- Без рубрики

Сарфи маблағҳои ғайримақсаднок дар 68 ташкилоту муассисаҳо

“Аз тарафи мутахассисони Раёсати молияи минтақаи Кӯлоб дар нимсолаи авали соли 2019-ум дар 68 ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо санҷишҳои гуногун гузаронда, ба маблағи 1464334 сомони ғайримақсаднок сарф намудани маблағҳо ва дигар камбудиҳои молиявӣ ошкор карда шуда, аз ин 1170817 сомонӣ барқарор карда шудааст.”, ёдовар шуд, сардори Раёсати молияи минтақаи Кӯлоб Ҳабибулло Раҳимов, зимни нишасти хабарии ниҳодаш.

Ҳамчунин дар идомаи нишасти хабарӣ зикр гардид, ки даромадҳои худии қисми даромади буљети шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб аз 109192569 сомонии муқарраршуда, иҷроиши аслии маблағ 112926732 сомониро ташкил медиҳад, ки ба 103 % баробар аст. Нақшаи қисми харољоти буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар нимсолаи аввали соли 2019 бо назардошти тағйиру иловаҳо маблағи 278429280 сомонӣ муқаррар гардида, иҷроиши аслӣ дар давраи номбаршуда 266333883 сомониро ташкил медиҳад, ки ба 96% баробар мебошад.

Шоҳин