- Иқтисод

ДАР ҲАМАДОНӢ ОМӮЗГОРОН РУХСАТПУЛӢ НАГИРИФТААНД

 Таътили имсолаи мактабӣ барои омӯзгорони синфҳои болоии макотиби ноҳияи Ҳамадонӣ бисёр дилгиркунанда ва ҳам мушкил сипарӣ шуда истодааст. Чун бар замми 9 моҳи таълиму тадрис ва майнаобкунияшон ҳамакнун бо иллати пардохт нашудани маблағи рухсатӣ рӯзҳои истироҳатии худро бо ҷайби холиву фикри чӣ гуна бартараф сохтани камбудиҳояшон гузаронида истодаанд.

   Дар ин бора як омӯзгор бо шарти ифшо накардани шахсияташ ба «Пайк» иттилоъ дод, ки «пас аз хатми соли хониш ба рухсатии корӣ баромадам, то қадре хастагиро бартараф намоям ва ҳадди ақал ба ҷойҳои тамошобобу таърихии кишвари худамон сафар дошта бошам. Мутаасифона, чанд рӯзи дигар ба анҷоми рӯзҳои рухсатӣ боқӣ мондаасту бо сабаби пардохт нашудани рухсатпулиҳо натавонистам асабҳои бе ин ҳам хасташударо каме ором намоям. Ба истиснои дигар камбудиҳои оилавӣ. Интизорем, то ваъдаи имрӯзу пагоҳи масъулин кай вафо мешавад.»

Роҳбари молия ба ваъда вафо накард

   Қадамшоҳ Расулов, сардори молияи ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 31 август ба «Пайк» иттилоъ дод, ки «ҳаҷми маблағи рухсатпулиҳои омӯзгорон 5 млн. 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Имсол бо сабаби дер анҷом ёфтани соли хониш омӯзгорон ҳам дер ба рухсатӣ баромаданд. Омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, ки пештар ба рухсатӣ равон шуданд, 51%-шон рухсатпулии худро гирифтаанд. Танҳо рухсатпулии омӯзгорони синфҳои болоӣ пардохт нашудааст, ки бо ворид шудани маблағҳои мақсваднок рӯзи 1-уми август 49% боқимонда пардохт хоҳад шуд.»

   Бо розигӣ ва якҷоягии чанд тан аз омӯзгорон муддати ду рӯз 1-2 август мо дар ду нуқтаи пулдиҳӣ (банкомат) яке дар «Амонатбонк» ва дигаре Беморхонаи марказии ноҳия чанд маротиб кортҳои маошгирии эшонро тафтиш кардем. Аммо аз ваъдаи додаи роҳбари молияи ноҳия акнун 3 рӯз сипарӣ шуду  ба кортҳои омӯзгорон як тангаи пӯчак ҳам нагузашт.

Мушкилоти дигар ҳам омӯзгоронро дар пеш аст

   Дар шахсияти омӯзгорон метавон нафарони аз ҷиҳати сатҳи пасти зиндагидошта ва ҳам ҷабрдидаҳоро дид. Зеро моҳҳо пардохт нашудани музди меҳнат, ба корҳои тулонии «ободкорӣ» ҷалб сохтан ва дар ҳама чорабиниҳо фаъол буданашон кам аст, ки боз аз барои пардохт нашудани рухсатпилиҳои худ азоби рӯҳӣ мекашанд. Бояд гуфт, ки ин анҷоми мушкилиҳои омӯзгорон дар рӯзҳои таътил нест.

   Як омӯзгор, ки худро Шӯҳрат муаррифӣ кард, бо умеди дарёфти маблағи рухсатпулияш назди банкомати пулдиҳии Амонатбонки ноҳия дар навбат буд. Пас аз санҷидани корти маошгирӣ ва як танга нагузаштан аз ҳисоби маблағҳои рухсатпулияш бо маъюсӣ чунин арзи дил кард:

   «Дар ҳамин вақту соат ташвишоту мушкилии омӯзгорон хеле зиёд аст. Хусусан сари вақт пардохт нашудани рухсатпулии муаллимон аз мушкилиҳои нигаронкунанда аст. Чунончи ҳоло санҷидам дар кортам маблағ нагузаштааст. Аксари омӯзгорон ба ҷуз омӯзгорӣ дигар даромаде надоранд. Аз инҷост, ки мушкили пулию молияшон зиёд аст. Бар замми ҳамаи ин сахтиҳо, боз дар миёнаи моҳ иди Қурбон аст, ки бояд барои дастархони идона шармшиканона ягон чиз харид. Баъд аз он боз соли хониш оғоз мешавад ва бояд барои фарзандон сару либос бихарем. Аммо пул набошад ба кадом роҳ ин мушкилиҳоро метавон бартараф кард?»

Иҷоиши буҷа 104% , рухсатпулӣ проблеми ҳалношуда

   Ба дарозо бурдани пардохти рухсатии меҳнатии омӯзгорон дар ноҳия дар ҳоле пайдо гардидааст, ки сардори Раёсати молияи минтақаи Кӯлоб Ҳабибулло Раҳимов дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки «иҷроиши даромади буҷет 112926732 сомонӣ, яъне 103% иҷро гардидааст.» Саволе посух меҷӯяд, ки чаро нақша барзиёд иҷро шудаасту рухсатпулиҳои омӯзгорон пардохт нашудаст. Ё ин, ки сухсатпулиҳои омӯзгорони минтақа дар нақша нағунҷидааст?

Охирсухан:

   Бо ин ҳама ташвишу заҳамот аз куҷо дигар бо завқ ба насли наврас дарс гуфтани омӯзгоронро интизор бояд шуд? Зеро дар рӯзҳои истироҳатӣ эшон ба ҷои ин ки роҳате дошта бошанд, баръакс, зери бори ғам дар фикри чӣ гуна маблағи рухсатпулиро гирифтану бартараф намудани ҳазор камбудии хешро доранд.

Худойдоди ИСЛОМ

                      Иқдоми хуби раиси ноҳияи Ҳамадонӣ

Дар нишасти матбуотии раиси ноҳияи Ҳамадонӣ??????? иқдоми хубе ба маъраз гузошта шуд. Раиси ноҳия иртиботи ноҳияро бо матбуоти даврӣ ва радиою телевизион баррасӣ кард. Ҳамаи он маводеро, ки ба нашр расида буд як- як номбар кард, ки кадом расона дар бораи ноҳияи Ҳамадонӣ мавод ба нашр расонидааст ё гузориш намоиш дода аст.

Ин иқдоми раис аз он ҷиҳат шоёни таҳсин аст, ки вақтҳои охир як идда аз ашхоси тасодуфӣ худро журналист муаррифӣ карда дар ҳама нишастҳои матбуотӣ ширкат варзида ба масъулин ҳатто саволҳо дода, билохира чизе дар ягон расонаи хабарӣ наменависад. Бо ин кори худ вақти журналистони касбӣ ва масъулинро зоеъ мекунанд. Масъулинро мебояд дар арафаи нишастҳои матбуотӣ фаолияти журналситони дар нишаст ширкатварзидаро таҳлил карда бубинанд, ки нишаст барои кадом журналситон лозим аст. Инро аз рӯйи маводи ба нашр расонидаашон дарк кардан саҳл аст. Чун кадоме аз онҳо чизе нанавиштааст, мебояд ин тоифаро аз даромадгоҳи ҳукумат гусел кард. Айни ҳол иқдоми наҷиби раиси ноҳияи Ҳамадонӣ гоми аввал аст дар ин кор.