- Фарҳанг

Куҷост фарҳанги шаҳрнишинӣ!?

Имрӯз қисме аз сокинони пойтахт аз дасти як гурӯҳ ҷавонони бефарҳанг ба дод омадаанд. Ин гурӯҳ, ки худро ба унвоне “замонавӣ” мешуморанд, бо навиштаҳои дур аз фарҳангу  маонӣ номбаровард шудаанд. Онҳо дилхоҳ навиштаи ба табъу ба маънии худ “олаҷаноб”-ро дар деворҳои хонаҳо ва биноҳои баландошёнаи сокинон бо рангҳои гуногун менависанд. Чандест, ки ин мавзӯъ ба майдони баҳси шабакаҳои иҷтимоӣ табдил ёфт ва мо низ онро пайгирӣ кардем.

Изҳори муҳаббат дар девори мардум

Таҳти ин сарлавҳа корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук Ибодуллоҳ Одина чунин навиштааст, ки “Солҳои пеш, вақте ки ҷавоне (хоҳ писар бошад хоҳ духтар) ошиқ мешуд, кӯшиш мекард, ки аз ишқи ӯ дигарон огаҳӣ наёбанд. Нома навишта ба воситаи шахси боваринокаш ба дӯстдоштааш равон менамуд ва ба ҳамин тариқ рози дил мегуфт. Ҳоло бошад, баъзе ҷавонони «ошиқ» рози дили худро дар деворҳо менависанд. Ин тарзи ба дӯстдоштаи худ «изҳори муҳаббат намудан»-и баъзе аз ҷавонони «ошиқ» имрӯз «муд» шудааст, ки онҳо бо навиштани номи якдигар ва ё кашидани рамзи дил «муҳаббаташон»-ро баён мекунанд. Ҷавоне, ки аввали ҳарфи номаш «М» мебошад, хеле «заҳмат кашида», шабона соати 22:40 «ишқу муҳаббат»-и худро ба духтаре, ки аввали ҳарфи номаш «А» мебошад, иброз намудааст. Ин гуна изҳори муҳаббат намудан нишонаи чист? Коста гардидани одобу ахлоқи наврасону ҷавонон ва ё чизи дигар?

Аз навиштаи ин корбар маълум аст, ки дар сафи ин фарҳангбегонаӣ аввал ишқу ошиқии ҷавонони “замонавӣ” меистад. Онҳо баҳри исботи “муҳаббат” ба дӯстдоштаашон дар рӯ ба рӯйи хона ё бинои истиқоматӣ, ки чашмраси ӯ аст, бо ҳарфҳои калон менависад “А+Б=LOVE”, ки ин нишонаи кундақлии муаллифи ин навиштор аст.

Дигар корбари Фейсбук бо номи Мафтун менависад, ки “Куҷост он фарҳангу маданияти тоҷиконаи мо? Магар гузаргоҳҳои зеризаминӣ барои чунин навиштаҷотанд? Ё ин ки ҷавонон бо ин амалҳояшон дӯстдорияшонро нишон медиҳанд? Айб аст охир, айб! Дар гузаргоҳи зеризаминии 82 — юм мкр на камераи назоратӣ насб шудаасту на чизи дигар. Масъулин ба куҷо нигоҳ мекарда бошанд? Лутфан ба ин мушкилот расидагӣ кунед, нагузоред зебогии шаҳрамонро бешуурон коста гардонанд.

Айнан мо шикваи ин сокини пойтахтро пайгирӣ кардем, ки воқеят будааст. Ҷавонони косташуур дар гузаргоҳи роҳи сесатҳаи маҳаллаи 82-уми ноҳияи Сино, ки дар он камераҳои назоратӣ насб нашудааст, чунин навишта шудааст: “01.08.19-Днём рождения МАЛИКА”. Пас аз ин рафтори муаллифони ин навишта андешаронӣ намудан мумкин аст, ки эшон худро пайрави “африкоибачаҳо” меҳисобанд, ки аз дасти эшон деворҳои кӯчаҳои шаҳрҳои бузурги ҷаҳон олудаи навиштор гардидаанд.

Мавзеъҳои навиштаҷот дар Душанбе

Айни ҳол аз мушоҳидаҳои рӯз муайян кардан мумкин аст, ки аксаран деворҳои мавзеъҳои дур аз камераҳои назоратӣ дар Душанбе оғуштаи ин гуна навиштаҳо ҳастанд. Аксарияти навиштаҳои изҳори ишқу ошиқӣ, табрикоти зодрӯзӣ, дашному ҳақорат ва амсоли инҳо мебошанд. Ҳоло ин гуна навиштор дар қад-қади соҳили дарёи “Душанбинка”, ки аз ду тараф бо девори бетонӣ иҳота шудааст, аз ҳама бештар навишта шудаасд. Пас аз он дар деворҳои маҳаллаҳои 82, 84, 102, 103, 104, Маяковский, Ҳаёти нав, 32, 33, Яккачинор, 46, 65, 63, Гипрозем, Испечак, Қазоқон ва Зарафшон бештар дида мешаванд. Дар ин мавзеъҳо зиёд будани чунин навиштаҳо гувоҳи он аст, ки ҷавонони фарҳангбегонаи минтақа кушиш доранд ин рафторашонро дар тамоми шаҳр анъана гардонанд.

Аммо баъд ин рафтор то кадом ҳад дар Душанбе таҳти назорат қарор мегирад ва деворҳои олудаи ин гуна навиштаҷот кай тоза карда мешаванд. Ва агар ҷавонони “африкоибача” дастгир шаванд, чӣ ҷазо онҳоро интизор хоҳад буд? Мо пешниҳод мекунем аз ҳисоби волидайни ин ҷавонон таъмири девор ё бинои ифлосшуда ба роҳ монда шавад. Агар ин навиштанҳо анъана шавад, деворҳоро метавонанд гурӯҳҳои ифротгаро ба манфиати худ истифода баранд, бинобар ин имрӯз садди роҳи ин бемаданияти шудан лозим, то фардо дер нашаваду боиси афсусу надомати мо нагардад.

Нуралӣ Карим Душанбе