагиамонро пеш мебарем.”

Макони аслии арабҳо дар деҳаи Айвоҷи ҷамоати деҳоти  “Ҷӯра Назаров”-и ноҳияи Шаҳритус мебошад. Шуғли ин афрод кишоварзӣ буда, аксарашон мисли мардуми маҳаллӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба федератсияи Русия мераванд

Хонум Раҷабова дар сўҳбат ба ҳафтаномаи “Пайк” гуфт расму оини мо ҳангоми маросими тӯю маъракаҳо аз тоҷикон каме тавофут дорад. Духтар додан ё келин гирифтан аз дигар милатҳо расми арабҳо нест.

Мусоҳиби дигари мо Рањиб Тошматови 35-сола сокини деҳаи Айвоҷи ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритус мебошад. Арабҳо мисли аксар мардуми тоҷик як шуғлашон кишоварзӣ аст, шуғле, ки бештари мардуми рустоҳо бо он машғул ҳастанд. Манбаи дигари даромадашон бошад аз пули муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.

Раҳиб Тошматов, солҳост, ки ба кори кишоварзӣ машғул асту аробаи зиндагиашро аз ҳамин ҳисоб мекашонад. Ӯ  6 гектор замини кишти кишоварзӣ дорад, ки ҳамасола қисми онро пахта ва дар қисми дигар бошад гандуму полезиҳои мухталифро кишт мекунад. Тошматов гуфт, ки арабҳо мусалмон ҳастанд, масҷид доранд ва намоз мегузоранд.

Диловар Аслонов, муовини раиси ҷамоати деҳоти Талбак Насриддинови ноҳияи Шаритус чанде пеш дар сўҳбат ба ҳафтаномаи “Пайк” гуфт чанд соли пеш намоянда аз сафоратхонаи Арабистон дар Душанбе низ барои мулоқот бо арабҳои Шаҳритус омаданд ва сўҳбат низ карданд, ки онҳо то куҷо араб будани худро исбот карда метавонанд. Вале онҳо забони муоширати меҳмононро нафаҳмиданд ва меҳмонон ба араб будани онҳо бовар накарданд.

Ҳангоми сафар ба ноҳияи Шаҳритус, хусусан ба деҳаи Айвољ, як оромгоҳ бо номи “Тилоҳалоҷӣ” ро мушоҳида кардем, ки сокинон мегӯянд арабҳо барои шифо ёфтани дарде ба онҷо меоянд ва дар як гӯшаи он оташ дар мегиронанд.

Оё арабҳои Тоҷикистон ба зиёрати хонаи Худо мераванд?

Аз Кумитаи бахши дин ва танзими мақомоти иҷроияи ҳокимияти Давлатии ноҳияи Шаҳритус гуфтанд, ки дар ҳоле, ки арабҳо дар шиноснома миллаташон тоҷик зикр шудааст, ҳангоми сафар ба хонаи Худо дар алоҳидагӣ сабт намешаванд. Вале қонунҳои амалкунандаи давлатро хуб риоя мекунанд.

 Азизи Фатоҳ, коршиноси Хатлонӣ бар он ақида аст, қабилае, ки аз онҳо араб ном мебаранд, араб нестанд, зеро хеле кам ба дини мубини ислом таваҷҷуҳ доранд. Онҳо дар асрњои 7-8 аз минтақаҳои Ҳиндустон ба минтақаҳои Осиёи миёна куч бастаанд. Гоҳо дар чеҳраҳои занҳои онҳо холҳои сунъӣ дида мешавад, ки чунин амал ба қабилаи лулиҳо шабоҳат дорад. Вале аз мушоҳидаҳои худ мегӯяд, ки соли 1989 бо сокинони деҳаи Айвољ мулоқот доштанд, шиносномаи як пирамарди 80 соларо  мушоҳида карданд, ки милаташон араб зикр шуда буд.

Қиёмиддин Сатторӣ, котиби Маркази тадқиқотӣ стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки тибқи сарчашмаҳои таърихӣ афроде, ки аз онҳо араб ном мебаранд араби воқеӣ ҳастанд, вале на аз мардуми шаҳрнишини Арабистон. Яке аз сабабҳои кучманчӣ шудани онҳо ҷорї шудани дини мубини ислом аст, ки дар ҳамон давра мардум ба ҷанг мерафтанд ва занону кӯдакони худро ҳамроҳ мебурданд. Ин гуна афрод дар Осиёи миёна қарор доранд. Бо гузашти чандин асрҳо онҳо забони модарии худро фаромуш карданд. Бархе аз ин қабилаҳо дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон бо забони ӯзбакӣ сухан мегӯянд, ки онҳоро арабҳои ӯзбакзабон ном мебаранд.

Ин қабила, ки худро араб муаррифӣ мекунад, аммо ҳеҷ ҳуҷҷате барои ассоснок кардани гуфтаашон ё сарчашмаҳои таърихӣ надоранд. Бо далели онки арабҳо дар шиноснома миллаташон тоҷик зикр шудааст, мақомот маълумоти оморӣ дар мавриди шумораи онҳоро надорад. Вале ба гуфти мусоҳибони мо арабҳо танҳо дар деҳаи Айваљи ноҳияи Шаҳритус беш аз 8 ҳазор нафар ҳастанд, вале гуфта мешавад дар дигар деҳаҳо хеле кам мебошанд.

                                                  Амонҷон Муҳиддинов