- Сиёсат

Масхарабозӣ дар нишастҳои матбуотӣ

ё нописандии чиновникҳои давлатӣ аз Амри Президент

Ба дурустӣ, намехостам дар ин бора нависам, вале ҳақиқатро бояд гуфт, охир. Ҳанӯз 8-сол муқаддам, аниқтараш 5-уми сентябри соли 2011 Амри Президент дар мавриди баргузории нишастҳои матбуотии раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо, роҳбарони ташкилоту муассиса ва вазоратҳо бо намояндагони ВАО баромада буд, ки тибқи он масъулини давлатӣ муваззаф гардида буданд то аз бурду бохт  ва пешравию камбудиҳо ба ВАО маълумот пешниҳод намоянд.

Бояд иқрор шуд, ки дар аввал масъулин  ба ин Амр  итоат намуда, бо тайёрии дақиқ ҳозир шудаву кушиш мекарданд то ба саволҳои хабарнигорон ҷавобҳои мушаххасу  дақиқ диҳанд. Хабарнигорон ҳам дар мавриди худ бо як масъулияти тахассусӣ ба нишастҳо меомаданд ва саволҳои конкретиву мушаххас дода, ҷавоб мегирифтанд.

Аммо, бо гузашти муддате дигар ҳам масъулин ва ҳам журналистон аз ҳадаф даст намегирифтанд. Тибқи як регламенти нонавиштае, мӯҳлати ин нишастҳо 1-соат муайян гардидаву роҳбари ташкилоту корхона ва ё раиси ноҳия беш аз 30-дақиқаи онро бо баромаду маълумоти даврагӣ мегузаронаду барои саволу ҷавоб ҳамагӣ 30-дақиқаи дигарро боқӣ мемонад, ки он ҳам бо ҷавоб додан ҳамагӣ ба  3-4 савол ба анҷом мерасад.  Дар дигар маврид, масъулини давлатӣ хеле дертар ба нишаст омадаву бе ягон узру баҳона «нишаст» мегузаронанд. Аксари журналистон ҳам аз ин нишастҳо  дигар  парвое надоранду аз баргузории он дар ягон расонаи хабарӣ ҳатто хабаре нашр намекунанд. Мераванд, иштирок мекунанд, чою қаҳва менӯшанду… мераванд.  Шояд чунин бархӯрд аст, ки чиновникҳо ҳам ба баргузории нишастҳо ва ҳам хабарнигорон арҷ намегузоштагӣ шуданд. Барои ҷавоб додан ба саволҳои хабарнигор, дар зиёд маврид баҳси беҳӯда кардаву ҳатто ҷанҷол мебардоранд. Гузашта аз ин, баъзе аз раисону роҳбарон ба нишаст дер омадаву бо як ғурури бемаънии «раисӣ» нописандӣ ва таҳқир ба журналистон мекунанд.

Барои мисол, нишасти матбуотии раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода тибқи супориши раиси вилояти Хатлон бояд рӯзи 26-уми июл соати 9-00 баргузор мегардид. Вале, бо кадом баҳонаи узрноке, он дар мувофиқа бо роҳбари дастгоҳи раиси вилоят ба рӯзи 30-юми июл соати 16-00 гузаронида шуд. Дар ин санаи тасдиқшуда золи баргузории нишаст пуропури одам буд. Ба нишаст наздики 30-тан аз хабарнигорони маҳалӣ ва чанд тани дигар аз шаҳри Душанбе, инчунин наздики 100 нафар аз роҳбарони ташкилоту корхона ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷамъ омада буданд. Ҳамаи ин ҷамъомадагон 25-дақиқа раиси шаҳрро, ки дар утоқи салқини  муваққатиаш ором «истироҳат» дошт, мунтазир буданд. Ҳарчанд  журналистон 3-маротиба аз кормандони ҳукумат  хостанд раисро ба нишаст даъват кунанд, аммо зердастон касе ҷуръати паси дари раис рафтанро надошт. Вақте кадоме ҷуръат кардаву ба ҷаноб расонд, ки журналистон бо нишони эътироз аз зол рафтан доранд, баъди боз чанд лаҳзае ҷаноби раис ба нишаст рафт. Рафту бо ҷамъи зердастону кормандони МИҲД ва чанд тан аз журналистони давлатӣ, ки шояд эшонро ҳам аз зердастони худ мепиндорад, дар ҳоле ки аксари журналистон баромада рафта буданд, «нишасти матбуотӣ» гузаронид ва ба Роҳбари дастгоҳи раиси вилоят аз он хабар ҳам хоҳад дод.

