- Тандурустӣ

САЛОМАТӢ ХУБ АСТ Ё 4 СОМОНӢ

     Ё ошхонаҳои «Сайёр» саломатии мардумро зери суол мебаранд.               

        Феълан дар ҳудуди шаҳри Бохтар беш аз 100- ошхонаву тарабхона ва қаҳвахонаву дигар нуқтаҳои хурокҳои тезтайёр ба сокинону меҳмонон хизмати маишӣ мерасонанд, ки аз онҳо ҳамарӯза  садҳо  нафар сокинон истифода мебаранд. Аммо вазъи хизматрасонӣ ва санитарию гигиении на ҳамаи ошхонаҳои шаҳр ба талабот ҷавобгӯ аст, ки ин мояи нигаронӣ мебошад.

       Метавон гуфт, ки дар назди ҶДММ «Фаровон- Қурғонтеппа»-и шаҳри Бохтар шомгоҳон, ба қавле, ошхонаи «Сайёр» ташкил карда мешавад. Ҳамарӯза аз он муштариёни зиёде истифода мебаранд. Ҳангоми ворид гаштан ба чунин маконҳо қишрҳои гуногуни ҷомеъа ба тановули хӯроки шомгоҳӣ машғуланд. Ин ошхона дар ҳолати бади санитарӣ қарор дорад ва шахс метавонад аз риоя накардани ҳолати санитарию эпидемиологӣ ба бемориҳои гуногуни сироятӣ гирифтор шавад.

   Тибқи мушоҳидаҳои тақрибан чаҳорсолаи банда  маълумамон гардид, ки бештари мизоҷони ин маконҳоро донишҷӯён ва дигар қишри ниёзманд ташкил медиҳад. Ба хотири ҷалби бештари мизоҷон қимати як коса атола ё оши бурида 1 то 2 сомонӣ аст, оши палав 3 ё 4  сомонӣ.

“Зарфҳое, ки ба мизоҷон хурок медиҳанд ба талаботи санитарӣ ҷавобгу нестанд, зеро ҳар мизоҷе, ки хӯрок бихӯрад онро як маротиба бо оби хунук шуста ба дигар муштарӣ таъом медиҳанд. Дар асл бояд зарфро бо оби гарм ва маҳлулҳои зидди микробӣ шуст, то вируси он нест шавад. Дар сурати хуб зарфҳоро покиза накардан хавфи ба ҳаргуна беморӣ гирифтор шудан меафзояд”, мегуяд як истиқоматкунандаи шаҳр, ки номашро Мирзо гуфт.

                     Муносибати хуб василаи ҷалби мизоҷ         

       Бинёмин, ҷавоне, ки тайи ду соли охир мизоҷи доимии ин қабил ошхонаҳо аст, иброз медорад, ки «Ба хотири муносибати хуб ва арзон будани нархи хӯрок мо бештар аз ин макон истифода мебарем. Агар ба дигар ошхонаҳо равем моро зарур аст бо 10-15 сомонӣ хӯрок бихӯрем ба хусус шомгоҳон» афзуд ӯ.  

    Ба андешаи ӯ маблағе, ки дар дигар ошхонаҳо ҳангоми тановули  хӯроки шом сарф мекунӣ, метавон бемалол 2-3 рӯз аз ин ошхонаҳо истифода бурд. Аммо саломатӣ ҳам зарур аст”

      Воқеан ҳам, мо низ ҳангоми дидан намудан аз ин нуқтаҳо шоҳиди бемасъулиятии ошпазон гардидем.  Чунин ба назар мерасад, ки ин қабил фурӯшандагон танҳо манфиати худро фикр мекунанду мақоли “Гӯр сузаду дег ҷӯшад”- ро ба худ ихтиёр кардаанд.

   Табибони бемориҳои сироятӣ мегуяд, ки аз риоя накардани ҳолати санитарӣ хавфи гирифторшави ба бемории домана ва дигар бемориҳои сирояткунанда бештар аст.

                       Ҳолати санитарӣ беҳбуд мехоҳад!

