- Иҷтимоъ

«ПАЙК» АЗ ТАҲДИД НАМЕТАРСАД!

 Сад бор гуфта будем, ҳоло ҳам мегӯем, ки ҳафтавори ҷамъиятию сиёсӣ ва мардумии «Пайк» ҳамвора ҳақиқатро мегуфт ва ҳоло ҳам мегӯяд, аз касе сари тарс надорад. Гуфта будем, ки аҳли эҷоди ин ҳафтаворро куштан имкон дорад, аммо тарсондан не.

Ҳамин се ҳафта қабл мақолаи Аслиддин Достиев таҳти унвони «Масхарабозӣ дар нишастҳои матбуотӣ» (Пайк №29 аз 8 августи соли 2019) ба нашр расид, ки аз бемасъулиятии баъзе аз масъулин нисбат ба нишастҳои матбуотӣ, ки бо амри Пешвои муаззами миллат раҳандозӣ шудааст, рӯйи чоп омад. Бисёре аз руасои мӯҳтарами навоҳӣ камбудиҳои ёдрасшударо дар мақола дуруст ва хеле оқилона қабул карданд. Вокуниш ҳам навиштанд, ки дар ҳақиқат ин камбудиҳо буданд, дар муддати кӯтоҳтарин ислоҳ мешаванд. Ин тоифа масъулин масъулиятшиносанд ва мақсадашон содиқ будан ба Пешвои миллат асту ба халқ.

Магар яке аз масъулин, ки бо вуҷуди ҳақиқат доштани мақола дар мавриди камбудиҳои ӯ сахт ошуфта гашта таҳдид кард: «Баъди омада рафтани Пешвои миллат ман ин беақлро (Аслиддин Достиев дар назар аст) якҷо бо ҳафтавор дар бузакбозӣ меандозам, ба суд медиҳам» ва ину он мекунам, ки навиштани онҳо аз одоб берун аст. Барҳақ, ки Пешвои муаззами миллат бо хирадмандии азалии худ дар ҳаққи чунин ашхос дар дарси сулҳ 1 сентябр тақрибан гуфта буд, ки баъзеатон аз танқид метарсед, камбудиҳоро пинҳон медоред.

Хонандаи гиромӣ, худ қазоват намо, магар ин кори як масъули баландпоя амали суистифода аз мансаб нест? Агар вазифаи ӯ набошад, мутмаинам Аслиддин  Достиев ё каси дигар аз журналистон баъди бо ӯ салом кардан дасташонро чиҳил бор бо хлор шуста дезинфексия мекунанд. Умуман ин нафар аз модар ҳам дашном медодаасту аз қафо ҳам (сабти чунин ҳолатро дар даст дорем).  

Чун одат, ин гуна ашхос дар маҳалҳои дур аз марказ худро пайраву пайгири сиёсати Пешвои миллат нишон дода обирӯйи ин Қаҳрамони миллатро мерезонанд. Барои пешвози Пешвои азизи миллат онқадар «омодагӣ» мебинанд, ки ҳамаро ба дод меоранд. Дар асл дар оғоз худи мардум омадани Пешвои миллатро сахт пазмонанд, аммо ингуна масъулин бо амалҳои аблаҳонаи худ аз пулғундории беасос аз соҳибкорон, зулм дар маршировкаҳои бардавом (донишҷӯёнро ташнаю гурусна мемонанду дашномҳои қабеҳ медиҳанд) мардумро хастаю маъюс мегардонанд. Чун қоида, барои чунин ашхоси ҷоҳталаб муҳим обирӯйи бозорию арзони худи онҳост, аммо барои аҳли эҷоди ҳафтавори «Пайк» муҳим обирӯйи Пешвои муаззами миллат аст! Мо амалҳои аблаҳонаи ин масъулини чоплӯсро ҳамвора ошкор карда будем ва минбаъд ҳам мекунем. Намегузорем, ки ин гуна ашхос обирӯйи оламшумули Пешворо резонанд. Кӣ медонад, шояд ин гуна аъмоли онҳо махсус тарҳрезишуда бошад. Дар ҳар сурат тибқи ҳушдори Пешвои миллат «Пайк» ҳеҷ гоҳ ҳушёрии сиёсиро аз даст нахоҳад дод.

Алҳол ин шахси таҳдидгар сахт ваъда додааст, ки бо истифода аз мансаби болояш даб -далаи журналситонро мебарорад (инро дар ҳузури сармуҳаррири ҳафтавор ваъда дод). Гуфтем, боз мегӯем, ки моро куштан имкон дорад, аммо тарсондан не! Моро аз шаҳри Раққаи Сурия соли 2015 тарсонидан хостанд, натавонистанд, мо ба онҳо посухи арзанда додем. Сипас хоини миллат Гулмурод Ҳалимов аз Сурия дар ҳалқаи муҷоҳидон ангушт ба камера халонда сармуҳаррири ҳафтавор ва Сайёфи Мизробро таҳдид кард. Боз ҳам натарсидем. Худованд донотар аст, аммо мо ҳам ҳис мекунем, ки аз умри мо зиёд боқӣ намондааст, минбаъд ҳам кушиш мекунем аз ягон аблаҳ сари тарс надошта бошем ва ба сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат содиқ бошем. Ба ин масъулини чоплус ҳушдор медиҳем, ки бас кунанд бад кардани номи Пешворо, набошад дар шумораҳои наздиктарин ҳама хиёнатҳояшонро ошкоро мегӯем!

Албатта бо истифода аз мансаб ин тоифа метавонад ба журналист ҳам зарар биёрад ва ба ҳафтавор ҳам. Боке нест, бе ҳафтавор ҳам мо рисолати худро дар мавриди ошкори камбудиҳо хоҳем иҷро кард ва баъди марг ҳам шогирдоне ба воя расонидаем, ки метавонанд рисолати моро ба иҷро расонанд. Дар ҳар сурат, қабл аз он, ки бо истифода аз мансаб ин чоплус балое ба сари журналисте биёрад, мо гузориши видеоие омода сохтаем, ки онро дар сурати зарурат пахш хоҳем кард. Инҷо ҳама камбудиҳоро ва ному насаби ӯро ошкор хоҳем кард. Алҳол фақат барои он худдорӣ кардем, ки сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пеш аст, мо онро ба ҳеҷ ваҷҳ халалдор карданӣ нестем.

                                                                     «Пайк»