- Без рубрики

АЗ «СЕНСАТСИЯ»-И АТОЕВ ТО “ТАНЎРҲО”-И АҲМАДЗОДАВУ «ФАБРИКА»-И НУРИДДИН САИД

Шурўъ аз 10-уми июли соли равон мутобиқи Амри Президенти Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2015 баргузории нишастҳои матбуотӣ дар сохторҳои давлатӣ оғоз гардид. Ҳафтаи гузашта чанд ниҳоди калидии кишвар нишасти матбуотӣ доир карданд, ки дар натиҷа қисме аз ногуфтаҳо гуфта шуду қисме аз саволҳои журналистон дар ҳаво муаллақ монд.

Хадамоти алоқа, “сенсатсия” накунед

Муовини Хадамоти алоқа Илҳомҷон Атоев зимни баргузории нишаст санаи 15 июл  таъкид кард, ки додани симкорте, ки ба номи як шахс сабт шудааст, барои истифода ба шахси дигар қатъиян манъ мебошад. И.Атоев изҳор дошт, ки бар асоси қарори Ҳукумат аз 30 апрели соли 2016 №207-7 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» азнавбақайдгирии симкортҳои алоқаи мобилӣ аз ҷониби истифодабарандагон дар асоси шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон – «корти ID» гузаронда мешавад. Тибқи ин қарор Хадамоти алоқа вазифадор шудааст, ки то 15 августи соли равон ба номи ҳар шахс ба расмият даровардани на зиёда аз ду симкортро бо шиносномаҳои нав — корти ID анҷом диҳад. Аммо норизогии мардум ва кори номувозинат дар шуъбаҳои шиносномадиҳии ВКД нигаронкунанда аст. Аз ҷониби дигар, вақти ҷудошуда барои азнавбақайдгирӣ кам аст. Бинобар ин Атоев дар посух ба суоли хабарнигорон оид ба тамдиди вақти бақайдгирӣ чунин посух дод, ки роҳаш ҳаст, мо ба Ҳукумат нома ирсол мекунем, ки вақтро дароз кунанд, то ҳамаи симкотҳо ба қайд гирифта шаванд, аммо инро дуруст хабар диҳед, “сенсатсия” накунед. Атоев инчунин ёдрас кард, ки агар симкорт барои истифода ба шахси дигар дода шаваду он дар ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстремистӣ дошта истифода гардад, соҳиби симкорт аз 2 то 3 сол ҳабс ё аз 800 то 1500 нишондиҳанда (44 то 82,5 ҳ) барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ мешавад. Ба иттилои Хадамоти алоқа ҳоло дар ҷумҳурӣ 6 миллиону 471 ҳазор симкорт мавриди истифода қарор дорад, ки аз он танҳо наздик ба 2 миллиону 101 ҳазораш тавассути шиносномаи нав ID ба расмият дароварда шудаанд.

Прокурори генералӣ, дар 6 моҳ 12549 ҷиноят

Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зимни нишасти матбуотӣ  санаи 16 июл хабар дод, ки дар 6 моҳт соли 2019 дар ҷумҳурӣ 716 ҷинояти дорои характери террористию экстремистӣ дошта ба қайд гирифта шуда, ҳамаи шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Ба гуфтаи Прокурори генералӣ, ин ҷиноятҳо аз ҷониби аъзои ташкилотҳои террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом, «Ҷамоати Ансоруллоҳ» (қаноти ҷангии ҲНИ), «ДОИШ», «Салафия», «Гурўҳи-24» ва дигар созмонҳои экстремистӣ содир шудаанд. Бино ба гуфти Юсуф Раҳмон дар 6 моҳ дар ҷумҳурӣ 12549 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

Гулмаҳмадзода, дар деҳот партовгоҳ нест

Собиқ раиси вилояти Хатлон, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни нишаст санаи 16 июл аз набудани нуқтаҳои партов дар деҳоти кишвар изҳори нигаронӣ карда, ин мушкилотро камбудии асосӣ дар деҳот арзёбӣ кард. Ҳоло аз тарафи Кумита барномаҳое ба мисли «Маърифати экологӣ» қабул карда шудаанд, ки мақсади асосии онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба ҳифзи муҳити зист ва тоза нигоҳ доштани атроф мебошад. Аммо пеш аз деҳот бояд мушкилоти партовҳои шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои бузурги кишвар бартараф карда шаванд.

