- Без рубрики

Хатлон: Дар нишастҳои матбуотӣ, кӣ чӣ гуфт?

Тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 № АП-1729 дар як сол ду маротиба роҳбарони вазорату идораҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳо бо рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ доир менамоянд. Чунин нишастҳои хабарӣ дар идораву ташкилотҳои вилояти Хатлон низ сурат гирифт, ки мо шарҳи мухтасари онҳоро пешкаши хонанда мегардонем.

    Прокуратура: 324 ҷиноят кам шудааст    

Рӯзи 17 июл дар прокуратураи вилояти Хатлон бо иштироки васеъи намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ доир гардид.

 Насрулло Маҳмудзода, прокурори вилоят қайд кард, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар шаш моҳи сол равон коҳиш ёфтааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018 – 324 ҷиноят кам мебошад.

Назорати умумӣ самти афзалиятноки кормандони прокуратура ба ҳисоб рафта, дар соли ҷорӣ 816 санҷиш гузаронида шудааст. Дар миқёси вилоят аз ҷониби прокуратураҳо 1589 амр, 1257 эътироз оварда шуда, барои рафъи қонунвайронкуниҳо 756 пешниҳод ирсол гардидааст. Дар умум 1450 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 987 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 3357 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Дар ин давра 444 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, зарар ба маблағи 80 милион сомонӣ, аз ҷумла зиёда аз 12 миллион сомонӣ қарзҳои андоз  пардохт карда шудааст.

Аз ҷониби кормандони прокуратура вобаста ба иҷроиши талаботи қонунгузорӣ дар бораи самаранок ва оқилона истифода бурдани замин нисбати ҳамин давраи соли гузашта беҳтар гардидааст. Аз 78 санҷиши гузаронидашуда, 206 амр баҳри бекор намудани санадҳои ғайриқонунӣ қабулшуда ва 244 эътироз оварда шуд. Маҳмудзода Насрулло иброз дошт, ки соли 2018 дар натиҷаи эътирозҳои пракурорӣ 189 қарори ғайриқонунӣ бекор карда шуд. Баҳри бартараф намудани қонуншиканиҳои ошкоргардида вобаста ба истифодаи оқилонаи замин ба унвонии шахсони мансабдор 145 пешниҳод ирсол гардида, 880 нафар шаҳрвандон ба ҷавобгарии маъмурӣ, 108 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 89 нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуда, 226 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

                    328 ҳолатӣ ғасби худсарони замин

  Аз ҷониби нозирони давлатии истифода ва ҳифзи замини  шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар зарфи шаш моҳи гузаштаи соли ҷорӣ 3- ҳазору 514 ҳолати қонуншиканӣ нисбати замин ошкор гардидааст, гуфта шуд, зимни нишасти хабарии ниҳоди мазкур бо рӯзноманигорон. 

Ҳамзамон, аз шумораи умумии қонуншиканиҳои ба қайдгирифташуда, 328 ҳолаташро ғасби худсаронаи замин ташкил медиҳад. Аз қонуншиканиҳои ҷойдошта дар майдони 2634,5 гектар замин ошкорнамуда, барои дар маҳал бартараф намудани ҳолатҳои ҷойдошта 3514 адад дастур, барои бартараф намудани камбудиҳо дода шудааст. Инчунин 2941 адад протоколу қарорҳо дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумхурии Тоҷикистон қабул гардида, ба маблағи 1 миллиону 136- ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ гардидааст, ки аз ин маблағ ба суратҳисоби махсуси кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 1 миллионаш ворид гардидааст, ки ин 90 дарсадро ташкил медиҳад.

     Гумрук: Парвандаҳои маъмурӣ афзуда аст      

Муҳаммадшариф Зикиров, муовини сардори Раёсати минтақавии гумруки дар вилояти Хатлон дар нишасти матбуотии ниҳоди мазкур гуфт, ки давоми 6 моҳи сипаригардидаи соли равон 218 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 1 парвандаи ҷиноятӣ тартиб дода шуда, қонуншиканон ба маблағи 409 ҳазору 984 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудаанд. 

Қайд гардид, ки парвандаҳои маъмурӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта, 6 адад зиёд мебошад. Инчунин аз парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии оғозшуда, 174 адад нисбати шахсони воқеъӣ, 3 адад нисбати шахсони мансабдор, 41 адад нисбати шахсони ҳуқуқӣ мебошад.         