       Барои умқан донистани ин масала, ки дар ин маврид назорат чигуна ба роҳ монда шудааст ба маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри  Бохтар муроҷиат намудем.  

     Файзалӣ Назаров, директори маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр афзуд, ки «Нисбати ошхонаи мазкур ҳамарӯза назорат мебарем, кӯшиш менамоем, ки ин вазъиятро беҳтар созем. Дар ҳамкорӣ бо шуъбаи ШВКД-и шаҳр ҳамаруза назоартро пурзӯр намуда истодаем».

   Манбаъ илова намуд, ки ин нуқта  ба талаботи  санитарӣ  ҷавобгу нест, бинобар ин кушиш намуда истодаем, ки ба онҳо иҷозати фаъолият надиҳем. Ҳамзамон пас аз гузаронидани санҷиш савдогарон маҳсулоташонро худсарона ба фуруш мебароранд, ки ин ба кори мо мушкилӣ эҷод мекунад.        

     Ҷурахон Сайдализода, директори маркази «Тоҷикстандарт»  дар вилояти Хатлон низ дар ин маврид афзуд, ки “Мо аз ҳолати ин ошхонаи ба истилоҳ “сайёр” огоҳем, дар ин масъала кор рафта истодааст, маҳсулоти он ғайри стандартӣ нест, лекин шароити  хизматрасонӣ ба мизоҷон ғайри станитарӣ аст”.

       Ҳарчанд аз ҷониби шаҳрдории Бохтар ба ҷиҳати тозагиву ободонӣ диққати бештар дода мешаваду дар чанд соли ахир шаҳр бе пешравиҳои зиёд ноил гардидааст, вале дар ин баробар мушкилот низ ҷой дорад.

Абдуалим Исмоилзода, раиси шаҳри мазкур зимни нишасти матбуотияш ба суоли хабарнигори рӯзномаи “ПАЙК” гуфт: “Дар шаш моҳи сипаригардида шахсан бо роҳбарии ман 2 маротиба рейд гузаронида шуд, ки дар он намояндагони 21 муассисаву ташкилот ширкат дошт ва ошхонаи назди бозор ба талабот ҷавобгу набуд, баста шуд”,- илова кард ӯ.

     Ба қаавли раиси шаҳр дар ҳақиқат савдои кӯчагӣ нигаронкунанда аст, вале барои ислоҳи камбудиву норасоии ҷойдошта корҳои мушаххас роҳандозӣ гардидааст, ки дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои марбута корҳо ҷараён дорад. Ҳамарӯза аз субҳ дар атрофи бозор кормандони ниҳодҳои марбута сафарбар шудаанд ва корҳо рафта истодааст.

               Фаъолияти чанд нуқтаи ғизоӣ муваққатан баста шудааст?

       Бо вуҷуди он, ки дар шаҳри Бохтар ошхонаву тарабхонаҳои замонавӣ ва ба талаботҳои хуби санитарӣ ва стандартӣ ҷавобгу ҳаст, вале дар бархе ошхонаҳои атрофи бозори «Нехи» ва ҶДММ «Фаровон Қурғонтеппа» ҳолати санитарӣ чандон риоя намешавад. Чунки болои хурокҳо пушонида нашудааст ва магасу дигар ҳашшарот болои он менишинаду аз ҳаракати одамону нақлиёт ба рӯи хурокҳо гарду чанг меафтад. Хонандаи азиз, ҳоло сари набудани дастпоккунаки коғазин ё ба истилоҳ “салфетка” ва хӯрокро дар ҳар гуна зарфҳои берӯйпуш нигоҳ доштан, намаку сатҳи хизматрасонӣ тамоман ҳарф намезанем, зеро ин мавзуи дигар аст. Лекин нафароне, ки ба гунаи соҳибкор (Савдогар) дар ин қабил ошхонаҳо фаъолият доранд, аз ҳолати санитарии хӯрокҳо ва пушонидани рӯйи он парвое надоранд, ки касе бемор мешавад ё не. Чунин ба назар мерасад, ки танҳо барои онҳо манфиат ба даст овардан лозим асту халос. Албатта, на ҳама савдогарон чунинанд.

