- Иҷтимоъ

Бохтар ва Қубодиён бо Кумитаи замини ҷумҳурӣ чӣ мушкилӣ дорад? 

      Оғоз нашудани корҳои сохтмонӣ дар боғҳои фарҳангию-фароғатии  шаҳри Бохтар ва ноҳияи Қубодиёнро  роҳбарони авали  он дар кашолкории ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Кумитаи давлатии замин ва геодезии кишвар арзёбӣ намуданд.

    Тули чанд сол аст, ки бунёди боғ дар масоҳати 48 гектар дар шаҳри Бохтар ва чунин макони тафреҳӣ дар масоҳати 7 гектар дар ноҳияи Қубодиён бо омилҳои мухталиф корҳои сохтмонӣ дар он оғоз намешаванд. Бо вуҷуди он, ки дар ноҳияи Қубодиён дар масоҳати 3 гектар замин боғи фарҳангӣ-фароғатӣ мавҷуд аст, аммо он ба талаботи рӯз ҷавобгу намебошад. Тибқи мушоҳидаҳо ин макон ба талаботи сокинон ҷавобгӯ нест. Зеро дар он атраксион ва дигар  лавозимоти бозии  кӯдакон тамоман дида намешавад, ки ин боиси  нигаронии сокинон гардидааст.

Ду мушкилии якранг

  Дар ҳоле, ки таи солҳои охир дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар корҳои сохтмониву бунёдкорӣ вусъат бахшида мешавад,  пас чаро дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар самти муҳайёсозии шароити истироҳату фароғат дар боғи фарҳангӣ корҳои сохтмонӣ оғоз намешавад?

Дар ин маврид,  Зафар Файзуллозода,  раиси ноҳияи Қубодиён зимни як сӯҳбат гуфт: «Боғи ноҳия бояд дар масоҳати 7 гектар бунёд шавад, вале аз ҷониби Кумитаи давлатии замин ва геодезии кишвар дар омода намудани ҳуҷҷатҳо кашолкорӣ идома дорад. Ба зами ин ҳоло дар ноҳия 3 гектар боғ мавҷуд аст, ки дар он дарахтони ҳамешасабз шинонида шудааст, лекин он наметавонад талаботи сокинонро қонеъ гардонад. Аз кумитаи замини ҷумҳурӣ мегуянд, ки парвандаи ҳар як биноеро, ки дар ин мавзеъ бунёд мешавад алоҳида пешниҳод намоед».          

   Ӯ илова намуд,  тибқи нақшаи генералии ноҳия, ки онро ҳукумати кишвар тасдиқ кардааст боғи фарҳангӣ бояд дар 7 гектар замин сохта шавад.  Ин ҷо беморхонаи бисёрҷабҳаи дустии Ҷумҳурии Тоҷикистону Узбекистон низ бояд сохта шавад. Аммо аз кумитаи замини кишвар аввал парвандаи ин беморхонаро талаб доранд, ки пешниҳод намоед, беъдан дигарашро. Мо ҳамаи иншооти бунёдшавандаро якҷоя пешниҳод намудаем. Бо ҳамин омил корҳо дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия кашол меёбад, шарҳ дод Файзуллозода.

    Ин ҳама дар ҳолест, ки сокинони ин ноҳия асосан дар соҳаи кишоварзӣ кору фаъолият доранду ба истироҳату фароғат бештар ниёз доранд. Вале ҷое барои тафреҳ надоранд, пас ин мушкилӣ то кай идома хоҳад ёфт? Ин ҳам зери суол боқӣ мондааст.

Бохтар: Бунёди боғи 48 гектара ҳақиқат аст ё афсона?   

       Раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода зимни нишасти хабариаш рӯзи 2 юми август ба суоли хабарнигори рӯзномаи «ПАЙК» дар мавриди он, ки боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Бохтар, ки чанд сол мешавад дар мавриди бунёдаш сухан мераваду корҳои сохтмонӣ оғоз намешавад, оё бунёди ин боғ ҳақиқат дорад ё танҳо ваъда аст?

   Раиси шаҳр дар оғоз нашудани корҳои сохтмонӣ дар боғи 48 гектара Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҷумҳуриро айбдор кард, ки бо айби он корҳо кашол меёбанд.

     Абдуалим Исмоилзода, раиси шаҳр гуфт, ки «Бунёди боғи фарҳанги- фароғатии замонавию мукаммал дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар орзуи деринаи сокинони шаҳр мебошад. Аз тарафи ҳукумати шаҳр, вилоят, ташкилотҳои вилоятӣ ва вазорату агентиҳову дигар идораҳои дахлдор хулосаҳо дастрас карда шудаанд ва дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҷумҳурӣ қарор дорад. Мутаасифона Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб мекунад, ки ҳар як биноро ба таври алоҳида парванда кунед, баъд барои баррасӣ пешниҳод намоед», илова намуд Исмоилзода.

