- Без рубрики

НОНРО ДАР КУҶО ПАЗЕМ?!

Ё чаро танӯрҳо ҳусни Душанберо доғдор мекардаанд?

Ҳанӯз санаи 19 июл Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон зимни баргузории нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки бунёди танӯри нонпазӣ дар Душанбе ба ҳусни пойтахт нуқс ворид карда, ҳавои шаҳрро олуда аз дуд мекунад. Аммо ин тасмими кумита ва ба гӯё ба ҳусни шаҳр костагӣ ворид кардани танӯрҳо анқариб хандаовар аст. Ин масъаларо пайгирӣ кардем…

Шаҳр баҳона, танӯр бегона

Чандин сол аст, ки дар Душанбе мушкилоти будан ё набудани танӯрҳои нонпазӣ дар назди баландошёнаҳои шаҳр мавриди баҳсҳо қарор дорад. Чанд сол қабл, ки ба лаҳзаҳои охирини раисии Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Душанбе рост меомад, бо фармони ӯ қариб ҳамаи танӯрҳо чаппа карда шуданд. Барои насохтани дуюмбораи танӯрҳо сокинонро бо ҷаримабандӣ тарсонданд. Аммо бо гузашти на он қадар вақти дароз қариб ҳамаи танӯрҳо аз нав барқарор шуданд, аммо на ба таври аввала, акнун онҳоро аз чашмҳо дур ва зеризаминӣ карданд, то касе аз масъулин дида онро вайрон накунад.

Ҳанӯз ҷаноби Аҳмадзода зимни нишаст гуфта буд, ки дар назди биноҳои баландошёнаи Душанбе сохтани танӯри нонпазӣ ба манзараи пойтахти кишвар мувофиқ набуда ва аз сӯи дигар истифодаи ангишту ҳезум барои пӯхтани нон ба вазъи экологии шаҳр таъсири манфӣ мерасонад. Инчунин Ҷамшед Аҳмадзода таъкид доштааст, ки чунин мамнӯъият ба шаҳраку марказҳои ноҳияҳо рабте надорад ва дар он ҷо аз рӯи макети ин кумита танӯрҳои нонпазӣ бунёд хоҳанд шуд.

Ҳоло дар баландошёнаҳои кӯчаҳои марказии шаҳр танӯрҳо дида намешавад, аммо дар маҳаллаҳои деҳотӣ ва аз марказ дури шаҳр танӯрҳо ягона ҳоҷатбарори сокинон барои пӯхтани нон аст. Ва аммо шаҳрро чаро ба шаҳраку деҳот баробар мекунед. Шаҳр шаҳр асту деҳот деҳот гӯён, танӯрҳои Душанберо бегонаву аз русто ронда онҳоро ба беху решаашон нест карданиед. Пас нон, чапотӣ, фатир, кулчаҳои ширмоли очагиро мардуми шаҳр дар куҷо пазанд? Дар деҳот рафта пӯхта, баъд оварда хӯранд? Ҳамаатон хестед, ки хобед! Ҳамарӯза мебинем, ки аз шабакаҳо фарҳангро тарғиб мекунанд, ҳунарҳои мардумиву хурокҳои миллиро, пас бимонед мардуми шаҳр низ нонҳои миллиамонро, ки танҳо пӯхтани он дар танӯрҳо имконпазир аст, пӯхтан гиранд.

Сару калобаи корро намедонанд

Аз ин тасмимҳову қарорҳои масъулини пойтахт маълум аст, ки эшон сару калобаи корро наёфта истодаанд. Яъне, ҳоло пойтахт пур пури мушкилоту камбудӣ, дар мисоли оддӣ пеши роҳи ду савдогари худобехабарро гирифта наметавонанд, ки дар иду айёмҳо нархи маҳсулотро гарон накунанд. Ё ин ки масъулини хизматрасонии нақлиёт, агарчи пас аз ҷорӣ шудани системаи пардохти кортӣ каме беҳтар шудааст, аммо дар микроавтобусҳо ҳолат мисли аввала боқӣ мемонад. Акнун ҳамаи онро монда як-ду танӯр мушкилоти экологиву санитарии шаҳр шудааст. Он партовгоҳҳоро назорат кунед, ҳатто даҳ-бист метр наздик рафтан намешавад, наход ягон маводи зиддипартовҳо вуҷуд надошта бошад, ки бӯй ва ифлосҳоро безарар гардонад. Дар ҷӯйборҳову обгузарҳои шаҳр ба ҷойи моҳӣ, баклашкаву шишаву ашёҳои дигар шино карда гаштаанд. Пас чаро ин мушкилиҳо як тараф монда ба танӯрҳо мечаспанд?

Барқ қиммат, илоҷ куҷо?

Шояд аз мантиқ дур бошад, ки чор-панҷ танӯр ба ҳусни шаҳр нуқс ворид созад, ҳол он ки ноқисиҳои бузург аз чашмҳо дур мондаанд. Агар нархи барқ ба маош мувофиқат мекард, албатта ки танӯрҳоро як тараф монда, аҳолӣ ба нонпазҳои барқиву танӯрҳои барқӣ рӯй меоварданд, аммо сӯхта болои намакоб, боз аз сентябр нархи онро низ 17% зиёд мекунед, пас илоҷ куҷост?

Нуралӣ КАРИМ