- Иҷтимоъ

Восеъ ифлостарин ноҳия шуд?

Дар шафати шоҳроҳи байналмилалӣ, ки  аз маркази шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ мегузараду ба иборае  “Роҳи  Абрешим” унвон дорад,  мутаассифона дар лаби ҷӯйбор тӯдаи партов ба чашм  мерасад, ки бо дидани он табъи инсонҳо хира мешавад. Ин дар ҳолест, ки ҳамарӯза бо ин роҳ садҳо нақлиёти худиву ҳам хориҷӣ, ки ба вилояти худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ ва ҳам ҷумҳурии Чин сафар мекунанд, равуо доранд. Мутаассифона, ин ноҳияи замоне покизаву дилкаш имрӯз барои сайёҳону меҳмонони сафарӣ як мавзеи чиркину ифлос ва иҳотаи ифлосӣ муаррифӣ гаштан дорад.  Гуфта мешавад,  дар фасли тобистон, ки дар ҳамин шабу рӯз гармии ҳаво болотар аз 45 дараҷа мерасад, агар партовгоҳҳо сари вақт ва ҳамарӯза  тоза карда нашаванд, бӯйи ғализи он ба ҳама ҷо паҳн мегардаду мӯҳити атрофро бӯйнок мегардонад. Гузашта аз ин, ин  ҳавои гарм ба хуруҷи  бемориҳои сироятӣ мусоидат мекунад.

Ҳамагӣ чанд моҳе пештар роҳбари  хоҷагии коммуналии ноҳия бо сабаби “ротатсия” аз кор гирифта шуду бо ба кор омадани раиси нав, ба гуфтаи мардуми бумӣ, проблемаи  кашондану партов ва поккории кӯчаву маҳаллаҳо на танҳо дар шаҳрак, балки дар ҳамаи ҳудуди ноҳия калон шуд.

Мутахассисон  мегӯянд, ки дар фасли баҳору тобистон партовгоҳҳо аз гармии ҳаво макони ҳашароту магасҳои зиёновар шуда, боиси паҳншавии бемориҳои сироятӣ мегарданд. Дар қафои бозори марказӣ, миёни хонаҳои баландошёна ғарами партов мисоли теппае қарор гирифтааст, ки ба назари бинанда онро шояд моҳҳо тоза накарда бошанд. Ана дар атрофи ҳамин теппаи бузурги партов сокинони хонаҳо сайру гашт  мекунанду кудакону тифлакон болои он ҳар гуна бозӣ. Кӣ кафолати саломат мондани ин атфолро медиҳад?   

Роҳбарияти бозори Тоҷикматлуботи ноҳияи Восеъ дар суҳбат  гуфтанд, ки  барои тоза кардани партовҳои бозор бо хоҷагии Коммуналӣ  шартнома доранд ва он ҷониб ҳар  ҳафта  партовгоҳро тоза мекунанд. Роҳбарияти бозор гуфт,  онҳо ҳеҷ гоҳ аз хоҷагии Комуналӣ қарздор набудаанд.

Ҳарчанд масъулини бозор мегӯянд, ки партовгоҳ сари ҳар ҳафта аз ҷониби  кормандони идораи Комуналӣ тоза карда мешавад, вале сокинони гирду атрофи бозор мегӯянд, ки баъди соатҳои 11 ва 12 нисфирӯзї дар гирду атрофи хонаашон аз бӯи ғализ гаштугузор кардан ғайри имкон мешавад. Сокинон мегӯянд,  дар як ҳафта партовгоҳ ба як кӯҳи ғаждӣ табдил мегардад ва аз бӯйи нохушу пашшаву ҳашарот нафас гирифтан мушкил мешавад.

Замоне, мо аз партовгоҳҳои маркази шаҳрак аксбардорӣ мекардем, як ҷавоне наздамон омада худро Беҳрӯз гуфт ва шикоят аз бепарвоию бемасъулиятии хоҷагии коммуналӣ ва ҳукуматдорони ноҳия кард. Барои исботи гуфтаҳояш аз мо хоҳиш менамуд, ки миёни хонаҳои ду ошёнаҳои шаҳрак ва умуман, аз кӯчаҳои ноҳия гузар кунем то ҳақиқати ҳол ва ба доди мардум нарасидани масъулонро бубинем. Ба гуфтаи ӯ, мушкили тоза накардани партовгоҳҳо кайҳо боз ҳалли мусбӣ намеёфт, аммо баробари иваз кардани роҳбари  хоҷагии коммуналӣ ин проблема мушкилтар шуд. Акнун ҳар вақте, ки коммуналчиён  вақт ёбанду хоҳиш пайдо кунанд, ҳамон вақт партовгоҳҳоро тоза мекунанд.

“Ака, барои чӣ сурат мегиред ё дар ягонҷо менависед? Хоҳиш мекунам калон калон карда нависед ва ба мобайни хонаҳо равед, ҳама аз буи муср гашта наметавонанд, мардум дарашонро мебанданд. Саривақт тоза намекунанд. Дар шоҳроҳ бошад, ҳамин аҳвол аст, хулоса ин ноҳия ай муср саривақт тоза намешавад. Хуб нависед, то омада тез-тез мусрро тоза кунанд”,—мегуфт ин ҷавон, ки ба андешаи мо ягона патриоти ноҳия буд.

