- Иқтисод

IRS мегӯяд пулро бо корт пардохт кунед!

Ширкати ҷамъоварии пул дар масири Душанбе – Чаноқ IRS эълон кард, ки хадамоташро тариқи пардохти ғайринақдӣ ба роҳ мемонад. IRS бо нашри як изҳорот эълон кард, ки ронандагон минбаъд метавонанд пул ба ин ширкатро тариқи кортҳои толлингӣ пардохт кунанд.

Дар муроҷиатномаи ширкати IRS ба ронандагон омадааст, ки “Бо мақсади тавсеа бахшидани пардохти ғайринақдӣ ва нисбатан қулай намудани гузариши воситаҳои нақлиёт аз тариқи плазаҳои толлингӣ аз шумо хоҳиш менамоем, ки ба мутахассисони филиали Ширкат, ки дар ҳар плаза қарор доранд, муроҷиат ва аз ин намуди хидматрасонӣ истифода намоед”.

IRS таъкид кардааст, ки гузаштан ба пардохти ғайринақдӣ ба манфиати ронандагон хоҳад буд. Ҷорӣ намудани пардохти ғайринақдӣ дар ҳолест, ки охири соли гузашта Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ниҳодҳои давлатиро муваззаф карда буд, ки то 1 апрели соли 2019 пешниҳоди ҳамаи хадамот ба аҳолиро тариқи пардохти ғайринақдӣ фароҳам кунанд. Бар асоси қарори Ҳукумат, вазорату идораҳои давлатие, ки ба ироаи хадамоти пулакӣ машғуланд, ба таври ҳатмӣ муваззаф шуда буданд, ки аз 1 апрели соли ҷорӣ дар баробари пули нақд ҳамаи навъҳои пардохтҳои электрониро барои ҳамаи намуди хадамот қабул кунанд.

Инчунин IRS ёдовар шудааст, ки истифодаи хизматрасонии мазкур аз шаҳрвандон вобаста буда, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар низоми толлингии филиали Ширкат дар муддати кӯтоҳ суратҳисоби худро кушоянд. Филиали Ширкати саҳҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати зиёд намудани пардохти ғайринақдӣ ҳангоми гузариши воситаҳои нақлиёт аз тариқи плазаҳои толлингии худ як сол аст, ки тадбирандешӣ менамояд. Иқдоми мазкур бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ» роҳандозӣ гардидааст. “Ронандагон бояд дуруст дарк намоянд, ки истифодаи кортҳои электронии пардохтӣ бартариҳои зиёд доранд. Аз ҷумла, ин омил ба коҳиш ёфтани гардиши пули нақд, ки аз лиҳози иқтисодӣ хеле муҳим ба ҳисоб меравад, сабаб мегардад”, — афзуд манбаъ.

Ёдовар бояд шуд, ки гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва истифодаи кортҳои пардохтӣ ба кам шудани танбашавии мошинҳо дар плазаҳои толлингӣ замина фароҳам меорад. Зеро суръати хизматрасонӣ бамаротиб афзуда, сифати он хубтар мешавад.

Бояд зикр кард, ки дар плазаҳои филиали Ширкати саҳҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон банкомат ва POS — терминалҳо насб шудаанд, ки аз онҳо дорандагони кортҳои пардохтии «Корти миллӣ», «Visa International», «Union Pay» метавонанд бе комиссия ҳаққи гузаришро аз плазаҳои толлингӣ пардохт намоянд.

Ҳоло дар роҳи ягонаи пулакии Душанбе-Чаноқ 6 плазаи толлингӣ: Варзоб (ноҳияи Варзоб), Ҳушёрӣ (ноҳияи Варзоб), Шаҳристон (ноҳияи Шаҳристон), Истаравшан (шаҳри Истаравшан), Деҳмой (ноҳияи Ҷаббор Расулов) ва Чорух (шаҳри Гулистон) мебошад.

Хизматрасонӣ дар ин шоҳроҳи пулакии Тоҷикистон гарон аст. Бар асоси нархномаи нави ширкати IRS, ки пас аз таҷдиди плазаи толлингии Майхура ҷорӣ кард, як мошини сабукрав барои ҳаракат аз аввал то охири шоҳроҳ: Душанбе-Чаноқ бояд 59 сомонӣ пардохт кунад. Вале мошинҳои боркаши категорияи чорум барои ҳаракати ҳамаи қитъаи муайяншудаи роҳ аз ҳамаи 6 плазаи ширкат бояд 638 сомонӣ супорад.

Ширкати IRS (Innovative Road Solutions), ки масъулияти пулчинӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ – ягона роҳи пайвасткунанаи маркази ҷумҳурӣ бо шимоли Тоҷикистон, вилояти Суғд ва боқӣ қаламрави кишварро дар даст дорад. Мошинҳои категорияи дуюм барои убури 6 плаза 188 сомонӣ ва мошинҳои боркаши катерияи сеюм  493 сомонӣ бояд пардохт кунанд. Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ аз пойтахти Тоҷикистон то марзи ноҳияи Мастчоҳ бо ӯзбекистон 410 километр тӯл мекашад. Ин роҳ дар 8 соли пеш бар пояи 281 миллион доллар қарзи Чин ва ҳудуди 30 миллион доллар саҳми Ҳукумати Тоҷикистон тармим шуд. Дар соли 2010 шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ бо қарори парлумон нахустин роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон эълон шуд ва масъулияти пулчиниашро ба ширкати IRS супурданд.

Нуралӣ Карим

Душанбе