Вазири адлия, зиндони муосир надорем

Рустам Шоҳмурод, вазири адлия аз мубрамтарин мушкилоти зиндонхонаҳои Тоҷикистон, ин набудани бинои замонавӣ бо шароити хуби нигоҳдории маҳбусон, яъне зиндони замонавӣ дар Тоҷикистон, интиқод кард. Ў ин нуқтаро санаи 17 июл зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки айни замон сохтмони бинои замонавии муассисаи ислоҳӣ ба назар гирифта шудааст. Рустам Шоҳмурод аз қазияи заҳролудшавии маҳбусон дар зиндонхонаи шаҳри Ваҳдат низ ёдовар шуда, қайд намуд, ки айни замон дар қаламрави ин шаҳр, сохтмони бинои нави муассисаи ислоҳӣ идома дорад. Қаблан дар нишастҳои қаблӣ вазири адлия вобаста ба сохтмони биноҳои нави зиндон дар ҳудуди ноҳияи Рўдакӣ хабар дода, таъкид карда буд, ки сохтмони зиндонҳои нав маънии онро надорад, ки дар Тоҷикистон ҷинояткорӣ бисёр шудаасту маҳбусон зиёд, баръакс, мо мехоҳем онҳоро дар шароити муосир ва бехавф дар зиндонҳо нигоҳ дорем.

Зиддиинҳисорӣ, “Барқи тоҷик” айбдор

Назар Одиназод, сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ зимни нишаст санаи 17 июл вазъи молиявии ширкати «Барқи тоҷик»-ро бад арзёбӣ кард. Бинобар беҳбуд шудани вазъи он аз 1 сентябри соли равон, нархи неруи барқ дар Тоҷикистон боло бурда мешавад. Ў сабабгори асосии болоравии 17% нахри барқро ба “Барқи тоҷик” рабт дод. Одиназода инчунин гуфт, ки пас аз санҷиш доир ба боло рафтани нархи неруи барқ, қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 22 июни соли равон қабул карда шуд, ки мувофиқи он аҳолии Тоҷикистон аз 1-уми сентябр барои 1 киловатт-соат неруи барқ ба ҷойи тарифи амалкунанда дар ҳаҷми 19,37 дирам, минбаъд 22,66 дирам маблағ пардохт мекунанд (ба ҷуз Ширкати алюминии тоҷик).

Инчунин Вализода хабар дод, ки ҳудуди 88% бозори сўзишвории кишвар дар дасти се ширкат мебошад, ки инҳо ширкати “Газпромнефти Тоҷикистон” — 41%, ширкати “Се ганҷ” – 37% ва Оҷонси захираҳои моддии Тоҷикистон, каме беш аз 10 %-ро ташкил медиҳад. Саҳми беш аз 88 дарсадии 3 ширкат дар бозори сўзишвории Тоҷикистон дар ҳолест, ки ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар маҷмуъ ба воридоти маҳсулоти нафтӣ дар кишвар 146 ширкат машғул мебошанд.

Вазорати нақлиёт, 1 265 ҳазор сомонӣ ҷарима

Суҳроб Мирзозода, муовини Вазорати нақлиёт зимни нишасти санаи 17 июл хабар дод, ки дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо аз ҷониби мутахассисони соҳа 460 ҳолати риоя накардани қоидаҳои кашонидани борҳои гаронвазн бо нақлиёти боркаш ошкор гардид. Вайронкунандагони қонун ба маблағи 1 265 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуданд. Дар баробари ин аз ҷониби масъулини Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба миқдори 313 тонна бори аз меъёр зиёд аз воситаҳои нақлиёт дар истгоҳҳои боркашонӣ фароварда шуд. Мирзозода иттилоъ дод, ки баъд аз эродҳои Сарвари давлат барои ислоҳи камбудӣ дар вазорат ҷаласаи ғайринавбатии ҳайати мушовара бо иштироки намояндагони Прокуратураи генералӣ, Хадамоти гумрук, Бозрасии давлатии автомобилӣ баргузор гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳҳои мошингарди Кангурт –Балҷувон, марҳилаи аввали роҳи Душанбе –Бохтар ва дигар роҳҳову пулҳои мошингарди шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор мегиранд.