Ростӣ, сухани ин ҷавони ватандӯст ҷон дорад, ки  сари вақт партовгоҳҳо дар Восеъ тоза намешудааст. Агар бо ин аҳвол ягон сайёҳе вориди ноҳия гаштаву худое накарда, аз маркази ноҳия дидан кардан хоҳад, чигуна дар бӯи партовҳои тозанашудаи ҳафтаина тоқат мекарда бошад? Оё ҳукуматчиён бо шумули раиси ноҳия Мусо Ғафурзода, ки тақрибан ҷумлагӣ сокинони ноҳияанд, боре сари ин масъала меандешида бошанд? Ҷанобони масъулин, партову ифлосӣ дар 1 ноҳияи калон агар дар 1-ҳафта 1-маротиба тоза карда шавад, пас войи шумову войи ноҳияву алами ҷони сокинони он.

Айб дар чӣ бошад. Дар Ҳукумати ноҳия, ки воқеан як муовини бутуни маошхӯр дар ин соҳа дорад, раиси ноҳия ва ё роҳбари тозатаини хоҷагии Коммуналӣ? Воқеан, раиси нави  идораи Комуналӣ Маҳмадисо Қурбонов бе ягон азоби виҷдон мегӯяд, ки мушкилот ва саривақт тоза нашудани партовгоҳҳоро тасдиқ мекунад. Ба иқрори ӯ,  ин мушкилӣ вуҷуд дорад ва онҳо талош доранд, ки инро аз байн баранд ва сари вақт партовгоҳҳоро тоза намоянд. Аммо ин мушкилӣ кай ҳалӣ худро меёфта бошад,  касе на-ме-до-наддддд.

Маҳмадисо Қурбонов, директори корхонаи Фаръии давлатии хоҷагии манзиливу камуналии ноҳияи Восеъ гуфт, ки ҳарду бозорҳои ноҳия шартнома доранд ва партовҳои онҳо дар як моҳ як ё ду маротиба тоза карда мешаванд. Қурбонов дар идомаи суҳбаташ гуфт, ки бо мардум шартнома дорад ва ҳар кӯчае назоратчӣ дорад ва мувофиқи шартномаашон партовҳои онҳо гирифта мешавад. Ӯ гуфт, аз сабаби дар вазифа нав таъин шуд, аз ин рӯ ҳоло ин мушкилириро омухта истодаанд, то ҳарчи корро хубтар анҷом диҳанд.

“Вақте, ки мо ба ҳамин вазифа гузаштем, як давраи гузариш  буд. Вақте, ки як нафар аз як кори дигар меояд ва то онро меомӯзӣ, ва мисоли оддӣ як рӯз партови хонаро нагирӣ он сар мезанад. Ноҳияи Восеъ, ноҳияи калон аст ва ду техника албата кам аст ва як техникааш бисёр хурд буд ва ду қутии партовро мепартофтем пур мешуд. Замоне ман омадам онро бортҳояшро баланд кардем, ки дар як куча ворид шуд, то охир онро тоза кунад. Аммо шукронаи Худо хело хуб шудааст.”

Директори корхонаи Фаръии давлатии хоҷагии манзиливу камуналии ноҳияи Восеъ дар идомаи суҳбаташ гуфт, ки замоне партовро ба мошин бор мекунанд, буи ғализи он ба димоғ мезанад, ҳеҷ тасаввур нокарданӣ аст. Ӯ аҳсан ба он нафароне гуфт, ки дар бӯи ин партовҳо тоқат мекунанд.  Аҳсан барои чӣ, мо нафаҳмидем, дар ҳоле, ки эшон танҳо вазифаи корӣ анҷом медиҳанду маош мегиранд.

Ин  дар ҳолест, ки сокинон мегӯянд,  дар гузаштаи наздик ҳарчанд партов ҷамъ мешуд, аммо сари вақт тоза карда мешуд ва онқадар ҷамъшавии партов ба чашм намехурд. Бо фарорасии тобистон (аниқтараш, бо омадани раиси нави корхонаи Фаръӣ) ҳоло партов рӯз аз рӯз дар гирду атрофи шаҳрак зиёд ҷамъ мешавад ва дар ин фасли гармо аз бӯи партов дигар дар бархе маконҳо истода намешавад.

Ба ҷои аҳсану офарин гуфтан ба коргароне, ки вазифаи ҷониашон поккориву тозанигаҳдории кӯчаҳои ноҳия аст, ҷаноби Қурбонов ақаллан ваъда медод, ки худаш аз ӯҳдаи вазифаи гирифтааш  кай баромада метавонаду мушкили тоза кардани партовгоҳҳо ва ҷӯйбору лотокҳои пур аз ифлосињои ин ноҳияи замоне тозагаштаро, ҳалу баррасӣ менамояд?  Ё, боз чанд муддати дигар ин ҷаноб “меомӯхта” бошад?

                            Барнои Бегмадзода, “Пайк”