Ҷаноби Иноятзода бо таҳқири намояндагони ВАО ба зердастонаш нишон додан мехост, ки ӯ раис ҳасту ҳатто  бо журналистон нописандиро раво медонад. ӯ шаҳрдор асту ягона.

Мутаассифона, саволҳои нофаҳмҳои журналистони ба истилоҳ «ғайридавлатӣ», нопурсидаву беҷавоб монданд. Барои мисол, ҷавоберо ба ин савол интизор буданд то раиси тозатаини шаҳр дар мавриди азнавсозии бинои МИҲД бо кӣ дар мувофиқа омадаву аз кадом ҳисоб онро сохта истодааст? Дар ҳоле, ки роҳҳои нақлиётгарду ҳам пиёдагарди шаҳр вайрону валангор гаштаву, кӯчаву маҳаллаҳо  чиркину пур аз ифлосӣ ва аҳолии шаҳр бо иллати гуногун танқисӣ аз оби нӯшокӣ доранд, оё  азнавсозии  бинои ҳукумат  зарурат дошт? Маблағҳои барзиёдии андозро барои инфраструктураҳои ободонии шаҳр мебояд сарф кард, на барои биное, ки ҳар раиси таъингашта онро аз нав таъмиру барқарор кардан мехоҳад. Воқеан, ҳамин бинои ҳукуматро тайи 10-соли охир 3-раиси нав азнавсозӣ кардаву маблағҳои ҳангуфт ҳам масраф карда буданд. Ё шояд супориши ғайрипротоколие ҳаст, ки ҳар раиси навтаъин бинои ҳукуматро бояд бо диду назари худ «орову торо» диҳад? Ё шояд ин ҷо моҷарое ҳаст, ки мо намедонему мақомоти дахлдор ҳам?

Тибқи иттилои ба мо расида, дар ҳоли ҳозир барои демонтажи бинои МИҲД  633-ҳазор сомонӣ  ба воситаи идораи Сохтмони асосии шаҳр ва 111-ҳазор сомонӣ барои мақомоти иҷроия аз ҳисоби барзиёдии андоз масраф гаштааст. Ин дар ҳолест, ки барои мисол, ба хоҷагиҳои роҳҳои автомобилгард ва таъмири роҳҳо (дар шаҳри Кӯлоб 2-идораи таъмири роҳҳо фаолият мекунад) аз авали сол ин ҷониб ягон сомоние ҷудо нашудааст.

Ба ҳамин монанд, саволҳои зиёде буданд барои ҷаноби шаҳрдор, ки надодаву беҷавоб монданд.

Воқеан, дар нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон, ки ҷаноби Ҳакимзода ҳатто чанд дақиқа пеш аз оғози он ҳузур карда буд, дар мавриди ба нишаст дер омадани масъулин ва ҳам иштирок надоштани эшон савол гузошта шуд. Раиси вилоят гуфт, ин тоифа масъулиятношиносанд ва ҳич касе наметавонад аз Амри Президенти кишвар саркашӣ намояд ва супориши қатъӣ ба рохбари дастгоҳи раиси вилоят дода амр намуд, ки аз чунин ҳолатҳо огаҳӣ ёфтаву пешниҳод намоянд то нописандон сазовори ҷазо гарданд. Ку, бубинем  дар ин ҳолат ҷаноби раиси вилоят чӣ ҷазоро сазовор медониста бошад?

Дар ҳамин ҳол, дар минтақаи Кӯлоб боз ҳам 5-раиси навтаъин ба фаолият пардохтаанд, вале дар нишаст ҳамагӣ дар вақти муайянгашта  ва бо як масъулияти ноҳиядорӣ ҳозир гашта буданд.

Фотеҳ Аминзода, иҷрокунандаи раиси ноҳияи Темурмалик пеш аз баргузории нишаст таъкид намуд, ки кушиш мекунад ба саволҳои журналистон ҷавоб гардонда тавонад, дар акси ҳол масъулини ҳукумат бо шумули муовинони соҳавӣ,   ҳозиранд ба саволҳо ҷавоб гӯянд. Воқеан ҳам, Аминзода бо командааш ба саволҳои додашуда посухҳои қаноатбахш доданд.

