- Иқтисод

ДАР ФАРХОР САРШУМОРИ МУРҒ 20 САР ЗИЁД ШУДААСТ

Дар нишасти матбуотии раиси ноҳияи Фархор Раҳматзода Рустам Мирзо, ки  рӯзи 1 августи соли 2019 баргузор гашт, раиси ноҳия дар баробари дигар дастовардҳо дар баромади худ қайд кард, ки саршумори мурғ дар ноҳия 20 сар зиёд шудааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар ноҳия фермаи мурғпарварӣ усулан вуҷуд надорад. Агар манзур мурғҳои хонагии аҳолӣ бошад, пас маълум нест чунин омори дақиқ дар мавриди катакҳои мурғи мардум ихтироъи кадом оморчӣ аст. Ҳам фоҷиа аст, агар раиси як ноҳия аз ҳамагӣ 20 сар зиёд шудани мурғ дар тулии як сол хабар медиҳад.

Дар ҳамин нишаст инчунин ба хабарнигорон ҳисоботи раис дар ҳаҷми 10 саҳифаи чопӣ пешниҳод шуд, ки ҳама аз муваффақияту дастовардҳо иборат аст. Инҷо дар баробари сохтмонҳои хурд, иншооти бузург ҳам ҳаст, дар ҳоле, ки буҷети ноҳия ҳамагӣ 100,2 фоиз иҷро шудааст. Андози ғайрибуҷетии иҷтимоӣ бошад ба ҷойи 4 798 098 сомонии пешбинишуда ҳамагӣ 3949498 сомонӣ иҷро шудааст, ки 82 % ташкил медиҳад. Иҷроиши андози иҷтимоии буҷетӣ ба ҷойи 6226800 сомонӣ 5074315 сомонӣ иҷро гардид, ки баробар ба 81,5 % мебошад. Бақияпӯлиҳои андозҳо ва андози иҷтимоӣ 10679,2 ҳазор сомониро ташкил дод.

Пас, ин ҳама дастоварду ободкориҳоро ноҳия аз кадом ҳисоб раҳандозӣ мекунад, саволест риторикӣ, яъне ниёз ба посух надорад.

Чунин нишондодҳои пасту хеле шармовар шояд дар ягон ноҳияи дигари ҷумҳурӣ набошад. Аммо раиси ноҳия аз дастовардҳо, сохтусозҳо ва ояндаи дурахшони ноҳия чунон боҳарорат сухан мекунад, ки ту гуфтӣ дар нишасти матбуотии шаҳри Данғара ҳузур дорам.

Раис инчунин мисли ҳамтоҳои пешинаи худ шикоят аз пойгоҳҳои вайрону валангори обкашонии ноҳия дорад. Аҷиб аст, ки шикоят дорад, аммо «дастовард»-ҳои кишоварзии ноҳияи Фархор ҷиҳати рушд касро ба ҳайрат мегузорад. Бубинед, ки чун аст:  Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ давоми нимсолаи якуми соли 2019 ба 265245,1 ҳазор сомонӣ расидааст, ки 106,4%-ро ташкил медиҳад. Давоми нимсола дар майдони 27879 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 100,4% баробар аст. Кишти ғалладонаҳо дар майдони 12762 гектар гузаронида шудааст, ки аз он 11046 гектараш гандум ва 936 гектараш ҷав мебошад. Зироатҳои техникӣ 10618 гектар баробар ба 97,6% кишт шудааст. Ҳамчунин, дар ноҳия дар майдони 562 гектар картошка, 710 гектар полезиҳои озуқаворӣ, 41 гектар зироатҳои хӯроки чорво ва 1838 гектар сабзавот кишт шудааст.

Яъне ин пойгоҳҳои, ба қавли раис, тамоман корношоям дар фаолияти кишварзон нақши боризе надоштаанд? Агар чунин аст, пас чӣ лозим онҳоро таъмир кардан.

Дар асл нишондодҳои омории киоварзӣ тамоман ба ҳақиқат созгор нестанд. Агар дуруст мебуданд ноҳияи дар гузашта пешрафтаи Фархор мудом аз андоз қарздор намемонд.