Ёдовар бояд шуд, ки Президент дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои мамлакат 10 майи соли равон аз вазъи роҳҳо, ки бинобар гузариши мошинҳои гаронвазн бармаҳал вайрон мешаванд, эродҳои ҷиддӣ гирифта буд ва ҳатто роҳбари пешини Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт аз толори маҷлисгоҳ аз кор озод карда шуда буд.

Палатаи ҳисоб, миллионҳо зарарӣ Бонки миллӣ

Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ рўзи 18 июл иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва БДА “Амонатбонк” санҷида шуда, дар натиҷа ба маблағи 9,1 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуд. Аммо Бонки миллӣ бо нашри як баёния санаи 19 маълумоте, ки аз Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ ироа шудааст, воқеъият надорад гуфт. БМТ гуфтааст, ки дар ягон санади санҷишии Палатаи ҳисоб маблағи гуфта расман ҳамчун зарари молиявӣ сабт нашудаанд, минбаъд дар изҳороту маълумотҳои расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ карда нашаванд.

Дар баробари ин кормандони Палатаи ҳисоб соли равон зимни гузаронидани 156 санҷиши аудиторӣ беш аз 88 миллион сомонӣ зарари молиявиро муайян намуданд.

Кумитаи озуқаворӣ, вориди гўшти мурғ кам шуд

Фарҳод Камолзода, раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ зимни нишасти хабарӣ санаи 18 июл иттилоъ дод, ки соли 2019 воридоти гўшти мурғ ба Тоҷикистон кам шуда, дар 6 моҳ 15 ҳазор тоннаро ташкил намуд. Бино ба гуфти Камолзода сабаби кам ворид шудани гўшти мурғ ин дар ҷумҳурӣ фабрикаҳои мурғпарварӣ зиёд гардида, маҳсулоти истеҳсолнамудаашон босифат ва ба талаботи имрўза ҷавобгўй мебошад. Ў ҳамчунин дар мавриди сифати гўшти мурғи воридшаванда иброз дошт, ки ҳоло гўшти мурғ бештар аз Амрико ворид мешавад. Нархаш низ нисбатан арзонтар аст. Шурўъ аз моҳи майи соли равон воридоти ин навъ маҳсулот кам карда шуд ва шояд нархаш низ боло равад.

Кумитаи меъморӣ, дар Душанбе танўр насозед

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон санаи 19 июл зимни нишаст гуфтанд, бунёди танўри нонпазӣ дар Душанбе ба ҳусни пойтахт нуқс ворид карда, ҳавои шаҳрро олуда аз дуд хоҳад кард. Дар назди биноҳои баландошёна дар шаҳри Душанбе сохтани танўри нонпазӣ ба манзараи пойтахти кишвар мувофиқ набуда ва аз сўи дигар истифодаи ангишту ҳезум барои пухтани нон ба вазъи экологии шаҳр таъсири манфӣ мерасонад. Инчунин кумита таъкид дошт, ки чунин мамнўъият ба шаҳраку марказҳои ноҳияҳо рабте надорад ва дар он ҷо аз рўи макети ин кумита танўрҳои нонпазӣ бунёд хоҳанд шуд. Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон далели манъи бунёди айвон ё балконҳои кушод дар биноҳои бисёрошёнаро шарҳ дода гуфт, ки маъмулан сокинони биноҳои баландошёна дар балкони кушод либоси шустаро овезон мекунанд, ки ба табиати пойтахт созгор нест.

Ҳамзамон кумита иттилоъ дод, ки иморатҳои дар шаҳри Душанбе сохташуда аз рўи меъёрҳои сохтмонӣ ба заминҷунбӣ тобовар мебошанд. Раис гуфтааст, ки айни замон дар ҷумҳурӣ хонаҳои монолитии сохти каркасӣ месозанд, ки ҳангоми таҳияи тарҳи лоиҳаҳои он тамоми инфрасохтори зарурӣ ба инобат гирифта мешаванд.