      Қарзи барқ миёншикан аст

Иномҷон Ғуломов, муовин оид ба фурӯши барқи «Шабакаҳои барқи ҷанубӣ» зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ба 01-07-2019 қарздорӣ дар назди ин ниҳод ба зиёда аз 253 миллион сомонӣ  расидааст. Гуфта шуд, ки аз ҳама қарздории калон дар минтақаи Бохтар ташкилотҳои саноатӣ беш аз 13- миллион сомонӣ, Раёсати беҳдошти замин ва идораҳои зертобеъи он 21 милион сомонӣ, идораву ташкилотҳои буҷетӣ зиёда аз 11 млн, ва аҳолӣ зиёда аз 79- миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар давраи сипаригардида нисбати 4- корхонаи қарздор ба маблағи 5- милиону 459- ҳазор сомонӣ мавод барои чораҷӯӣ ба мақомоти прокуратура пешниҳод карда шудааст. Бо вуҷуди ин дар суди иқтисодии вилоят маводҳо нисбати 4- корхонаи қарздор ба маблағи 5 миллиону 459 сомонӣ баррасӣ шуда, ба манфиати «Шабакаҳои барқи ҷанубӣ»- ҳал гардидааст.

Ин дар ҳолест, ки зимни нишасти қаблии ниҳоди мазкур иттилоъ дода шуда буд, ки то 01-01-2019 қарздории муассисаву ташкилот ва аҳолии минтақаи Бохтар дар назди «Шабакаҳои барқи ҷанубӣ» ба 224- миллион сомонӣ расида аст,  аммо гуфта шуд, ки ҳамакнун ин қарз ба 253 миллион сомонӣ баробар аст.

     РВКД:  219 ҷиноят аз ҷониби занон ошкор шудааст

 Дар шаш моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ дар миқёси вилояти Хатлон 16 ҳолати куштор ва суиқаст ба куштор ба қайд гирифта шудааст, ки сатҳи кушодашавии ҷиноят 100 %-ро дар бар мегирад. Инчунин 91- кг 282-гр маводи мухадири навъҳои гуногун мусодира карда шудааст.  Дар ин давра 4 нафар корманди ниҳоди мазкур даст ба ҷинояд задаанд. Ҳамзамон қайд гардид, ки дар шаш моҳ 219 ҷиноят аз ҷониби занон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ҳама зиёд дар ин самт қаллобӣ мебошад, ки 58 ҳолат аст, гуфт Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, санаи 23 июл зимни нишасти матбуотӣ бо журналистон.

Ҷангал: 26 шикорчӣ ба даст афтод

Аз ҷониби кормандони муассисаи давлатии хоҷагии ҷангалӣ вилояти Хатлон ва муассисаҳои зертобеъи он дар шаҳру ноҳияҳо, давоми шаш моҳи спаригардидаи соли равон 420 ҳолати қонуншиканӣ нисбати ҷангал ба қайд гирифта шуда, қонуншиканон ба маблағи 69 ҳазору 230- сомонӣ ҷарима карда шудаанд. Дар ин замина, 271- санад дар самти буридани ғайриқонунии дарахтон, 45 санад чорвочаронии худсарона, 42 санад ҷамъоварии ғайриқонунии гиёҳҳои шифобахш ва маҳсулоти ҷангал, 26 санад шикори ғайриқонунӣ ва 36 санади дигар қонуншиканиҳо мебошад, изҳор дошт Суннатулло Мирзоев, сармуҳандиси хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон ҳини гузаронидани нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон.

   ӯ илова намуд, ки аз зарари умумии расонидашуда, 68 ҳазору 626  сомониаш ба хоҷагиҳои ҷангал ворид гардидааст, ки ин рақам 99 дарсадро ташкил медиҳад.       

   РКХФ:  47  нафар аз ҳолатҳои фавқулода ҳалок шуданд

  Сулаймон Исозода, сардори Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят зимни нишасти матбуотӣ санаи 22 июл гуфт, ки  дар ҳудуди вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли 2019 253 ҳолати фавқулодаи дорои хусусиятҳои гуногундошта ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 47 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида 140 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Маблағи умумии зарар 14 милиону 107 ҳазору 846  сомониро ташкил  дод. 

    Қайд гардид, ки ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ дошта 6 ҳолат ба қайд гирифта шуд, ки маблағи умумии зарари расонидашуда 13 миллиону 39 ҳазору 823 сомониро ташкил медиҳад, дар натиҷа 2 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2018, 3- ҳолат кам мебошад. 

