- Иҷтимоъ

БА ОНҲО ҲАМА ЧИЗ МЕРАСАД, ҶУЗ МЕҲРИ ФАРЗАНДОН

   Чанд соати ҳамроҳи эшон будан маълумамон гашт, ки занону мардони дар ин муассиса маскуншуда яку якбора аз модар нотавон тавлид нашуда, дар бистари беморӣ наафтодаанд. Замоне онҳо молики ақлу зеҳни комилу тавонои хеш буданд. Замоне онҳо дар ҷомеа қадру манзалати хос доштанд. Замоне онҳо дар канори оилаву фарзандон худро хушбахту хушрӯз эҳсос мекарданд. Замоне онҳо ҳоҷатбарору ғамгусори касе ба шумор мерафтанд. Замоне онҳо модарону падарони фарзандони худ буданд. Эшонро тамиз мекарданд, тарбият медоданд, ба воя мерасониданд, хато нест, ки ҷонашонро дареғ намедоштанд. Вале каҷрафтории гардиши айём онҳоро гӯшанишин карда, аз хонаву дар, ёру наздикон канор гузоштааст. Аммо ин замон онҳо чашми чоранду барзиёд эҳтиёҷманд. Эҳтиёҷ на аз гуруснагӣ ва на аз сардиву гармӣ, балки фақат ва фақат ба меҳру муҳаббат ва айёдати фарзандону наздикон.

   Пеш аз вуруд ба Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони рӯҳии ноҳияи Восеъ” суолҳои зиёд ва ҳам шубҳаомез майнаамро азият медод. «Шояд, ки ин беморон дар ҳар кунҷу канор хоб бошанд? Аз имкон дур нест, ки онҳо муассисаро ба сари худ чаппа мекарда бошанд. Оё бо онҳо аз наздик шинос шудан имкон дорад ва хатарнок нестанд? Ин ва дигар суолҳое, ки раҳо-раҳ дар фикрашон фурӯ мерафтам. Пас аз шинос намудани худ посбон иҷозаи вурудро доду ҳуҷраи кори директорро ишора кард. Ду се қадам задан замон бо он суол-шубҳаҳо зиёд шуданд. Мабодо… шояд… ба гумон… боз чанди дигар. Тахминан 15-20 қадам дуртар ҳамаи шубҳаҳо бартараф шуданд. Саҳни ороми ҳавлӣ, тозагӣ ва гулу буттаҳои парваришшуда ва беморони дар шипангҳо ва ҳуҷраҳо зери назорат буда, шаҳодат аз тартибот дар муассиса буд. Директори муассиса Баҳриддин Шерматов дар мусоҳиба бо «Пайк» гуфт:

   “Дар муассиса 220 нафар беморон нигоҳубин мешаванд. Аз ин шумор 88 нафарашро занҳо ва 132 нафари дигарро мардон ташкил мекунанд, ки аксарияташон падарон ва модаронеанд, ки дар рафти зиндагӣ бемор шудаанд. Миёни маризон бештарашон шахсони аз синни 41 то 80 сола ҳастанд. Кам одамоне ёфт мешавад, ки бо ҳамроҳии эшон кор карда тавонад. Барои бемороне, ки нуқсони равонӣ доранд, як корманди равоншинос муваззаф аст, ки ҳамроҳашон кор барад. Мутахассиси равоншинос нест, умуман кам аст. Беморони ин ҷо буда пурэҳсосанд. Ба психологияи ҳар яки онҳо кор  кардан лозим аст. Муассисаи мо ҷумҳуриявӣ аст. То ҳадди имкон шароитҳо барои беморон фароҳам аст. Ҳаррӯза барои нигоҳубин, тамизи сару бадан ва хӯроку либоси беморон кормандон муваззаф шудаанд. Бошандагон то замони вафот инҷо зиндагӣ менамоянд. Ҳар он беморе, ки ба муассиса оварда мешавад, тариқи роҳхат қабул мегардад.»

   Лаҳзае канори чунин беморон будан ҳам ҳузнангез асту ва ҳам ҳаяҷонбахш. Ба он хотир фараҳбахш аст, ки ҳар кадом аз саргузашти худу дигарон вобаста ба шавқу маҷоли худ нақл мекаранд. Таассуфовар аз он ки ҳангоми бо ҳамроҳии директор дар саҳни муассиса давр задан занону мардон ва ҳам ҷавонон, ки бемории равонӣ доштанд, вақти дидани Баҳриддин Шерматов суолҳое медоданд, ки шунавандаро ба гиря меовард. Масалан яке омада мегуфт, ки «ман кай хона меравам». Дигаре бо чашми чор, «писари ман ба хабаргириям меояд?» мепурсид. Саввуми бо ҳасрат вонамуд мекард, ки воқеан чашми муштоқи дидори наздиконаш аст. Ҳар як саволи додаи эшон шубҳаро ба он зиёд мекард, ки маскунони инҷо нуқсони равонӣ дошта бошанд. Дар ин давом ягона саволе, ки ҷӯёи посухаш будам ва ба Шерматов ҳам додам, ин буд, ки оё ин беморон имкон доранд, ки ба муддате ба хонаҳои хешу ақрабо бурда шаванд ё нафаре ба аёдаташон ояд?