Кумитаи замин: Дар Душанбе замини наздиҳавлигӣ намедиҳем

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода санаи 19 ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани эҳтиёҷмандон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 30 492 гектар замин ҷудо карда шудааст. Аз ин майдони умумӣ то 1 июни соли ҷорӣ 22 917 гектар ба 224 625 нафар эҳтиёҷмандон дода шуд. Ба гуфтаи Ориф Хоҷазода, «дар ҳолати аз тарафи шаҳрванд дар тўли 3 сол оғоз накардани сохтмон бояд қарордод бекор карда шавад. Вале, пеш аз ҳама, бояд мутахассисон сабабҳои ба сохтмон оғоз накардани шаҳрвандонро омўхта, сипас хулосаҳои худро бароранд ва таклифу пешниҳодҳои худро ба онҳо расонанд”. Ҳамчунин раиси кумита дар мавриди он ки ба сокинони шаҳри Душанбе замини наздиҳавлигӣ ҷудо мегардад ё не, зикр намуд, ки тамоми сохтмонҳо дар асоси нақшаи кулли шаҳри Душанбе ба роҳ монда мешаванд. Кумита дигар дар ҳудуди шаҳр заминҳои наздиҳавлигӣ пешбинӣ накарда, танҳо барои бо манзили зист таъмин намудани шаҳрвандон дар биноҳои баландошёна корбарӣ менамояд.

Вазорати маориф, хатти форсӣ ва “фабрика”

Вазири маориф ва илм, Нуриддин Саид зимни нишасти матбуотӣ санаи 19 июл гуфт, ки имрўз Тоҷикистон зарурат аз хатти кириллӣ ба хатти форсӣ гузаштанро надорад. Вазир гуфт: “Мо ҳеҷ гоҳ нияти аз хатти сирилик ба хатти форсӣ гузаштанро надоштем. Мо зарураташро ҳам намебинем”. Инчунин, вай илова кард, ки дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон барои хонандаҳои синфҳои 7-8 омўзиши алифбои ниёгон роҳандозӣ шудааст.

Инчунин Нуриддин Саид гуфт, бархе аз донишҷўёни кишвар пул доранду дониш не, вале нияти дохил шудан ба ихтисосҳои баргузидаро доранд. Чунин афрод дониши кофӣ барои дохилшавӣ ба ихтисосҳои писандидаашонро тариқи Маркази миллии тестӣ надоранд ва аз роҳҳои дигар истифода мебаранд. Вазир тавзеҳ дод, ки онҳо дар хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Бодканду Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ва шаҳрҳои Россия мераванд ва ба ихтисосҳои сара – дипломат, ҳуқуқшинос, иқтисоди байналмилалию ғайра дохил мешаванд. Ў нақл кард, ки баъди як соли таҳсил дар бахши ихтисосҳои сара дар хориҷ, муҳассилин мехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданду таҳсилашонро давом диҳанд. Бо чунин бозиҳо фазои таҳсилоти Тоҷикистонро олуда накунанд. Вазир гуфт, ки дар чунин ҳолатҳо гузариш тибқи тартибот танҳо баъди анҷоми баробарвазнӣ ба курсу донишгоҳи мувофиқ анҷом дода мешавад.

Ҳоло тибқи иттилои вазири маориф феълан ҳудуди 30 ҳазор донишҷў аз Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ки ҳудуди 90%-ро муҳассилини бахши буҷавӣ ташкил медиҳанд.

Инчунин Нуриддин Саид сарусадоҳо дар бораи роҳандозии пойафзори ягона дар макотиби кишварро шарҳ дода, ҷонибдорияшро аз таъмини мактаббачаҳо бо пойпўши истеҳсоли ватанӣ баён кард. Вазир дар посух ба суоли хабарнигор, ки «модоме либос дар макотиб ягона аст, сарусадоҳо аст, пойпўш низ ягона мешавад», изҳор дошт, ки ният доранд дар назди коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, хиёбони Айнӣ фабрикаи истеҳсоли пойафзори бачагонаро таъсис диҳанд. Ў афзуд, ки барои роҳандозии ин иқдом ҳамкорон аз Ҳиндустон ҷалб шудаанд. Вазир гуфт, ки “тасаввур кунед, ду миллион хонанда ба ғайр аз донишҷўён дорем. Агар мавсимӣ як хонанда се ҷуфт пойафзор пўшад, солона шаш миллион ҷуфт ва шояд аз ин бештар шавад”. Инчунин Нуриддин Саид таъкид кард, ки “гумон мекунам, ин қарор дуруст аст. Майда- майда истеҳсоли пойафзорро сар мекунем, фурўш озод мешавад”.

Нуралӣ Карим

Душанбе

P.S: Оид ба рафти шишастҳои матбуотии ҳафтаи меомада дар шумораи оянда гузориш хоҳем дод.