- Тандурустӣ

БА БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ НОҲИЯИ ШАҲРИТУС КАСЕ ТАВАҶҶУҲ НАДОРАД?

Мушкили садамавӣ будани як қисмати беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳритус тули чанд сол аст, табибони ин даргоҳро азият медиҳад. Аммо нигаронкунандааш он аст, ки шуъбаи бемориҳои қалби беморхона дар бинои садамавӣ фаъолият дорад. Ҳамзамон ҳолати дохили бинои садамавӣ ба талаботи санитарӣ ҷавобгу нест.  

Солҳост, ки як қисмати беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳритус дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, лекин то ҳанӯз касе пайи ислоҳи мушкилоти мазкур камар набастааст. Масъулони соҳа мегуянд, ки ин бино солҳои 1986 сохта шуда, аз солҳои 1998- инҷониб бо омили заминларза дар чунин аҳвол аст ва аз ин ҳолат тамоми мақомотҳои марбута огаҳӣ доранд.  Бо аз истифода боз мондани бинои мазкур норасоии кати хоб барои беморон дар ноҳия эҳсос мешавад. Зеро наздик ба 200- кати хоб дар он бино ҷойгир буд. Ин дар ҳолест, ки аҳолии ноҳия 130- ҳазор нафарро ташкил медиҳад, мегуянд масъулини беморхона.  Нигаронӣ аз он доранд, ки имрӯз беморхонаи марказии ноҳия бо сабаби набудани кати хоб талаботи сокинонро қонеъ карда наметавонад. Аммо аз ҳама нигаронкунандааш он аст, ки дар бинои садамавӣ шуъбаи бемориҳои қалби шифохона фаъолият дорад.

Орзу Содиқов муовини сартабиби беморхонаи мазкур қайд кард, ки «Аз нарасидани утоқ як шуъбаи беморхона дар бинои садамавӣ фаъолият дорад, ки 10- ҳуҷраро дар бар мегирад. Барои ҳолати беморхона ба Вазорати тандурустӣ ва дигар сохторҳои марбута мактуб кардаем.»

Манбаъ илова намуд, ки тасмим аст шуъбаи зикргардида ҳарчи зудтар аз дохили ин бино бароварда шавад.

Ҳоли нохуби санитарии беморхонаи садамавӣ               

Агар як мушкил садамавӣ будани бино бошад, ҳолати бади санитарии он мушкили дигар аст, зеро дохили бинои мазкур пур аз ҳаргуна партов ва ахлот аст, ки шояд рӯзе бӯйи ғализаш ба димоғи роҳбарони ниҳодҳои рабтдошта расаду пайи тоза кардани он камари ҳиммат банданд.

Чорӣ Ҳимматов, иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази назорати давлатии саритарию эпидемиологии ноҳияи мазкур зикр кард: «Танҳо дар чор моҳи соли ҷорӣ 38 нафар масъулони беморхонаи марказии ноҳия, барои риоя накардани муқаррароти санитарию эпидемиологӣ ҷарима шуданд».  

Сабаби чунин ҳол доштани дохили бинои зикргардидаро Орзу Содиқов, дар маҳкам набудани гирду атроф ва ҳамагӣ як воҳиди кории посбонӣ доштани беморхона арзёбӣ намуд, ки ин басанда намебошад. Ҳамзамон, ӯ зикр кард, ки аз ҳолати садамавӣ будани ин бино тамоми сохторҳои болоӣ воқифанд, зеро мо ҳамасола ба ниҳодҳои лозима оид ба садамавӣ будани он мактуб мекунем.

       Барои таъмири беморхона маблағи ҳангуфт лозим аст, аммо…

Дар ҳамин росто Меҳринисо Раҷабзода, муовини раиси ноҳияи Шаҳритуз зимни суҳбат иброз дошт, ки аз вазъи бинои садамавии беморхона воқиф аст.

  «Барои таъмири бинои садамавии беморхонаи мазкур маблағи зиёд лозим аст, аз ин сабаб Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тавони бозсозӣ ё таъмири онро надорад. Аз сабаби он, ки барои таъмири ин бино маблағи ҳангуфт лозим аст, соҳибкорон низ онро ба уҳда намегиранд. Кушиш менамоем, ки то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии кишвар онро аз таъмир барорем».

Ба иддаои масъулини беморхона тибқи таҳлилҳо барои таъмири бинои мазкур наздики 10- миллион сомонӣ зарур аст.

Миралӣ Раҷабзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотиаш афзуд, ки «Аз ҳолати кунунии беморхона хабар дорам, лекин Раёсати тандурустӣ имкони таъмири онро надорад. Дар ин бора гуфтушунидҳо идома доранд, дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти маҳаллӣ қисм- қисм таъмир карда мешавад».

Инчунин ӯ тасдиқ кард, ки бинои мазкур ба талаботи санитарӣ ҷавобгу нест, камбудиҳои ҷойдоштаро кушиш менамоем бартараф созем. Ҳамзамон қайд гардид, ки дар миқёси вилоят 60- муассисаи тиббӣ дар хонаҳои шахсӣ ва дигар биноҳои ғайритиббӣ фаъолият доранд, ки ҳадаф аст бо сохта шудани биноҳои замонавӣ онҳо кучонида шаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки: «Дар давоми се соли оянда дар кишвар беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешавад».

Пас, масъулини соҳаи марбутаро мебояд пайи амалӣ намудани сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат талош варзанд.

                                                         Аҳмади Раҳим «ПАЙК»