- Иҷтимоъ

ПОШХӮРИИ ОИЛАҲО: ПРОБЛЕМАЕ, КИ РОҲИ ҲАЛ НАДОРАД?

  Новобаста аз фармону қарорҳо, барномаҳои ҷорӣ намудаи давлатӣ ва ҳамчунин корҳои тарғиботию ташвиқотию чораҳои зарурї ва саривақтии мақомот, масъалаи пошхӯрии оилаҳо, вижатан оилаҳои ҷавон марзи нигарониро гузаштааст. Ҳатто ин масъала дар навоҳии минтақаи Кӯлоб оилаҳои ҷавонро сахт домангир аст. Дар зер барои намуна мо оморҳои ҳолатҳои сабти никоҳ ва ҷудошавии оилаҳои се ноҳияро иқтибос овардаем. Аз оморҳо бармеояд, ки шумораи хонаводаҳои ҷудошуда афзоиш ёфтаву кам нашудааст.

Восеъ: 54 ҳолати пошхӯрии оилаҳо 30 кӯдакро аз тарбия дур сохт

   Файзуллозода Мавлуда, дар мусоҳиба бо “Пайк” қайд кард, ки мувофиқи таҳлилҳои оморї ноҳияи Восеъ нисбати дигар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб калонтарин аст. Лекин бояд гуфт, ки 54 ҳолати пошхӯрии оилаҳо дар 6 моҳи соли ҷорї (43 адад тибқи қарори суд) 3 адад кам нисбати ҳамин давраи соли гузашта, нишондиҳандаи кам нест. Аз ин шумор оилаҳои ҷудшуда 30 нафар кӯдакон аз тарбия дур мондаанд.

Ҳамадонӣ: сабаби пошхӯрӣ дахолати шахси дуюму сеюм

   Баёнзода Нигинамоҳ, мудири мақомоти САҲШ­-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонї бошад дар ин бора иброз дошт, ки то ҳолати 1-уми июл аз 633 никоҳи сабтшуда 50 адад (1 адад кам аз ҳамин давраи соли гузашта) бекор карда шуданд. Аз ин шумор 33 адад тариқи ҳалномаи судї ва 17 адад дар асоси аризаи дастаҷамъонаи зану шавҳар сурат гирифтааст. Синну соли шумораи оилаҳои пошхӯрда аз 18 сола боло 24 адад ва 26 адади дигар аз 34 сола поёнро ташкил менамояд. Мутаассифона, дар сурате ба мақмоти САҲШ муроҷиат мекунанд, ки кор аз кор гузаштааст ва аллакай ба як хулосаи аниқи ҷудошавї омадаанд. Бояд бигӯем, ки дар бештари ин ҳолатҳо дахолати шахсони дуюм ва сеюм, яъне хусуру хушдоман ба назар мерасад. Ҷавонон худ хомӯшанду калонсолон бо ҳар баҳона мехоҳанд, ки писаронашон ҷудо шаванд ва зани дигар бигиранд

Фархор: гирифтани шаҳрвандии давлати дигар сабаби пошхӯрии оилаҳо

   Дар ноҳияи дигари минтақаи Кӯлоб-Фархор ҳам шумораи оилаҳои пошхӯрда ба он сатҳе нест, ки гуфта тавонем, ки ҳисобашон ташвишовар набошад.

  Амина Асламзода, мутахассиси пешбари САҲШ-и ноҳияи Фархор қайд кард, ки дар 5- моҳаи соли ҷорӣ аз 720 никоҳи сабтшуда  50 оила барҳам хурдаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5 адад беш аст. 48 адади он тариқи ҳалномаи суд ва 2 адад бо розигии ҳамсароне, ки фарзандони умумии ноболиғ надоранд ҷараён гирифтааст.

Бояд гуфт, ки аксарияти муроҷиаткунандагон барои шаҳрвандии давлати дигарро гирифтан талош меварзанд. Муқаррароти шаҳрвандии давлати дигар, бахусус Федератсияи Русияро гирифтан талаб менамояд, ки шаҳрванд бояд аз сабти никоҳи дар кишвараш дошта соқит шавад. Аз ин рӯ, ин амал ба барҳамхӯрии оилаҳо оварда мерасонад.