Дар нишасти матбуотии раиси ноҳияи Восеъ Шарбатулло Азизулло бошад, чун яқин шуд, ки раиси нав аз вазъияти ноҳия ҳанӯз ба пуррагӣ огаҳӣ надорад, саволҳои хабарнигорон ба муовинон ва масъулини соҳавӣ нигаронида шуданд. Гуфта мешавад, посух ба саволҳо аз ин ҷониб қаноатбахш набуданд.

Рустам Фақеров, сардори идораи кишоварзӣ  ба саволи чаро  Амри Президент дар мавриди зиёд кардани кишти пахта дар ноҳия иҷро намегардад, гуфт, барои ноҳияи Восеъ имсол тибқи дурнамои Ҳукумати вилоят кишти пахта дар майдони 7600-ҳектор дар назар буд. Мо 7606-ҳектор кишт кардаем. Аммо раиси ноҳия Щарбатулло гуфт, ки дар омори расмии вилояти Хатлон дурнамои кишти пахта барои ноҳияи Восеъ 8000-ҳектор пешбинӣ щудааст ва ҳамин маълумотро шумо додаед. Вале боз ҳам аҷибтар он аст, ки дар «маълумоти рущди иҷтимоию иқтисодии ноҳия» оварда шудааст, ки кишти пахта дар имсол 7047-ҳекторро ташкил додааст. Куҷост ҳамон омори дурусти кишти пахта, ҷаноби Факеров?

Дар ноҳияи Фархор бошад, агарчӣ аз фаолияти раиси нав беш аз ним сол  гузашта бошад ҳам, вале раис ҳанӯз ҳам бо вазъи ноҳия ба пуррагӣ воқиф нест. Зиёд саволҳое буданд, ки ҷаноби Раҳматзода, раиси ноҳия ҷавоби дақиқу конкретӣ дода наметавонисту дар мавриди ҳали мушкилот баҳонаҳо пеш меовард. Масалан, барои кам намудани кишти пахта ва кишти такрорӣ, ба оби техникӣ таъмин нагаштани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва нарасидани оби нӯшокӣ барои аҳолӣ, айбро болои насосҳои обкашонӣ ва хоҷагии об мепартофт. Аммо, намесазад барои раиси ноҳия, ки боваркардаи Президент аст, ёдовар шудан, ки Амру супориши Президентро иҷро накардан, агар малеҳтар карда гӯем, нохуб аст. Он чӣ мушкили ноҳиявӣ аст бояд ноҳиядорон ҳал кунанд ва барои иҷрои Амри Президент набояд баҳонае пеш овард. Ё хато гуфтем?

Ноҳияи дигаре, ки низ раисаш аллакай каме бештар аз ним сол фаолият дорад, ноҳияи кӯҳистони Ховалинг мебошад. Парвиз Акрамзода, ҷавонтарин раиси ноҳия дар вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотӣ кушиш мекард то ба ҳама саволҳои хабарнигорон ҷавобҳои саҳеҳу равшан пешниҳод шаванд.  Дар ин маврид ӯ ҳам худаш ба саволҳо посух медоду ҳам ба масъулини соҳаҳо шонс медод то ба саволҳое, ки ба онҳо бастагӣ доранд, ҷавобҳои аниқу мушаххас диҳанд. Журналистон ҳам аз нишасти матбуотии раиси ноҳияи Ховалинг қаноатбахш буданд.

Нишасти матбуотии раиси нави ноҳияи дигар, ноҳияи Данғара, мутаассифона чун нимсоли пештар,  бо иштироки муовини раиси ноҳия доир гардид.  Исломиддин Раҳмон, раиси ноҳия, ба тасдиқи кормандони ҳукумати маҳаллӣ, бо сабабҳои узрнок ин дафъа низ натавонист дар нишасти матбуотӣ ширкат намояд. Ҳарчанд муовини раиси ноҳия дар якҷоягӣ бо масъулини идораҳои давлатӣ ин нишастро ҳам ба таври озоду масъулиятшиносӣ гузарониданд, аммо ёдовар мешавем, ки дар Амри Президенти ҷумҳурӣ таҳти №АП-1729, аз 5-сентябри соли 2011 омадааст, ки  нишастҳои матбуотӣ бо иштироки раисону роҳбарони ташкилотҳо, вилояту шаҳру ноҳияҳо ва вазоратҳо  доир гардад. Яъне, ширкати шахсони аввал ҳатмӣ будааст. Ин ҳам Амри Президент аст ва намебояд онро нодида гирифт. Ё боз ҳам хато кардам?

                                               Аслиддин Достиев