- Иҷтимоъ

Ҷумахон Назаров: Молия мегуяд маблағ нест

Дар нишасти матбуотии Колеҷи тибии шаҳри Кӯлоб директор Ҷумахон Назаров оиди корҳои сохтмони ва чанд навгониҳои колеҷ ҳисобот дод. Назаров гуфт, ки дар колеҷи мазкур сохтмони бинои хобгоҳ барои 700 нафар донишҷӯ рафта истодааст ва таъмири дуюм ошёнаи бинои таълимии №2 аз ҳисоби маблағҳои махсус дар назар гирифта шудааст, гуфт ӯ. Суоли хабарнигорон дар мавриди аз ҳисоби кадом маблағҳо сохта шудани хобгоҳ ва таъмир буд.  Директор иброз дошт, ки аз ҳисоби маблағи шартномаи донишҷӯён мебошад. Суоли дигар дар мавриди он буд, ки оё омузгороне, ки соатбай дар колеҷи мазкур дарс медиҳанд барои чӣ маоши худро баъди 4 моҳи корӣ мегиранд? Назаров ин суолро тасдиқ карда чунин гуфт: дар ҳақиқат, ин мушкилот дар муассиса ҳаст ва ба ғайр аз ин чизи дигарро бояд гуям, ки то ҳол муаллимони мо рухсатпулиро нагирифтанд, чандин маротиб чек тартиб додем, барои додани рухсатулии омӯзгорон, вале чӣ кунем, ки раёсати Молия дар минтқаи Кӯлоб мегуяд маблағ нест.

Ва аммо баъди нишаст аз Раёсати Молия ҳол пурсидем, ки сардори Раёсат Раҳимов Ҳабиб гуфт, ки  ҳамин чанд рўзи пеш буд, ки 300 000 сомонӣ барои маошу стипендияи донишҷӯён гузаронидем, яъне 60% маблағро гузаронидем. Дар рўзҳои наздик боқимондаи маблағҳоро мегузаронем. Дар қонуни бюҷет омадааст, ки дар чунин ҳолат масъулинро мебояд аз ҳисоби маблағҳои қарори №600 истифода намоянд, гуфт Раҳимов.

Муҳаммади. М