- Варзиш

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақа муҳтоҷи саррофон аст?

   Санаи 22.07.2019 дар бахши ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Зимнан Давлатов Зайниддин, сардори бахши мазкур ёдовар шуд, ки шумораи умумии ҷавонон дар минтақа 790 100 нафар мебошад. Аз ин миқдор 4760 нафар бекор мебошанд ва боқимонда ҳама соҳиби ҷои кори доимӣ њастанд. Суоли як хабарнигор оид ба ошкоршавии маблағҳои ғайримақсаднок ва сметаи хароҷотии бахши ҷавонони минтақа буд. Зайниддин Давлатов, посух дод, ки дар ҳақиқат имсол Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ санљиш гузаронд ва 63 ҳазор сомонӣ маблағҳои ғайримақсаднокро ошкор намуд ва маблағро баргардонидем. Сметаи хароҷотии идора бошад 1 млн 100 ҳазор сомониро дарбар мегирад, ки барои сафарбарии варзишгарон ва чорабиниҳо пешбинӣ шудааст.

  Дар нишасти матбуотии гузаштаи љамъбасти солона Давлатов қайд намуда буд, ки дар бисёр мавридҳо Раёсати Молия маблағҳои моро дертар мегузаронад, аз ҳамин лиҳоз аз соҳибкорон ва муаллимони варзишие, ки ба саррофӣ (фурӯши асъор) машғуланд, маблағҳои пулӣ қарз мегирем ва ҳар вақте, ки маблағҳоямон гузашт, пулҳои эшонро пас мегардонем. Дар ин нишаст бошад суоли хабарнигори дигар чунин буд, ки оё Кумитаи варзиш ва кор бо ҷавонон аз ягон соҳибкор қарздор аст ё не? Посух чунин буд: Албатта, солҳои пеш чунин мушкилиҳо буд, аммо имсол хушбахтона пуламон расид ва дар 6 моҳи соли ҷорӣ маблағҳои харҷнамудаамон 635 ҳазор сомониро ташкил дод.

Шоҳин