Ба замми ин ду хоҷагии, ба қавле «дарди сар» ноҳияро мудом ба қафо мекашонанд –хоҷагии зотпарварии «Хисор» ва хоҷагии ҷангали ноҳия. Хоҷагии «Ҳисор» ҳазорҳо сар гусфандони зоти «ҳисорӣ» дораду садҳо ҳазор сомонӣ аз андоз қарздор аст. Тақрибан манфиати ин хоҷагӣ ба ноҳия намерасад, чунки дар ихтиёни ноҳия нест, балки ҳукумати ҷумҳурӣ онро ба зиммаи худ гирифтааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки ин зоти гусфандон дар замони муосир қариб ки нодаркоранд. Мардум ҳоло равғани гусфанд чӣ ки аз гӯшти гусфанд ҳам парҳез карда истодаанд. Ин зоти гусфанд бошад аз рӯйи гуфтаи мутахассисон 60 фисад иборат аз равған аст. Агар ба ҷойи ин намуд гусфандон гусфандони зоти гӯштӣ парвариш мекарданд, шояд беҳтар мебуд. Ҳамин 60 фисади гушт дар ҷойи равғани ҳисорӣ метавонист бори гарони андозро аз гардани хоҷагӣ ва ноҳия сабук гардонад.

Хоҷагии ҷангали ноҳия низ тақрибан фоидае ба ин ноҳияи қафомонда намеорад. Дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳия бо такя ба директори хоҷагии ҷангал на бе ифтихори ошкоро иброз дошт, ки аз ҳисоби хоҷагии ҷангал 176 ҳазор сомонӣ ба буҷаи ноҳия ворид гардидааст. Аммо чун нек нигаристем аксарияти ин маблағ низ аз ҳисоби андози ба истилоҳ 25 фоиза, яъне андоз аз маоши кормандони ин муассиса будааст. Маоши кормандонро бошад вазорат пардохт мекунад на ноҳия. Дигар аз неъматҳои моддии ҷангал ба ноҳия тақрибан фоидае намерасад.

    Ҳакимзода дар ҳақиқат раис буд! 

Ахиран аз  сокинони ноҳияи Фархор хабар расид, ки вазъи бади поккории заҳкашҳои ҳудуди ноҳия ҳоли мардумро хеле бад кардааст.

Акбаров Сафар, сокини маҳаллаи Маҳмадалӣ Шарипов дар сӯҳбати телефонӣ бо муаллифи ин сатрҳо иброз дошт, ки ҷиҳати покиза нашудани заҳбуру заҳкашҳои ноҳия дарахтон хушк шуда истодаанду дар заминҳои корами наздиҳавлигӣ ва баъзе аз хоҷагиҳои кишоварзӣ ҳосил талаф ёфта истодааст. Дарахтони ангӯр батамом хушк шудаанд. Ҳар сол дар моҳи сентябр оби зеризаминӣ рӯйи замин мебарояду мардум руйи заков қадам мезанад. Сокинони маҳаллаҳои Шарипов, Пушкин ва баъзе аз маҳаллаҳои дигар бо ҳамин иллат, яъне покиза нашудани заҳкашҳо аз оби нӯшокӣ маҳрум шудаанд. Гап сари он, ки мардум оби нӯшокиро тавассути чоҳҳои худсохти зериобӣ дастрас мекунанд. Ҳамаи чоҳҳо пур аз сияҳчал шудаанду оби нӯшокӣ истеъмолнопазир гаштааст. Аз дохили заҳбуру заҳкашҳои ба ботлоқ табдилёфта ҳар замон мору дигар хазандаҳо вориди хонаҳо гашта таҳдид ба кӯдакон мекунанд. Шахсан худам чанд мор куштам.   

Аҳолии маҳаллаҳои осебдида чор маротиб ба назди раиси ноҳия Раҳматзода Рустам Мирзо рафтанд. Раис ваъда медиҳаду иҷро намекунад. Ба фикрам раиси хоҷагии об ба фармонҳои раис итоат намекунад. Ҳангоми раиси ноҳия будани Ҳакимзода Қурбон корҳо хеле хуб буданд, илова кард акои Сафар.

Бо ин ҳама мушкилот раиси ноҳия ба саволи хабарнигори Пайк посух гуфта, нақшаи кишти такрориро хело бештар аз сад фисад унвон кард. Инҳам дар ҳоле, ки мо ҳангоми бозгашт аз ноҳияи Фархор ба самти Кӯлоб садҳо гектар заминҳои корами обӣ мушоҳида кардем, ки об дораду баъди кишти ғалла бекор хобидаанд. 1 август бошад муҳлати кишти такрорӣ ба охир расида буд. Инҳо чӣ заминанд, ки ба нақшаи кишти такрорӣ ворид нашудаанд?

Дар нишасти матбуотии раиси ноҳия Раҳматзода Рустам бошад тибқи хулосаи хабарнигорон ба ҷуз толори хеле боҳашамату зебои маҷлисгоҳи ҳукумати ноҳия чизи ҷолибе ба чашм нарасид. Толорро ҳам раиси қаблии ноҳия, мӯҳтарам Вализода таъмири хеле босифат карда буд.

 А. Иброҳим