- Кишоварзӣ

ДАНҒАРА ЗАМИНҲОЯШРО АЗ ХОРИҶИЁН БОЗПАС МЕГИРАД

Ҳукумати ноҳияи Данғара заминҳои корами обиашро аз кишоварзони хориҷӣ бозпас мегирад, гуфт дар нишасти матбуотии раиси ноҳия, муовини раиси ноҳия Шарифзода Ҷамшед. Инчунин илова кард, ки тибқи шартнома 4 000 гектар заминҳои корами ноҳия дар ихтиёри корхонаи муштараки Чин ва Тоҷикистон «Ҷунтай-Данғара» қарор дошт. Имсол бо иқдоми раиси ноҳия зиёда аз дуюним ҳазор гектар заминҳои корамро бозпас гирифта ба ихтиёри кишоварзони маҳал супоридем.

Ва аммо муовини раис иллати бозпас гирифтани заминҳоро шарҳ надод. Аз рӯйи овозаҳо кишоварзони хориҷӣ барои ҳосили фаровон рӯёнидан заминҳои корами обиро бидуни меъёрҳои кишоварзӣ истифода бурда дар се-чор сол тамоман беҳосил мегардонанд. Чунин тарзи таҷовузи заминҳои кишвар ба раиси ноҳия хуш наомадааст.

Ҳамин тавр, бо иқдоми раиси ноҳия инчунин садҳо гектар пистазорҳои ноҳия аз дасти соҳибкорон ва ширкатҳои хориҷи ноҳия кашида гирифта шуд. Қаблан ширкатҳое низ буданд, ки пистаро дар шакли хом бо шоху баргаш ҷамъоварӣ карда бо нархи ночиз ба ширкатҳои хориҷӣ мефурӯхтанд. Ин тарзи кор барои нест кардани ҳосили пистаи тоҷик ва боло рафтани нархи пистаи мамолики воридкунандаи маҳсулот будааст. 

Ҳоло бошад хоҷагиҳои ноҳия ва ашхоси алоҳида низ пистаро ҷамъоварӣ карда ба корхонаи «Гринго» дар ҳудуди ноҳия барои коркард месупоранд ва аз пусту пучоқ покиза карда бозпас гирифта бо нархи дилхоҳ мефурӯшанд.

Гуфта мешавад пистаи тоҷик аз ҷиҳати таъму лаззат ва фоиданокӣ чандин маротиб аз пистаҳои зоҳиран зебои эронӣ бартарӣ дорад. Соҳибкорони эронӣ пистаҳои худро дар Тоҷикистон бо нархи гарон фурӯхта аз пистаҳои мо барои истеъмол харидорӣ карда мебаранд.

Ба ҳамин монанд, корхонаи чарми ноҳия низ аз ширкатҳои хориҷӣ бозпас гирифта шуда ба ихтиёри муассисаи таъминоти махсуси ҷумҳурии худи мо супорида шуд ва алҳол он ҳам дар арафаи истифодабарӣ қарор дорад.

Дар ҳамин нишаст гуфта шуд, ки қисми даромади буҷаи ноҳияи Данғара дар маҷмуъ 80 миллиону 273 ҳазору 941 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 5 миллиону 958 ҳазору 541 сомонӣ зиёд аст.

Корхонаҳои саноатии ноҳия дар шаш моҳи соли 2019 ба маблағи 743 миллиону 390,5 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 157 миллиону 806 ҳазору 700 сомонӣ зиёд буда, 127% афзудааст.

Ба ҳолати 1 июли соли 2019 дар ноҳия 54 153 тонна ғалла, 21 178 тонна сабзавот, 7788 тонна картошка, 3543 тонна полезиҳо, 6516 тонна мевагиҳо, 62 тонна ангӯр, 3978 тонна гӯшт, 8118 тонна шир, 1 миллиону 790 ҳазору 400 дона тухм истеҳсол гардидааст. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар 1261 тоннаро ташкил додааст.

Дар нишаст инчунин аз рафти корҳо дар Минтақаи озоди иқтисодии ноҳия маълумот дода шуд. Гуфта шуд, ки дар Минтақа алҳол 28 субъект арзи ҳастӣ дорад. Имсол корхонаи нефт ҳам ба истифода дода шуд. Айни ҳол дар ин корхона 1800 тонна нефт барои санҷиши фаолияти корхона ворид карда шудааст.

Бо ин ҳама, НОБ-и Сангтуда -2 аз ноҳияи Данғара аз ҳисоби андоз 87 миллион сомонӣ қарздор аст. Дар навбати худ аҳолӣ аз ҳисоби истифодаи барқ аз НОБ-и Сангтуда ҳамин миқдор маблағ қарздор аст. 

                        А. Иброҳим