- Тандурустӣ

ДАР КӮЛОБ 3 УЗВИ ЯК ХОНАВОДА ЗАҲРОЛУД ШУДА, ДУ ТАНАШ ФАВТИД

Ҳафтаи дуюми моҳи август се узви як оила, модар ва ду фарзанд аз деҳаи Пистамазори ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлоб аз истеъмоли ғизо заҳролуд шуда, дар натиҷа ду нафараш фавтиданд.

  Рӯзи 8-август Таманно Сафарова, сокини 19 солаи деҳаи Пистамазори ҷамоати Зиракӣ ба ҳолати вазнин ба беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб оварда мешавад ва пас аз як рӯзи дигар узви дигари ин хонавода Эмомалии Амиралӣ, соли таваллудаш 2007 айнан бо чунин иллат ба бемористон истирдод мегардад. Баъди санљиш табибон маълум мекунанд, ки бадани ин ду нафари наздик аз истеъмоли ғизо заҳролуд шудааст. Узви дигари хонавода, модари ин ду бемор Сафармо Давлаҳмадова, соли таваллудаш 1977 низ бо сабаби заҳролудшавии шадиди бадан дар шуъбаи эҳёгарии бемористони вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб  бистарӣ аст. Ёдовар бояд шуд, ки Таманно Сафарова ва Эмомалии Амиралӣ хоҳару бародар дар натиҷаи заҳролудшавӣ фавтидаанд ва модари онҳо зери назорати табибон қарор дорад. Ҳоло маълум нест, ки ин нафарон аз кадом навъи ғизо ва чӣ гуна заҳролӯд гаштаанд.