- Без рубрики

Хатлон: Амри Президентро кӣ иҷро накард?

      Шуруъ аз 15 сентябри соли 2011 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як сол ду маротиба роҳбарони вазорату идораҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳо бо хабарнигорони ВАО нишасти матбуотӣ доир менамоянд. Соли ҷорӣ аз 15 июл нишастҳои хабарӣ дар тамоми ниҳодҳо оғоз гардиданд. Аммо бархе роҳбарони муассисаву ташкилоти вилоятӣ аз амри Президент саркашӣ намуда, дар нишастҳои матбуотӣ роҳбарони аввал ширкат нанарданд. Ҳамаи инро ба дӯши муовинонашон ҳавола мекунанд, ки ин боиси иҷро нашудани амри Президенти мамлакат мегардад.

  7 роҳбар дар нишастҳои хабарӣ иштирок накард        

Зимни нишастҳои матбуотӣ бо рӯзноманигорон дар муассисаву ташкилотҳои вилояти Хатлон 7 нафар роҳбарони аввал бо омилҳои гуногун ширкат накарданд. Ин роҳбарон Қ.Халифаев сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар, М.Назаров, сардори Раёсати муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилиӣ ва хизматрасонии лагистикӣ» дар минтақаи Бохтар, Ш.Ҷалилзода, директори КВД «Хоҷагии манзилию комуналӣ» дар вилояти Хатлон, Р.Худойназаров, роҳбари Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон ва  Қ. Яъқубзода, сардори Раёсати хадамоти назорати давлатии дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вилоят, сардори филиали Бонки Миллӣ дар шаҳри Кӯлоб, сардори милисаи минтақаи Кӯлоб дар нишастҳои матбуотӣ ширкат накарданд.

Бояд қайд кард, ки журналистон дар як сол ду маротиба имкон доранд, ки зимни нишастҳои хабарӣ ба суолҳои худ аз роҳбарони аввали муассисаву ташкилоти вилоятиву ҷумҳури посухи мушаххас бигиранд. Албатта, ҳадаф аз гузаронидани нишастҳои матбуотӣ низ ҳамин аст. Вале бархе роҳбарон масъулияти доштаро ба гардани муовинон мепартоянду бо ҳар баҳона роҳи гурез аз суолҳои хабарнигоронро пеш мегиранд. Ин омил боис мегардад, ки муовинон дар суолҳо мушкилӣ мекашанд, зеро роҳбарон иштирок намекунанд.

             Гурезед, журналист омад !     

Зимни гузаронидани нишасти хабарии санаи 19.07.2019  «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар», сардори Раёсати «Хадамоти назоратӣ ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар» ва сардори Раёсати муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии лагистикӣ» дар минтақаи Бохтар, роҳбарони ду муассиса- Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва муассисаи лагистикӣ иштирок накарданд. Ба ҷои онҳо муовинон ширкат варзиданд, ки ин сарпечӣ аз Амри Президенти кишвар дар мавриди нишастҳои матбуотӣ аст. Маҳмадалӣ Рафиев, муовини Хадамоти зикргардида афзуд, ки «Роҳбари аввал бо сабаби беморӣ иштирок карда натавонист», аммо ин бори аввал нест, ки бо баҳонаи беморӣ ин роҳбар аз нишастҳо дурӣ меҷӯяд. Рафиев илова намуд, ки «Роҳбар ҳаст, нест кор рафта истодааст ку»! Иштирок накардани сардори муассисаи лагистикиро Алишер Баротов намояндаи муассисаи «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии лагистикӣ», дар ин нишаст ҳузур дошт гуфт, ки «Роҳбари соҳа ба мақомоти иҷроияи вилоят рафтааст». Роҳбари муассисаи Идораи хоҷагии роҳҳои минтақа Файзуллозода Н. пас аз чанд дақиқаи норозигии рӯзноманигорон ба толор ҳозир шуд ва нишастро идома дод.

            Дар ҳамин баробар Р.Худоиназаров роҳбари Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон иштирок накард ва ба ҷои ӯ нишастро Комрон Гулов сармуҳандиси ниҳоди мазкур гузаронд ва гуфт «Роҳбар бо супориши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ноҳияи Балҷувон мебошад».

            Инчунин Ш.Ҷалилзода роҳбари КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар вилояти Хатлон ширкат накард ва ба ҷои ӯ Раҳматулло Файзалиев муовини директори ниҳоди зикргардида нишасти матбуотиро гузаронд. 

