- Иқтисод

15 МЛН СОМОНӢ ҚАРЗДОРӢ АЗ БАРҚ ДАР ҲАМАДОНӢ

Шарифзода Илҳом, сардори шабакаҳои барқи ноҳияи Ҳамадонӣ, зимни мусоҳиба ба “Пайк” иттилоъ дод, ки  “Шабакаҳои барқии ноҳияи Ҳамадонӣ дар 6 моҳи соли ҷорӣ аз система ба миқдори 43 млн 756 ҳазор кВ соат нерӯи барқ қабул кард, ки маблағи умумии ин 7 млн 296 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар умум 6 млн 484 ҳазор 20 сомониашро ҷамъоварӣ намудем, ки 4 млн 664 ҳ сомонӣ ба аҳолӣ рост меояд. Бо назардошти қарзҳои солҳои пешин қарздории Шабакаҳои барқи ноҳияи Ҳамадонӣ то имрӯз ба беш аз 15 млн сомонӣ мерасад, ки аз ин зиёда аз 9 миллион ба аҳолӣ, 1 млн ба идораи беҳдошти замин ва корхонаву ташкилотҳои буҷети рост меояд.»

   Дар мавриди қарздории шабакаҳои барқи навоҳии минтақа рӯзи 17 июл дар нишасти хабарии «Шабакаҳои барқии минтақаи Кӯлоб» гуфта шуд, ки қарздории шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб ба 97 млн. 504 ҳ сомонӣ баробар шудааст. Аз ҷумла се ноҳия, Фархор 12 млн, аҳолӣ 5 млн, Восеъ 28 млн, аҳолӣ 18 млн ва Ҳамадонӣ ба 17 млн, аҳолӣ 11 млн сомонӣ қарздорияшон нигаронкунанда унвон гардид.

   Дар баъзе аз навоҳии минтақа сабаби сари вақт дастрасӣ надоштан ба қувваи барқ, корношоямии симчӯбҳо ва дигар воситаҳои ҳамлу нақли барқ аст. Дар нишасти хабарии Шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб масъалаи пояҳои пӯсидаи барқгузар ва иваз кардани онҳо ба миён омада буд. Гуфта шуд, ки дар минтақаи Кӯлоб 73 ҳазор пояҳои пӯсидаи барқгузар мавҷуд аст. Дар ноҳияи Ҳамадонӣ бошад зиёда аз 3600 пояи пӯсида рост меояд, ки дар соли 2019 зиёда аз 160 пояҳои пӯсидаро иваз карда, ба ҷойи онҳо пояҳои оҳанину бетонӣ насб шудааст.

  Истифодаи ғайриқонунӣ ва пинҳонӣ, ба таври дигар дуздии барқ аз ҷониби истифодабарандагон камбудии дигари соҳа аст, ки боиси талафоти барқ ва номувозинатӣ дар ҳисобҳо аст. Дар ин маврид шумораи чунин амалҳо дар ноҳия кам нестанд ва аз ҷониби нозирону масъулини соҳа зимни рейду санҷишҳо қонуншиканиҳои зиёд ошкор гардидааст. 

   Тавре манбаъ зикр дошт, “Мушкили асосии мо нодуруст тавозун кардани ҳисобкунакҳо аст, ки мо бояд ҳисобкунакҳои дар дохили хонаҳо бударо ба роҳравҳо бароварда, дуздии барқро пешгирӣ намоем. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ мо дар якҷоягӣ бо нозирон санҷишҳо гузарондем, ки зиёда аз 300 санади қоидавайронкунӣ аз ҷониби муштариён ошкор карда шуд. Аксарияти онҳо қисман ё пурра маблағро пардохт карда истодаанд. Зиёда аз 60% аҳолӣ ба ҳисобкунакҳои электронӣ гузаштаанд.”

   Ба истиқлолияти энергетикӣ расидани кишвар барои сокинони он, вижатан мардуми камбизоат осон ба даст нахоҳад омад. Чун ҳар сол боло бурдани арзиши як киловат барқ мардуми бо нафақа зиндагӣ мекарда, маоши ночиз мегирифтаро нигарон мекунад. Дар назар аст, ки аз моҳи октябри имсол нархи неруи барқ боз афзоиш дода шавад. Боло бурдани нархи барқро низ масъулин дар пӯшида намудани қарзҳои ширкати «Барқи тоҷик» медонанд, ки марзи миллиардро гузаштааст.

Худойдоди ИСЛОМ