     Бино ба иттилои Сулаймон Исозода, сардори Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофияи граждании вилояти Хатлон афзуд, ки дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ҳангоми оббозӣ ва аз бемаъсулиятии падару модарон, инчунин аз муноқишаҳои оилавӣ ва гирифтор будан ба касалиҳои рӯҳи 10 нафар шаҳрвандон дар кулу каналҳо ва дарёҳои ҳудуди вилоят ғарқ шуда ба ҳалокат расиданд. Масъулини соҳа қайд карданд, ки қисми бештари ғарқшудагонро ҷавонон ташкил медиҳад. 

    Тандурустӣ: Фавти 13 модар ҳангоми тавалуд

Раҷабзода Мирзоалӣ Миралӣ, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон афзуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон 13 ҳолати фавти модар ҳангоми тавалуд ба қайд гирифта шудааст. Манбаъ афзуд, ки ин мушкилот проблемаи ҷиддӣ аст, назоратро аз болои ин пурзур менамоем. Ин омил, дар ноҳияи Қубодиён 6 ҳолатро ташкил медиҳад, Раҷабзода гуфт, ки масъулони соҳа дар ноҳияи зикргардида бо ин сабаб аз мақомашон сабукдӯш карда шудаанд.

Дар ин баробар гуфта шуд, ки дар шаш моҳ 17 бунгоҳи саломатии деҳотӣ, дар ноҳияҳои Ёвон, Данғара, Ҷ Балхӣ, Ҷайҳун, Вахш ва Дӯстӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Инчунин дар миқёси вилоят сохтмони 9 бунгоҳи тиббӣ оғоз гардида, идома дорад.

   Диловар Исозода:  “Маориф ҳама чизро мебардорад” 

Диловар Исозода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон рӯзи 17 июл дар нишасти хабарӣ ба  кормандони ВАО гуфт, ки дар 39 муассисаи таълимии вилоят таълиму тарбия дар 3 баст қарор дорад. Нигаронии рӯзноманигорон аз он рафт, ки дар миқёси вилоят, шумораи фарогирии кудакон ба кӯдакистон дар сатҳи паст қарор дорад. Инчунин ӯ афзуд, ки дар ҳақиқат ин проблемаи ҷиддӣ аст, 38 муассисаи томактабӣ дар вилоят солҳои қаблӣ фурӯхта шудааст, аммо дар вилоят барои фарогирии бештари кӯдакон корҳо ҷараён дорад. Дар ин замина сохтмони кӯдакистонҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба қайд гирифта шудааст, ки бо сохта шудани он ин омил беҳтар хоҳад шуд.

Исозода иқрор кард, ки сифати либосҳои тактабӣ дар сатҳи аъло қарор надорад, вале бо пайдо шудани шумораи корхонаҳои зиёди ватанӣ ва пайдо шудани рақобати солим сифатан хуб мешавад: “каму беш мушкилӣ дар соҳаи маориф меафтад ба ҳар ҳол соҳаи маориф ҳама мушкилиро мебардорад, ҳам истеҳсолот пеш меравад ва ҳам ин камбудӣ бартараф мегардад”, илова намуд  ӯ.

                    ДДБ: 87 донишҷуро ихроҷ кардааст

Муҳҳаммад Шодиён, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар нишасти матбуотиаш гуфт, ки дар соли таҳсили 2018- 2019 87 донишҷу аз донишгоҳ ихроҷ карда шудааст. Ҳамзамон ӯ илова намуд, ки аз ин шумора 4 нафарашонро духтарон ташкил медиҳад. Омили ронда шудани донишҷӯёнро дар иштироки нокифоя ба дарс ва риоя накардани дигар муқарарот барои донишҷӯён унвон карда шуд.

Рӯзноманигорон аз нокифоя будани хобгоҳ барои донишҷӯён изҳори нигаронӣ карданд, аммо Шодиён қайд кард, ки то ҳанӯз ҳадафи сохтани хобгоҳро надорем. Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои масъулини соҳа танҳо донишҷуёни таҳсили рӯзонаи донишгоҳи мазкур зиёда аз 10- ҳазор нафарро ташкил медиҳад, вале хобгоҳи он ҳамаги барои 500 нафар сохта шудааст.  Инчунин иттилоъ дода шуд, ки қиммати хобгоҳ имсол ба маблағи 80 сомонӣ гаронтар хоҳад шуд.

                                                 Аҳмади Раҳим “ПАЙК”