   Манбаъ илова намуд, ки мо нисбати тақозои беасоси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии кишвар эрод ҳам гирифтем. Аммо ӯ нагуфт, ки эроди гирифта хаттӣ буд ё шифоҳӣ.

  Ҳангоме, ки маҷмааи фарҳангӣ мешавад, дар маҷмуъ дар дохили он боғи фарҳангию фароғатӣ, варзишгоҳ, ҳавзи шиноварӣ амфитеатр ва дигар инфрасохторҳо мавҷуд мебошад. Парвандаи маҷмаа бояд якҷоя бошад на алоҳида, ки ин дар баррасии Кумитаи идораи замин аст. Майдони боғ дар умум 48 гектарро ташкил медиҳад, ки ин хеле калон аст- шарҳ дод раиси шаҳр.

    Валиҷон Ятимзода, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри мазкур зимни сӯҳбат иброз дошт, ки «Аз соли 2011 тибқи нақшаи генералии шаҳр , ки бо қарори ҳукумати кишвар тасдиқ карда шудааст дар қисмати ҷанубу шарқии шаҳр сохтмони маҷмааи фарҳанги 48 гектара ба нақша гирифта шудааст, бояд ин боғ бунёд карда шуда, боғи марказӣ як қисматаш гулгашт шуда, боқимонда кучонида мешуд. Дар ин иншоот майдони волейбол, футбол, ҳавзи шиноварии кушодаву пӯшида, таваққуфгоҳи нақлиёт ва дар маҷмуъ дигар иншоотҳои фарҳангиву варзишӣ сохта хоҳад шуд».

  Ба иддаои ӯ пешниҳоди лоиҳаи ҳар як иншоот дар алоҳидагӣ кори мушкил аст, чунки ҳар як қисмати онро лоиҳа карда пешниҳод карданаш лозим аст, ки ин вақти зиёдро мегирад. Аммо ӯ гуфт, ки огоҳ нестам, ки парвандаҳо дар алоҳидагӣ омод шудаанд ва ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии кишвар пешниҳод шудааст ё не.

     Дар ин баробар Абдуалим Исмоилзода гуфт, ки мо бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҷумҳурӣ дигар мушкил ҳам дорем, бахусус барои бунёди ду муассисаи таълимӣ, ки аз ҷониби кишварҳои хориҷа сохта мешаванд, ки тайи се моҳ мешавад кор дар Кумитаи идораи замини кишвар кашол меёбад.

    Ин ҳама дар ҳолест, ки чанд сол пеш капсулаи нома ба наслҳои оянда ва санги асоси боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Бохтарро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як сафари кориашон ба шаҳр гузошта буданд. Таасуфангезаш он аст, ки бо гузашти чанд сол корҳои сохтмонӣ дар ин боғ ҳатто оғоз ҳам нагардидааст.

    Ҳамакнун дар миқёси шаҳри Бохтар маркази маъмурии вилояти Хатлон як боғи фарҳангӣ- фароғати ба номи Раҳмон Мурчаев арзи ҳастӣ дорад, ки аз сабаби хурд будан имкони ғунҷоиши ҳама тафреҳкунандагонро надорад. Боиси зикр аст, ки боғи мазкур низ ҳоли табоҳ дошт ва бо кумаку дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорон соли равон азнавсозӣ гардид, дар он шароити лозима фароҳам оварда шуд.

Сокинон ба истироҳат ниёз доранд

          Зимни як сафари кориаш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон аз вазъи боғҳои фарҳангию фароғатии вилоят изҳори нигаронӣ намуда буданд. Пас аз ин суханони роҳбари давлат корҳои сохтмонӣ дар чунин маконҳои аксари шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид, вале дар шаҳри Бохтар (боғи хурде, ки дар шаҳр вуҷуд дорад аз ин истисно аст) ва ноҳияи Қубодиён ин корҳо кашол меёбад.   Ҳарчанд, ки шаҳри Бохтар як боғ дорад, аммо ин талаботи сокинонро қонеъ карда наметавонад.

        Аз сӯҳбат бо роҳбарон бар меояд, ки оғоз нашудани корҳои сохтмонӣ дар ин маконҳои тафреҳӣ бо айби Кумитаи давлатии замин ва геодезии ҷумҳурӣ сар задааст. Мо низ чандон намедонем, миёни ин ниҳоди ҷумҳурӣ ва роҳбарони болозикр чӣ баҳсе вуҷуд дорад? Дар ин баробар бо омили набудани ҷой истироҳат дар ноҳияи дурдасти вилояти Хатлон Қубодиён низ аҳолиаш маблағи зиёд сарф намуда фарзандони худро ба дигар шаҳру ноҳияҳо барои истироҳат мебаранд.   

                                                            Аҳмади РАҲИМ