   Дар ин замина Қ. Яъқубзода  сардори Раёсати хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар нишасти матбуотӣ иштирок накард ва омили  ширкат наварзиданашро Ҳамза Бобоев, муовини сардори ниҳоди мазкур  чунин шарҳ дод: “Сардори Раёсат бо супориши ҳукумати вилоят дар ноҳияи Балҷувон мебошад…”. Аммо хонандаи азиз, аз ҳама аҷибаш он аст, ки дар ду нишасте, ки ман ширкат доштам (манзурам нишасти ҷамъбасти соли 2018 ва шаш моҳаи соли 2019) ин роҳбар тамоман иштирок надошт ва дар ҳарду ҳолат муовинаш нишастро мегузаронад. Мо фикр кардем, агар донишу малакаи муовин болотар аз сардор бошаду нишастро беҳтар аз ӯ гузаронад, чаро муовинро сардор таъин намекунанд?

Ҳамвора ашхоси бемасъулият ва коҳилу камсавод аз журналистон мегурезанд.   

                           3 роҳбар дар рухсатии меҳнатӣ буданд

            Ҳамчунин бо сабаби дар рухсатии меҳнатӣ қарор доштан 4 роҳбари муассисаву ташкилоти вилоят дар нишастҳои матбуотӣ иштирок накарданд ва ба ҷои онҳо муовинон ширкат намуданд.

Дар нишасти матбуотии  Муассисаи давлати хоҷагии ҷангали вилоят Сунатуллоҳ Мирзоев, сармуҳандиси ин муассиса ҳузур дошт ва гуфт, ки «Роҳбар бо омили дар рухсатии меҳнатӣ будан иштирок надорад».

   Дар ҳамин замина, 23-юми июл дар нишасти хабарии Раёсати минтақавии гумркӣ дар  вилояти Хатлон Муҳаммадшариф Зикиров, муовини сардори ин ниҳод гуфт, ки «Сардори Раёсат бо сабаби дар рухсатии меҳнатӣ қарор доштад, иштирок надорад».

            Инчунин рӯзи 02. 08. 2019 дар нишасти хабарии “Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ” Саидзода Зиёдалӣ, муовини сохтори мазкур ширкат кард ва илова намд, ки “Роҳбар дар рухсатии меҳнатӣ қарор дорад, аз ҳамин хотир ман иштирок дорам”.

Вале як ҳақиқат ҳамин аст, ки А.Навруззода, роҳбари ниҳоди болозикр аз ҳар нишастҳои матбуотӣ дурӣ меҷӯяд? Зеро дар нишасти ҷамъбасти соли 2018 низ иштирок надошт. Сардори филиали Бонки Миллӣ дар минтақаи Кӯлоб низ дар рухсатии меҳнатӣ будааст. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром бошад расо 25 дақиқа дар утоқи корӣ нишаста ба толор дер омад, ки ин беҳурматӣ на танҳо ба журналистон, балки ба Амри ПЕшвои миллат низ буд. 

Сардори милисаи минтақаи Кӯлоб, сардори Корхонаи фаръии давлатии Бақайдгирии манзил дар минтақаи Кӯлоб тамоман нишаст намегузаронанд. 

    Мусаллам аст, ки ҳар як корманди соҳаҳои мухталиф тибқи Кодекси меҳнат ҳаққи дар як сол як маротиба ба рухсатии меҳнатӣ баромадан ва истироҳатро дорад, низ мо гуфтанӣ нестем, ки ба рухсатӣ нараванд. Ва ҳадафи мо он нест, ки касе тафреҳ накунанд.

            Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон зимни нишасти матбуотиаш ба рӯзноманигорон атрофи ширкат накардани роҳбарони аввали чанд ташкилоту идораҳо қайд кард, ки «Ягон нафар роҳбарони аввал ҳуқуқ надорад, ки аз нишасти матбуотӣ саркашӣ кунанд».

            Дар ин маврид, ба шуъбаи иттилоотии мақомот супориш доданд, ки таҳлил намуда, барои чораҷӯӣ маълумот пешниҳод намоянд.  Раиси вилоят гуфт, ки нафароне, ки дар нишастҳои матбуотӣ иштирок накарданд, ҳатман ҷазо мегиранд.     

            Албатта, мо низ гуфтанӣ нестем, ки инсон бемор намешавад, ё ин, ки дигар сабабҳои кору зиндагӣ мавҷуд аст. Вале иҷрои Амри Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди гузаронидани нишастҳои матбуотӣ ҳатмӣ ва зарур мебошад. Акнун мо интизорем, ки раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ба ин роҳбароне, ки аз гузаронидани нишастҳои хабарӣ сарпечӣ мекунанд чӣ чора меандешад?

                                                                   Аҳмади Раҳим