- Иҷтимоъ

БОЗОРИ ҲАМАДОНӢ СӮХТ БОЗ НАВБАТИ КӢ?

Ҳодисаи нохуши сӯхтор, ки дар пайи худ харобию қурбонӣ ва нобасомониро боқӣ мегузорад, дар бозорҳои кишвар сар заданашон кори маъмулӣ гаштааст. Ин навбат 3-июл як қисмати бозори марказии ноҳияи Ҳамадонӣ ба коми оташ рафт ва чандин дӯкону мағзаҳо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ сӯхта хокистар шуданд, ки пайи худ хисороти пулию молӣ барҷо гузошт. Мутаассифона тайи чанд соли ахир нисфишабӣ оташ гирифтани бозорҳои ҷумҳурӣ ба расми анъана даромадааст. Бозорҳои Кӯлоб, Душанбе, Фархор номгӯйи нопурраи бозорҳоеанд, ки ба таври аҷиб –«расиши кӯтоҳи ноқилҳо» оташ гирифта хисороти азим ба мардум овардаанд.

   Аз рӯи гуфти шоҳидон ҳодисаи нохуши сӯхтор дар бозори ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ соатҳои 2-3 шаби 3-июл ба вуқуъ пайваста, то ба саҳар алангаи оташ давом ёфтааст. Дар ин муддат чандин нуқтаи савдо ва хизматрасонӣ, аз ҷумла дӯкону мағоза, нуқтаи заргарӣ, кошонаи ҳусн ва ғайра оташ гирифтанд.

Шамсзода: мо вазифаи худро сари вақт иҷро кардем

   Шамсзода Саймуъмин Саймурод, иҷрокунандаи вазифаи сардори Қисми ҳарбикунонидашудаи давлатии оташнишонӣ дар н. Ҳамадонӣ дар мусоҳиба бо «Пайк» иброз намуд, ки «тақрибан соатҳои 2:50 ба мо хабар расид, ки бозор оташ гирифтааст. Тамоми кормандон ва се техникаи обпоширо фавран ба ҷойи ҳодиса сафарбар кардем. Вақти омӯзиш маълум кардем, ки оташ дар миёнаҷойи бозор сар задааст. Аз ин сабаб ба Хадамоти оташнишонии минтақа тамос гирифта кӯмак хостем. Се техникаи дар ихтиёрдоштаи мо бо 5 техникаи аз минтақа омада дар маҷмуъ 8 техникаи обпошӣ дар ҳайъати корӣ ва 30 нафар аз сокинон оташро соати 4:55 сӯбҳ тавонистем, ки пурра хомӯш намоем.»

   Дар нимашабӣ, ё таври дигар, дар дили шаб одатан оташ гирифтани бозорҳоро дар кишвар мақомот аксар ҳолат расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ ё риоя накардани талаботҳои бехатарӣ аз сӯхтор маънидод мекунанд. Вале ҳолдонҳо мегӯянд, дар ин ҳолат барқасд оташ задани чунин обектҳо аз ҷониби шахсони манфиатхоҳ аз эҳтимол дур нест.

    Манбаъ дар идома гуфт, ки «масоҳати сӯхтор 168 метри мураббаъро фаро мегирифт. Дар тули сӯхтор 24 дӯкону мағозаҳо ба коми оташ рафтанд, ки 12 дӯкон пурра ва 12-тои  дигар қисман сӯхтаанд, ки миёни онҳо мағозаи хӯроку либосворӣ ва ҳам дӯконҳои заргариву нуқтаи ороиши рӯю мӯй ҷой доштанд. Зарари расида 95 ҳазор сомонӣ ва молҳои наҷотдодашуда 4 миллион сомонӣ муайян гардидааст. Бозор бо сабаби расиши ноқилҳои барқӣ оташ гирифтааст.»

Хадамоти оташнишонӣ: чаро навбатдорони ноӯҳдабаро роҳбари худро дастнорас месозанд?

