- Тандурустӣ

БЕМОРХОНАИ КӮДАКОНАРО БАРҲАМ МЕДИҲАНД?

Ахиран хабар расид, ки Беморхонаи Кӯдаконаи шаҳри Кӯлобро барҳам медиҳанд. Он ҳам баъди сохтмону ба истифода додани «Беморхонаи вилоятии клиникии бисёрсоҳавии ш. Кӯлоб», ки ҳамагӣ 57 кат дорад. Дар ҳақиқат беморхонаи нав бо маблағгузории кишвари Олмон сохта шуда хеле беморхонаи замонавӣ аст, аммо ин он маъноро надорад, ки ба ивази он як беморхонаеро, ки 150 кат дораду кӯдакони бемори тамоми минтақаи Кӯлобро фарогир аст, барҳам диҳанд.

Хабар расид, ки беморхонаи хеле тозаю озода ва густардаю зебои кӯдаконаро бо фармони вазири тандурустии ҷумҳурӣ Олимзода Насимҷон барҳам медиҳанд. Эҳтиром Мӯсоев, намояндаи Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб ба беморхонаи кӯдакона омада фармудааст, то нисфи беморхонаро барои бемориҳои пусту зухравӣ холӣ кунанд. Гуфтанд нисфи беморхонаро барои кӯдакони калонтар боқӣ мемонанд, нисфи дигарашро барои бемориҳои пӯст. Намедонем тибқи кадом қонуни тиб метавон бемориҳои пӯсту узвҳои таносулро дар як бино бо беморхонаи кӯдакон ғунҷонидан мумкин аст.

    Дар ҳар сурат сокинони Кӯлобшаҳр хурсанд аз он буданд, ки билохира як беморхонаи замонавиро соҳиб мешаванд, ҳамакнун ғамгин аз он гаштаанд, ки беморхонаи кӯдаконаро барҳам мезананд.

Беморхонаи кӯдаконаи шаҳри Кӯлоб аз соли 1950 то ин замон фаолияти густарда дорад. Дорои ягона биноест, ки то ба ҳол тарҳи замонавӣ дорад ва заррае кӯҳна нашудааст. Ҳавлии калону гулу гулзор дораду биноҳои ёрирасони дигар. Хабаргирони беморон метавонанд дар саҳни зебою дилкаши ин беморхона бо беморони худ сайру гашт кунанду мулоқот.

Беморхонаи кӯдакона дорои 5 шӯъба асту иловатан дар он боз 3 шӯъбаи дигар ҷо шудааст. 155 табиб, 15 нафар маълумоти олидор ва 140 нафар маълумоти миёнадор дар ин беморхона фаолият мекунанд. Дар сурати барҳам додани нисфи ин беморхона камаш 75 нафар табибон бе ҷойи кор мемонанд.

Худойдоди Ислом