    Аз сабаби он, ки минтақаи Бохтар иқлими нисбатан гарм дорад ва дар ҳарорати баланд ин намуд ғизоҳое, ки бе рӯйпуш гузошта шудаанд, метавонад хатари зиёд низ барои инсон дошта бошад.

      Ба гуфтаи Файзалӣ Назаров, директори маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр, «Дар миқёси шаҳр 75 ошхона фаъолият дорад, ки доимо ин ошхонаҳо таҳти назорат қарор доранд.  Дар ҳақиқат, дар шаҳр ҳастанд ошхонаҳое, ки ба талаботи санитарӣ ҷавобгу нестанд, лекин мо корро дар ин самт густурда ба роҳ мондаем».

    Дар давраи ҳисоботӣ 78 нафар кормандони бахши ғизои ошхонаҳо фаъолияташон барои ҷавобгу набудан ба муқараротисанитарӣ то бартараф намудани камбудиҳо муваққатан қатъ карда шудааст.  Пайваста аз болои ин масъала назорат бурда мешавад.  Ҳамзамон аз тарафи роҳбарияти ин ниҳод дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои марбута рейдҳои махсус гузаронида мешавад, ки барои беҳтар шудани вазъ мусоидаткунанда аст, мегӯяд манбаъ.

                               Илоҷи воқеъа пеш аз вуқуъ!

        Бояд гуфт, ки чанде қабл дар шаҳри Душанбе пас аз истеъмоли хурокҳои тезтаёр 18 нафар, аз ҷумла 14 кӯдак бемор шуда ба бемористон интиқол ёфтаанд, ки ин метавонад барои дигар манотиқи кишвар ва пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо дарси ибрат бошад. Дар воқеъ напушонидани болои таъомҳо дар бархе ошхонаҳои миқёси шаҳри Бохтар ба чашм мехурад, ки метавонад ҳаргуна микроб (вирус)  паҳн гардад. Аз сӯҳбати мутахассисони соҳаи тиб бар меояд, ки шахс аз риоя накардани ҳолати санитарию гигиенӣ метавонад гирифтори бемориҳои хавфноки сироятӣ гардад. Дар беморхонаи вилоятии №2 шаҳри Кӯлоб ҳам 10 рӯзи пеш 4 нафар аз ғизо заҳролӯдшудагон бистарӣ шуданду ду нафарашон даргузашт. Дар рӯзҳои иди Қурбон низ 4 нафари дигар бо ҳамин иллат бистарӣ шуданд. Пас, масъулини соҳаи марбутаро мебояд сари ин мавзуъ ҷиддан андеша намуда, аз болои чунин маконҳо назоратро пурзӯр намоянд. Зеро аз ин қабил ошхонаҳо ҳамарӯза 100-ҳо нафар истифода мебаранд ва саломатии онҳоро зери суол мегузорад. Маълум аст, ки мардуми камбизоати мусофир асосан ба ин гуна ошхонаҳо ниёз доранд. Чанд нафар ошпаз ҳам аз ин макон ризқ дарёфт мекунад. Манзури мо ҳам тамоман бастани онҳо нест. Бигзор мақомоти дахлдор ба ошпазон ҳушдор диҳанд ва шароит муҳайё кунанд, ки вазъи санитарию эпидемологии ин мавзеъ хуб карда шавад.

Дар ҳоле, ки ҳарорати ҳаво аз 40 дараҷа беш асту хурокҳо беруйпушанд имкони хуруҷи бемориҳо зиёд мешавад. Худо накунаду аз ин ҷойҳо бемории сироятие миёни сокинон хуруҷ кунад,дар он сурат ҷавобгарияшро, кӣ ба зимма мегирад?  Яъне сар аз имрӯз мебояд аз пушти ислоҳи ин мушкилиҳо шуд, чунки «Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ» гуфтанд.

                                                                  Аҳмади Раҳим