   Манбаъ илова кард, ки: «Албатта, нафарони ба беморон наздик метавонанд бо онҳо вохӯрӣ кунанд ва аз аҳволашон хабардор шаванд. Аксарияти занону мардони (ҷавонон низ дар назар аст) маскуншуда аз ҷониби фарзандон, аз ҷумла писарон ба инҷо оварда мешаванд. Онҳо ин беморонро меоранду ба ҳамин минвол аз души худ сабук карда, қариб ки тамоман аз ҳолу аҳволи волидони бемори худ хабар намегиранд. Аз ин бадтар ин аст, ки баъзеашон ҳатто мурдаи наздикони худро соҳибӣ намекунанд. Пас аз вафот ба суроғае, ки исми бемор сабт шудааст намоянда равон мекунем. Вақте, ки ба суроғашон намеоянд, майитро дар оромгоҳе, ки мо аз ҳисоби замини махсуси муассиса ташкил намудаем, дафн месозем. Мутаассфона, чандин нафарон дар навбатанд то падару модар ё шахси дигари наздикашонро ба муассиса биёранд.»

   Қайд бояд кард, ки чунин шахсон пайваста зери сояи ғамхорӣ қарор доранд, вале ҳеҷ як кас ҷои фарзанди худи онҳоро гирифта наметавонад. Ҳар бемори инҷо, бахусус падарон ва модарон ҳар саҳар бо чашми чор ба дарвоза менигаранд, то касе аз аҳволашон хабар мегирад ё не. Ҳамин тавр умри инҳо бо раҳпоӣ дар роҳи фарзандону наздикони хеш мегузарад. Шояд имкони шифои ин беморон кам бошад, вале онҳоро хабар гирифтан ҳам савоб аст ва ҳам руҳияашонро хуб мекунад, ба он нигоҳ накарда, ки маризии равони доранд.

    Тибқи маълумоти дастрасшуда, дар Муассисаи давлатии “Хона-интернати бемориҳои рӯҳии н. Восеъ” дар як рӯз аз рӯи ҳисобот барои як бошанда 16 сомону 95 дирам ҷудо мегардад, ки 1 сомону 31 дирами он сарфи маводи доруворӣ мешавад. Дар як шабонарӯз 3 маротиба ба беморон хӯрок дода мешавад. Дар маҷмуъ 108 нафар, аз ҷумла 7 духтури дорои маълумоти олӣ, 16 ҳамшираи дорои маълумоти миёна, 43 мураббия ва 42 ҳайъати хизматрасон ба бошандагони муассисаи номзикр хизмат мерасонанд. Барои истироҳату фароғат дар ҳуҷраву роҳравҳо 42 адад телевизион гузошта шуда, нуқтаҳои бозиҳои варзишӣ ташкил карда шудааст. Ҳар як 10- рӯз беморон тамиз мешаванд ва сару либос ва рахти хобашон иваз мегардад.  

    Дасти кӯмак расондан ба чунин ашхос аз беҳтарин савобҳо ба шумор меравад. Чун ба масъулону дороёну қудратмандон дастур шудааст, ки ба чунин хона-интернатҳо дасти ёрӣ дароз намоянд. Дар мавриди кӯмак ба муассиса  Шерматов суханони зерро ёдрас гашт:

   “Сарпарасти мо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Новобаста ба ҳар як чорабинӣ чи мушкиле дорем, бо мо мувофиқат мекунанд ва аз рӯи имкон мушкилиҳои доштаи моро бартараф месозанд. Ҳамчунин аз ҳисоби хоҷагии ёрирасон ободкорӣ мекунем. Дар назди муассиса 16- ҳектор замини кишт, 70-80 моли майда, 30 чорвои калон ва 20 оила занбури асал дорем, ки қисми маблағи инҳоро ба ободии муассиса сарф мекунем. Дар иду ҷашнҳо аз ҷониби ташкилоту муассиса ва шахсони сахватманд ҳам ба муассиса кӯмаки пулию молӣ мерасад.”

   Ба ҷои охирсухан: фикри ин ҷониб ин аст, ки касоне дар он ҷо бистариянд, шароитҳои будубош барояшон фароҳам буду аз чизе танқисӣ надоштанд, хурокашон дуруст, ҷои хобашон гарм. Бешубҳа маълум аст, ки онҳо аз ибтидо ингуна бемори рӯҳӣ набудаанд ва дар давоми зиндагӣ ба беморӣ дучор шудаанд. Ҷои онҳо беморхонаи рӯҳӣ не, балки хонаи орому фазои осудаи писарони ғамхор аст, ки сари вақт ба табобаташон расидагӣ кунанд. Ягона неъмате, ки ба онҳо намерасад, меҳру муҳаббат ва каломи ширину таскинбахши наздикон аст, ки аз ҳазорҳо табобати табибон аст, барояшон авлотар аст.

Худойдоди Ислом