- Иқтисод

Кӯшониён: Муаллимон рухсатипулӣ нагирифтаанд

   Мӯҳлати рухсатии меҳнатии омӯзгорон ба итмом расида бошад ҳам, як қисми омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯшониён маблағи рухсатии меҳнатиашонро дастрас накардаанд. Баҳри жарфтар огоҳ гардидан аз ин масоил, ба Раёсати молияи ноҳияи мазкур муроҷиат намудем.

Аъзамҷон Чиллазода, сардори ниҳоди зикргардида зимни сӯҳбат афзуд, ки «Дар умум маблағи рухсатии омӯзгорони таълимгоҳҳои ноҳия 5 миллиону 368 ҳазору 542 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ ҳамагӣ наздики 2 миллиону 700 ҳазор сомониаш пардохт карда шудааст».

Раёсати Молияи ноҳия айбро дар коҳилии вазорат роҷеъ ба пардохт нашудани маблағҳои мақсаднок мебинад. Омили пардохт нашудани маблағи рухсатии боқимонда омӯзгоронро дар субвенсионӣ будани ноҳия унвон кард. ӯ гуфт: “агар ҷумҳурӣ моро маблағгузорӣ накунад, мо коре карда наметавонем, зеро танҳо наздик ба 41 фисади маблағгузорӣ аз ҳисоби қисми даромади буҷети маҳал мебошад. Ба болои ин зиёда аз 400- ҳазор сомонӣ аз вилоят ҳиссаҷудокунӣ мегирем.”

 Ҳамзамон вай илова намуд, ки то оғози моҳи август кушиш менамоем рухсатии омӯзгоронро ба пуррагӣ пардохт намоем.

Акрамҷон Хайруллохуҷаев, сармуҳосиби шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён дар ҳамин маврид қайд кард: «Дақиқан намедонам, ки чӣ миқдор омӯзгор рухсатии меҳнатиашонро дастрас накардаанд. Аммо дар муассисаҳои таълимии ноҳия 2 ҳазору 826 омӯзгор фаъолият мекунад».

Онҳо иддао доранд, ки кӯшиш менамоем муаллимони ноҳия дар наздиктарин фурсат маблағи рухсатиашонро дастрас намоянд, зеро омӯзгор зиндагиашро бо маблағи музди меҳнат пеш мебарад.

  Роҷеъ ба мавзӯи матраҳшаванда зимни нишасти матбуотӣ аз раиси тозатаъини ноҳия Икромиддин Вализода пурсон шудем. ӯ низ дар такя ба молиячиён иброз дошт, ки то моҳи август ин мушкилот ба пуррагӣ ҳалли худро пайдо хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки маблағи беш аз 2 миллиону 668 ҳазор сомонӣ рухсатии муаллимон пардохт нашудааст. Аз ин бармеояд, ки аз шумораи умумии омӯзгорони таълимгоҳҳои ноҳияи болозикр тақрибан 1 ҳазору 400 нафараш маблағи рухсатиашро дастрас карда натавонистаанд. Масъулини ниҳодҳои марбутаро мебояд сари ин проблема чораҳои саривақтӣ андешанд, зеро агар омӯзгор маблағи рухсатиашро сари вақт дастрас накунаду ба истироҳат наравад, пас чӣ гуна метавонад дар соли нави хониш бо руҳи болида ва асабҳои мустаҳкам ба хонандагон таълим диҳад. Худ қазоват кунед. Дар ноҳияи Кӯшониён 59 муассисаи таълимӣ арзи ҳастӣ дорад, ки дар онҳо 2826 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғуланд.

                                               Аҳмади Раҳим «ПАЙК»