   Рӯзи 4-уми июл панҷшанбеи ҳафтаи гузашта хостем тафсилоти бештарро аз Хадамоти давлатии оташнишонии минтақаи Кӯлоб фаҳмида бигирем. Вақти муроҷиат навбатдор хабар дод, ки роҳбарият ҳама ба ноҳияи Ҳамадонӣ рафтаанд ва баъди нисфирӯзӣ дар ҷойи кор мешаванд. Нисфирӯзӣ низ мутаассифона, сардори ниҳоди мазкур Назарзода Ҳ дар ҷойи кораш пайдо набуд. Бори сеюм ҳам рӯзи ҷумъа, 5-июл муроҷиат карданамон натиҷа надод, зеро мавсуф боз ҳам дар ҷойи кор набуд (дар ҳар сурат навбатдор чунин гуфт).

   Зимни се маротиба муроҷиат кардан маълум шуд, нафароне, ки дар пеши дар навбатдор буданд, тамоман масъулият ҳис намекунанд. Зеро агар як масъулро пурсон шавӣ баҳона мекобанд, яке ба дигаре ҳавола мекунад, гӯё рисолати онҳо ҳифзи сардор бошад аз намояндагони ВАО. Оьатан ашхоси бемасъулият аз журналистон ҳазар доранд. Вақте, ки роҳбарро наёфтем, аз зердастонаш хостем то рақамҳои телефони дастиашро бидиҳанд, то дар мавриди ҳодисаи сӯхтор мубоҳисае анҷом диҳем. Навбатдор ким-киро пурсиду иброз дошт, ки рақамҳои телефони роҳбарашро намедонад. Аз имкон дур набуд, ки навбатдор дурӯғ ҳам гуфта бошад. Аммо хулоса бояд кард, ки дар ниҳоди номзикр зердастон бо роҳбарашон робитаи зич надоранд ва ё баръакс. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар ҳар утоқи навбатдории идораву ташкилотҳо бояд дафтари воридоту содирот ва рақамҳои телефони дастӣ ё идоравии масъулон мавҷуд бошад ва вақти муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз он рақамҳо истифода баранд. Хулоса, бо айби зердастон, яъне онҳое, ки навбатдорӣ мекашиданд, роҳбари ниҳоди мазкур дастнорас буд. Таври маълум онҳо зердаст ҳастанд, шояд зери сиёсати «олиҷаноб»-и роҳбарашон ба чунин кор даст зананд?

   Ба муддати дароз тул кашидани ҳодисаи сӯхтори бозори ноҳияи Ҳамадониро, шоҳидон аз як тараф дар саҳлангории сӯхторхомӯшкунон медонанд. Ба вижа гуфта мешавад, ки техникаҳои сӯхторхмӯшкунӣ ҳам ба ҷойи ҳодиса бидуни тайёрии ҷиддӣ омада буданд. Аз ин сабаб, сӯхтор то саҳар тӯл кашидааст. То куҷо чунин сурат гирифтани сӯхтор дар ноҳияро аз масъули калидии қисми оташнишонии ноҳия пурсон шудем, ки посух дод:

 «Не ин суханҳо воқеият надоранд. Чунки мо ҳамаи қувваро сарф кардем ва вазифаи худро иҷро намудем. Ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудан замон лозим омад то вазъиятро омӯзем ва корро шурӯъ намоем. Ҳамчунин, вазъи бетартиби бозор ба вуруд шудани техникаҳо низ монеъа эҷод кард. Аз ин ҷост, ки оташ то саҳар давом ёфт. Бояд гуфт беиартибӣ роҳбандӣ, набудани шароитҳои оддии зидди сӯхтор қариб дар ҳама бозорҳои минтақа ҷо дошта бошад ҳам, мутаассифона ҳатто баъди ҳодисаҳои сӯхтор низ касе аз масъулин барои бартараф кардани ин нуқсонҳо сари мӯе намеҷунбанд. Ҳамин ду ҳафта пеш «Пайк» аз хусуси бетартибиҳо дар бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб мавод ба нашр расонида буд. Аз ин лиҳоз сардори муассисаи «Тоҷикматлубот»-и ҷумҳурӣ Идизодаро мебояд сари ин масъала ҷиддан натиҷагирӣ кунад. Ба андешаи мо ба ҳайси директорони бозорҳо маҳз ашхоси тосодуфиро таъин кардан оқибати хуб надорад.   

                                         Худойдоди ИСЛОМ