Бо ин ҳама кушиш, чаро оилаҳои пошхӯрда кам намешаванд?

   “Аслан сабабҳои нофаҳмии байни якдигар издивоҷи бармаҳал аст.  Духтарон ба зиндагии мустақилона комилан омода нестанд. Масъалаҳои ниҳоят ночизро асос карда, садди роҳи зиндагияшон мегарданд. Мо дар 35-маҳаллаи 6 ҷамоати ноҳия бо ҳамроҳии раисони маҳаллаҳо, имомхатибон, фаъолон ва волидон корҳои фаҳмондадиҳї гузарондаем. Вақте бо нияти қатъї меоянд, ҳарчанд ба онҳо мефаҳмонем аз райъашон намегарданд. Агар солҳои қаблиро ба назар гирем, чунин шумори ҷудошавиҳо набуданд ё кам буданд. Мутаассифона ҷудошавии оилаҳо масъалаи доғи рӯз шудааст.”, мегӯяд мудири САҲШ-и н. Восеъ Файзуллозода.

  Аз рӯи гуфти масъулин мақомот дар барқарор сохтан ё кушиши ҷудо нашудани оилаҳо бетараф нест ва корҳои лозимаро анҷом дода истодааст. Як нуқтаро ишора кардан мебояд, ки то кадом андоза ин корҳо муассир сурат мегиранд, ки сатҳи ҷудошавӣ ҳеҷ поён намефарояд.

  Асламзода дар идома гуфт, ки “ҳар ҳафта дар яқҷоягӣ бо мақомоти дахлдор дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, зӯроварї дар оила ва ҷудошавии оилаҳо корҳои фаҳмондадиҳї мегузаронем.”

  Аз  имкон дур нест, ки дар баъзе ҳолатҳо масъулон ба хотири аз сари худ соқит кардани масъулият, барои корҳои фаҳмондадиҳї чанд зану мардро якҷо ҷамъ оварда, маҷлисаке гузаронанду ба ҳамин пропаганда гуфта корашонро адошуда ҳисоб намоянд. Ҳол он, ки муносибатҳои оилавӣ барои омӯзиш нозукиҳои зиёд дорад ва танҳо бо маҷлису ҷамъомад роҳи ҳал пайдо намекунанд.

  Баёнзода, дар идома хотиррас шуд, ки “Мо ҳар ҳафта бо дигар мақомот дар 8 ҷамоат ва шаҳрак корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем. То ин муддат 39 маротиба корҳои фаҳмондадиҳї ва корҳои тарғиботиро ба роҳ мондем. Ҷудошавии оилаҳо масъалаи ташвишовар аст. Ният дорем, нафароне, ки дар маҳаллаҳо муноқишаи оилавӣ доранд, дар ҳамкорӣ бо раисони ҷамоатҳо пешгирӣ намоем ва ҳадди ақал 2-3 оиларо барқарор созем. Ҳамкориҳоямон натиҷа дода истодааст. Ба мо муяссар гардид, ки як оиларо барқарор намоем.”

Охирсухан

  Мо гуфта наметавонем, ки масъулин барои корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҷудо нашудани оилаҳо сидқану шаффофона вазифаашонро адо мекунанд ва ҳам шубҳа надорем, ки дар ҷода эшон кореро анҷом надода бошанд. Вале ҳар чи бошад ё на, чизи маълум он аст, ки аз ҳам пош хӯрдани як оила барои ҷомеа марги муфоҷо аст. Се ноҳияи болотар иқтибосшуда дар минтақа ягона нестанд, ки дар мавриди ҷудошавии оилаҳо дар мавод зикрашон кардем. На танҳо дар ин ноҳияҳо, балки дар дигар навоҳии минтақа вазъият ҳамингуна аст.

Худойдоди Ислом